- Тандурустӣ

Вакилони думаи Русия пешниҳод карданд кўдакони бемор аз ҳисоби сарватмандони Русия табобат гиранд

Узви Кумитаи Думаи Давлатии Русия оид ба тандурустӣ Алексей Куринний аз вакилони мардумӣ даъват кард, ки кўдакони бемори Русия аз ҳисоби афроди сарватманд табобат гиранд. Дар ин бора ў ба шабакаи радиоии «Говорит Москва» иттилоъ дод..

«Имкон дорад аз ҳисоби афроди сарватманд ва хеле сарватманд, то 2 триллион рубл ҷамъоварӣ кард.” Гуфтааст вакили мардумӣ. Бо ин маблағ, мегўяд ў, метавон кўдакони беморро ба пуррагӣ муолиҷа кард ва ҳам беморхонаҳои кўдаконаро бо таҷҳизоти ҳозиразамон муҷаҳҳаз гардонид.   

Аз “Пайк”

Чӣ мешавад, ки ин пешниҳоди депутати русро дар Тоҷикистон раҳандозӣ намоем? Охир сарватмандони мо ҳам намедонанд пули зиёдатиашонро ба куҷо сарф кунанд. Барои як миллионери тоҷик сарфи 30-40 ё ҳатто 100 ҳазор сомонӣ дар роҳи хайр ва ҳам обиру чӣ мушкил дорад? Хоса ҳам лаъл ба даст меояду ҳам ёр намеранҷад.