- Иқтисод

Пандемия ба сатҳи зиндагии мардуми мо ҳам зарбаи иқтисодӣ ва равонӣ задааст

Бархе аз мардикорон дар ҷануби Тоҷикистон мегӯянд, ки пандемия ба хонаводаҳои онҳо таъсир гузоштааст. Бо далели набуди ҷойи кор ва пул бори гарони аробаи зиндагиро бо мушкилиҳои дучанд кашониданд. Аз суи дигар моҷаро дар хонаводаҳояшон ба миён омад. Феълан иддае аз онҳо мегӯянд, қиёс ба давраи пандемия даромади хонаводаашон беҳ шудааст, вале чун сатҳи зиндагӣ дар ҷумҳурӣ боло рафтааст, ҷойи кори муносиб мехоҳанд.

Нуралӣ Саидмуродов, мардикоре аз ноҳияи Шаҳритус мегӯяд, ки 5 фарзандашро бо пули мадикорӣ бузург кардааст. Охирон маротиба соли 2003 ба муҳоҷирати меҳнатӣ ба Русия рафта буд. Мегӯяд, то давраи пандемия даромади хуб дошт, вале бо паҳн шудани бемории ҳамагири коронавирус таъғироте дар хонаводааш ворид шуд.

“Қабл аз карантин шудан иқтисодиёти хонаводаам хуб буд. Зеро кор зиёд буд, вақте коронавирус шуд қисми зиёди сохтмонҳо аз кор боз монданд. Ду писарам дар Русия буд, онҳо низ карантин шуданд ва пули кам фиристонданд. Инҷо кори кишоварзиамонро кардем, полезиҳоро фурухта зиндагиамонро пеш бурдем,”- гуфт Нуралӣ Саидмуродов.

Нурулло Сатторов, сокини 55- солаи ноҳияи Кӯшониёни вилояти Хатлон мегӯяд, дар корхонаи Хоҷагии манзилию комуналӣ дар шаҳри Ваҳдат кор мекард. Бо эълон шудани карантин як муддат онҳоро аз кор ҷавоб доданд. Дар ноҳия ҷойи кор пайдо накард ва маҷбур шуд, ки мисли дигар мардикорон барои пайдо кардани бурдаи нон барои худ ва ду фарзандаш ба мардикорӣ барояд.

Ҳар рӯз ба бозори мардикорони шаҳри Бохтар меояд, аз субҳ то шом мунтазир мемонад, ки нафаре уро ба хонааш барои анҷоми коре барад. “Зиндагиро пеш бурдан мушкил аст, дар вақти пандемия рӯзе мешуд, ки 30-40 сомонӣ даромад доштем, аммо рӯзи дигар низ тамоман кор намешуд. Ба хона дасти холӣ мерафтам, занам моҷаро мекард. Бар замми ин маҳсулоти хӯрока низ қимат шудааст”, ироа кард Нурулло Сатторов.

Чанде аз мардикороне, ки солҳо ба муҳоҷирати корӣ ба хориҷи кишвар нарафтанд ва маҳз ризқашонро аз ҳаминҷо пайдо мекунанд, мегӯянд, ки пандемия ба онҳо зарбаи сахти иқтисодӣ ва равонӣ задааст. Барои беҳтар кардани вазъи иқтисодии хонавода орзуи ҷойи кори муносиб ва ё боз шудани роҳ ба муҳоҷирати меҳнатӣ ба Русияро доранд.

Таҳлилгарону коршиносони масоили иҷтимоӣ мегӯянд, ки пандемия на танҳо ба хонаводаи мардикорони дохилӣ, балки ба оилаҳои муҳоҷирон низ таъсири худро гузоштааст. Дар ҳамин ҳол мақомоти кишвар низ  аз таъсири пандемия ба иқтисодиёти кишвар дар нишастҳои матбуотӣ ба рӯзноманигорон хабар дода буд.

Дар вилояти Хатлон дар миёни мардикорон заноне ҳастанд, ки ба бозори мардикори шаҳри Бохтар барои дарёфти пул меоянд. Ашургул Ғаниеваи 47 сола, сокини деҳаи Қизилқалъаи ноҳияи Хуросон буда, ҳар рӯз 6 сомонӣ роҳкиро карда ба шаҳри Бохтар меояд. Ғаниева фарзанд надорад, мегӯяд, ки барои кашонидани аробаи зиндагӣ бо коронавирус мубориза мебурд. Худро карантин накард, ба мардикорбозор меомад ва мунтазир мемонд, ки нафаре ӯро барои анҷоми коре ба хонааш барад.

 “Мерафтем, алафҳои заминошонро чинда тоза мекардем. Помидору бодиринг мечиндем. 30-35 сомонӣ кор мекардем. Он вақт кори инҷо ҳам суст шуда буд. Ба ҳаминашам шукр мекунам”, мегӯяд Ашургул Ғаниева.

Мақомот дар Хатлон мегӯяд, ки соли 2020 шумори бекорон дар аҳди пандемия, хусусан дар ҳудуди вилоят низ афзоиш ёфт. Қобилҷон Файзализода, сардори Раёсати агентии меҳнат ва шуғли аҳолии вилояти Хатлон мегӯяд, ки бемории COVID-19 таъсири худро ба ҳамаи соҳаҳои хоҷагии халқ гузоштааст.

Соли 2020 дар вақти пандемия, ки муҳоҷирони меҳнатӣ дар кишвар боз монданд ва онҳое, ки ба ватан баргаштанд, сатҳи бекорӣ дар вилоят боло рафт. Вале масъулини бахшҳои агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар шаҳру навоҳии вилоят баргузории ярмаркаҳои ҷойҳои кории холиро бештар карданд.

Қобилҷон Файзализода илова кард, ки соли 2020, 2 ҳазору 670 корхонаву ташкилот ҷойҳои кории холии худро барои корҷӯён пешниҳод карданд. 343 ярмаркаи ҷойҳои кории холӣ гузаронида шуд, ки нисбати соли 2019, 20 адад зиёд мебошад.

Дар натиҷаи баргузории ярмаркаҳо 4 ҳазору 899 нафар ашхоси корҷӯ ба бахшҳои агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар шаҳру ноҳияҳо муроҷиат карданд, ки аз онҳо 4 ҳазору 288 нафараш баҷои кори доимӣ ва мавсимию муваққатӣ таъмин гардиданд.

Амонҷон Муҳиддинов