- Иҷтимоъ

Кореяи Шимолӣ ҷониби Ҷопон мушаки баллистикӣ партоб кард

Дар ин бора 1 соат пеш хабаргузории Reuters хабар дод.

Бино бар иттилои ҳарбиёни Ҷопон мушак зарар ба Ҷопон надорад. Хабари партоби мушак набояд бар зарари иқтисодии Ҷопон, махсусан қатъи фаолияти киштиҳои моҳидорӣ бошад.

15 январ профессори Донишгоҳи мушкилоти Шарқи Дур Кённам Ким Дон Ёп қайд кард, ки мушаки баллистикии «Пуккиксон-5с», ки қаблан яроқи муқтадиртарини ҷаҳон муаррифӣ шуда буд , аз афти кор қолаби (макет) мушак аст на худи он. Ҳукуматдорони Куриё  фақат ба хотири нигоҳ доштани сирри ҳарбӣ мушаки аслиро дар роҳпаймоии идона нишон намедоданд. Ў гуфт ҳатто насли пешини ин мушак-«Пуккиксон-4», боре ҳам парвоз накардааст. Боз нусхаи як насл пеши ин мушак бо номи «Пуккиксон-3», ҳамагӣ 1 бор аз киштии руиобӣ парвоз кардааст. Ин дар ҳоле, ки ин намуди мушак барои сар додан аз киштиҳои  зериобӣ ихтироъ шудааст.

Дар моҳи августи соли 2020 баромади ҳарбӣ пешкаш шуд, ки дар он гуфта мешавад, ҳоло дар Куриёи Шимолӣ то 60 бомби атомӣ ва 5000 тонна маводи кимиёвӣ мавҷуд аст. Бино бар иттилои коршиносон дар Пхенян ҳамасола то 6 бомби атомӣ сохта мешавад. Дар ин бора «Рамблер» хабар додааст.

                             “Пайк”