- Фарҳанг

ҶАШНИ НАВРӮЗ БО ДАВЛАТМАНД ХОЛОВ

Дар ноҳияи баландкӯҳи Шамсиддин Шоҳин ба таври хосса аз Наврӯзи хуҷастапай ҷашн гирифтанд. Вижагии Нарӯзи кӯҳистон дар ҳамин аст, ки онҷо ҳама чиз табиӣ аст: Ҳам чакан, ҳам сумалак, ҳам ҳафтсину ҳафтшин, ҳам чакка, ҳам табақу қошуқ, ҳам далда ва ҳам қурутоб. Ба чеҳраҳои мардум менигарӣ, ки ҳама самимиянду зебо ва бе ягон ороишоти иловагӣ. Садҳо гулдухтарони ноҳия дар тан либосҳои асосан чакан ба саҳнаи Қасри зебою навсохти Фарҳанг баромада ҳунарнамоӣ карда хотири ҳамаро шод намуданд. Бинои Қасри Фарҳанг соли гузашта бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат Президенти кишвар, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сифати баланд ба истифода дода шуда буд.

Қабл аз оғози намоиши идона раиси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия Почохон Зарифзода ба модарони 20 нафар кӯдакони навзод шаҳодатномаи қайди таваллуд супурд.

Бояд гуфт, маблағи хароҷотро барои гирифтани шаҳодатномаҳо соҳибкори ватанӣ Шамсов Сулаймон пардохт карда буд. Дар маҷмӯъ бошад ҳамон рӯз бо дастгирии ин соҳибкор 40 нафар кӯдакони навзод соҳиби шаҳодатномаи таваллуд шуданд. Сохтмони майдончаи варзиш ҳам аз домони фарохи сахои ин соҳибкор дарак медод.

Вижагии дигари ин ҷашн ҳунарнамоии хунёгари бузурги машриқзамон, мутахаллис бо “оғои ҳамеша” дар Эрон, ҳунарманди мардумии ҷумҳурӣ, фарзанди ҳамин ноҳия Давлатманди Хол буд. Чун садои ин нобиғаи риштаи ҳунар баланд шуд ҳама толор пур аз садои осмонӣ шуду мусиқии дилнавоз. Ҳам саҳна ва ҳам дар толор нишастагон ҳама ба рақс даромаданд. Устод Давлатманд бо даъвати раиси ноҳияи Ш. Шоҳин мӯҳтарам Зарифзода Почохон ба ҷашн омада буд. Давлатманд Холов баъди хатми қисмати фарҳангии чорабинӣ ба “Пайк” иброз дошт, ки чунин ҷашни бошукуҳро имсол дар ҳеҷ куҷо надида буд. Ин миқдор гулдухтарони чаканпӯшро, илова кард ӯ, фақат дар ноҳияи Ш. Шоҳин дидан мумкин аст. Ҳунармандони ин ноҳия аз уҳдаи гулдузиҳои қадима ба хубӣ мебароянд.

Дар охир масъулин ба ҳунармандон гулбуни зебоеро аз номи раиси вилояти Хатлон мӯҳтарам Қурбон Ҳакимзода тақдими ҳунармандон карданд.