- Иҷтимоъ

Беадолатӣ дар Спитамен то кай давом мекунад?

Ба таваҷҷўҳи прокурори ноҳияи Спитамен,

Мушовири адлия дараҷаи 1   мӯҳтарам Раҳмонзода Зафар

Фозилҷон Абдуллоев,  раиси маҳаллаи Чуш Ба Каримов Рустам на зури халқи ҷамоат расида истодаасту на гапи раиси ҷамоат таъсир мекунад. Вақте қабристони ҳозираро дидем, ки пур шуда истодааст ба раиси ноҳия барои ҷудо карда додани замин мурољиат кардем. Раис супориш дод, ки собиқ қабристонро, ки таърихи 80-сола дорад кор карда дубора ба истифода диҳед. Агар устухонҳои ҷасадҳо дар вақти шудгор ёфт шавад як чуқурӣ кофта гур кунед. Бо ҳамин мо омада дар шоҳидии имомҳои масҷид дасти дуо бардошта корро оғоз кардем.

Каримов дар даст шаҳодатномаи журналистӣ дорад ва бо вуҷуди ҳамагӣ мактаби миёнаро нимакола хондан имрӯз номи журналистро дорад.  Аз ин “касб” суйистифода карда, мардуми минтақаро тарс медиҳад. Рустам ду ҷое, ки қабристон ҳаст дар атрофаш хона сохта аз ҳисоби замини қабристон ба ҳавлияш наздики 80-сотиқ заминро  ҳамроҳ кардааст.  Каримов мехоҳад сокинон пули ночизи барои обод кардани собиқ қабристон ҷамъкардаашонро барои харидории трактори партовкашон истифода баранд.

Каримов мегуяд, ки ҳозира қабристон барои 15-соли дигар басанда аст. Аммо худи ӯ медонад ки ин қабристон ҳамагӣ  роҳраваш холӣ асту боқимонда ҷояш пур шудааст.

Солиев Юсуфҷон, ёрдамчии имомхатиби масҷии Истиқлол: Ман дар беморхонаи марказии  ноҳия бистарӣ будам, ки баҳси қабристони кӯҳна сар задааст. Меҳнати чоркаратаи сокинони деҳаро, ки беш аз 12 ҳазор сомонӣ сарфу харҷ карда қабрҳои кӯҳнаро ҳанвор карда  буданд,  Рустам Каримов барбод додааст.     

Орифҷон Ҳакимов, раиси хоҷагии деҳқонии “Адолат”: Рустам Каримов рӯзи замини ҳанворкардаи моро вайронкунӣ касеро писанд накард. Ҳатто кормандони Кумитаи идораи замини ноҳияро ҳақорату дашном карда таҳдид кард, ки агар ба кори ман монеъ шавед дар кутоҳтарин фурсат ҳамаи шуморо аз вазифаатон сабукдуш мекунам. Модом, ки ба кормандони як ниҳоди калидии ноҳия ҷуръати ин гуна таҳдидро кард ӯро дар сохторҳои қудратӣ касе дастгирӣ мекунад-дия. Ё то ҷое, ки мо медонем писари ҳамон генерал Иброҳим Қаноатов (кайҳо фавтида) дар мақомоти прокуратура кор мекунад ва Рустам Каримов, дар ҳама ҷо худро писархонди ин генарал муаррифӣ мекунад. Ё бесабаб 2,3 гектар заминро ба фонди хоҷагӣ дохил мешуд ба номи ин генерали фавтида боғот намекард.

 Турабоев Ҳазратқул: Аз ҳисоби заминҳои хоҷагӣ 5 сотиқ замин барои насос ҷудо шуда буд. Аммо Рустам Каримов  ҳамонро ҳам аз они худ кард. Кай ва бо кадом роҳ инқадар заминҳоро сертификат мекунад шубҳаро нисбати кори кормандони идораи замин ва дигар ниҳод ба бор меорад.  Ин мард намедонем шикорчӣ аст, моҳипарвар, боғпарвар ё журналист. Милтиқ дорад ва ман шикорчӣ гуфта аз пешаш баромадагӣ сагу гурбаи мардумро мепарронад. Ҳатто мардуми минтақа чунон озурда шудаанд, ки агар кудакашон хоб наравад “хоб рав ки Рустам омад” гуфта метарсонанд. Чаро сохторҳои дахлдор ин рафтори ӯро намебинанд?”

Тураев Абдуқуддус: Собиқ корманди мақомоти милитсия- Рустам барои кули об  (қудуқ) гӯё 17 ҳазор сомонӣ сарф карда бошад ҳамасола аз деҳқонони даҳҳо хоҷагӣ вобаста ба ҳаҷми заминашон пул ҷамъ мекунад. Ба ақли солим рост намеояд, ки барои қудуқи ягон кор нокарда 17 ҳазор сомонӣ сарф шуда бошад.

Аллакай якум моҳи баҳор рафта истода бошад њам аз нисф зиёди аҳолӣ пул ҷамъ карда шуд. Лекин ман аз ду сар ҳайронам. Аввалан деҳқононе, ки пул пардохт мекунанд чаро намепурсанд, ки  Рустам дар кадом асос маблағ ҷамъ мекунад. Дуюм, кормандони идораи об, кумитаи идораи андоз  ва дигар сохтор   чаро сари ин масъала  корбарӣ намекунанд.

Сайиалиев Аъзам, раиси хоҷагии Уяс: Хулоса ин қабристони баҳсӣ, ки раиси ноҳия пас аз нашри мақола дар ВАО огоҳ шуда ба макони баҳс омада, гӯё нуқта гузоштан қонеъкунанда нест. Зеро мақсади мо ва талоши мо он буд, ки раиси ноҳия дар якҷоягӣ бо дигар сохторҳои дахлдор он қисмати замине, ки Рустам Каримов аз ҳисоби заминҳои қабристон ба ҳавлияш дароварда буд, гирифта ба ҳисоби қабристон гузаронад. Илова бар ин дар зери қаноти генерал Қаноатов, ки кайҳо фавтидааст, Рустам дар пушти ҳавлияш 2,3 гектар боғ ташкил кардааст. 

Суоли матраҳ ин аст: Оё ин генерал дар зери хоки сиёҳ бохабар аст, ки дар ҷамоати деҳоти Истиқлол беш аз 2 гектар боғ дорад? Оё масъулин  мушоҳида кардаанд, ки дар ин ҷамоат даҳҳо садҳо оилаҳо безамин ва барои гирифтани ҳамагӣ 2 сотиқ замини наздиҳавлигӣ солҳо дар навбат истодаанд?  Танҳо дар маҳаллаи Чуш 600 хоҷагӣ зиндагӣ мекунанд, ки дар ҳар хоҷагӣ 5 то 10 нафарӣ зиндагӣ мекунанд.

Раиси ҷамоати деҳоти Истиқлол Ғайратҷон Неъматҷонов: Ин Каримов ҳамеша аризабозӣ мекунад, ки ҳамааш ба манфиати шахсии худаш аст. Мақсади мо барои халқ коре кардан. Ҳамчун раиси ҷамоат  бовар дорам халқ кори дуруст карда истодааст, аммо Каримов монеъ шудааст. То кай ин Каримов танҳо аз ҳибоси қабристон ба ҳавлияш 20 сотиқ қуш карда мегирад? Боз магазинро гирифта ҷойро банд карда истодааст. Хулоса дар ҷамоат   ва ноҳия зури касе ба Каримов намерасад.

Замин мушкили №-1 мо, аммо…

Умедворем масъулини мақомоти дахлдори ноҳияи Спитамен  парда аз рӯи ҳақиқат мекушоянд. Зеро имрӯз мушкилоти №-1-и кишвари мо норасоии қитъаи замини наздиҳавлигӣ ҳаст. Аммо дар ҳоле, ки аз норасоии қитъаи замин зери як бом 4-5 келин гоҳ бо муросо гоҳ бемуросо зиндагӣ кунанду ҷои дигар як нафари “зӯр” аз номи собиқ генералҳову ҳозира милисаҳо истифода карда нисфи заминҳои як ҷамоатро аз худ мекунад ба ягон мизон рост меояд магар?  Масъулини кумитаи идораи замини ноҳияи Спитамен ба куҷо нигоҳ мекунанд? Ё онҳо ҳам аз сояи генерал Қаноатов  метарсанд?!

Каримов мехоҳад сокинон пули ночизи барои обод кардани собиқ қабристон ҷамъкардаашонро барои харидории трактори партовкашон истифода баранд.  Каримов исрор дошт, ки ҳозира қабристон барои 15-соли дигар басанда аст. Аммо вақте якҷо бо Каримов, амаки Фозилҷон ва дигарҳо ба ҳозира қабристон рафтем дидем (дар навору аксҳо ҳаст), ки ҳамагӣ роҳрави қабристон холӣ асту шояд барои як сол ҳам нарасад. Аз ин сабаб  сокинон таҷдиду азнавсозии қабристонро нисбат ба харидории трактор зарур мешуморанд.

Модоме, ки Рустам Каримов инқадар хостори харидории трактори партовкашон аст аз ҳисоби даромади заминҳои ғасбкардааш харад! Шумо чи назар доред…?

Бо эҳтиром як гурӯҳ сокинони ҷамоати деҳоти Истиқлол, маҳаллаи Чуш:

Солиев Юсуфҷон, ёрдамчии имомхатиби масҷиди Истиқлол

Орифҷон Ҳакимов, раиси хоҷагии деҳқонии “Адолат”

 Баҳодир Абдураҳмон

Турабоев Ҳазратқул

Тураев Абдуқудуссобиқ корманди мақомоти милитсия

Сайиалиев Аъзам, раиси хоҷагии Уяс

Фозилҷон Абдуллоев  раиси маҳаллаи Ҷуш ва беш аз 40 нафари дигар сокинони маҳаллаи Чуш