- Тандурустӣ

Бӯстон: Силшинос ва таҷҳизот намерасад

Ҳамасола дар ҷаҳон 24-уми март “Рӯзи байналмилалии мубориза бар зидди бемории сил” таҷлил карда мешавад. Дар ин замина сӯҳбате доштем бо  Директори Маркази мубориза бар зидди бемориҳои сили шаҳри Бӯстон, Салоҳиддини Сабоҳиддин, ки фишурдаи онро пешкаши шумо менамоем.

dav

-Дар қайд чанд нафар беморони сил ҳастанд ва чанд  нафарашон ба табобат фаро гирифта шудаанд?

-Ҳамагӣ дар қайди диспансерии шаҳри Бӯстон 60 нафар бемор меистанд, ки  аз инҳо 12 нафарашон табобати зиддисилӣ гирифта истодаанд. Аз  беморони табобатгирифтаистода 4 нафарашон ба дорувориҳои  қатори 2 ва боқимонда  ба дорувориҳои  қатори 1 табобати худро идома дода истодаанд .

-Дар замони паҳншавии  бемории Коронавирус дарёфт ва бақайдгирии  беморӣ нисбат ба соли 2019  зиёд буд ё кам?

-Дар шаҳри Бӯстон нисбати солҳои пеш бақайдгирии беморӣ камтар шудааст ва дар се моҳи 2021 50 % нисбати соли 2020 камтар шудааст. На танҳо дар шаҳри Бӯстон балки дар аксар шаҳру навоҳии вилоят бақайдгирӣ камтар шудааст нисбати соли 2019.

Зеро панҳшавии бемории Ковид -19 сабаб шуд,ки мардум камтар ба кӯча ва дигар ҷойҳои ҷамъиятӣ бароянд.  Зеро яке аз сабабҳои зиёд зиёд шудани бемории сил ин сироятӣ будани худи беморӣ ва дар ҷойҳои серодам гаштугузор кардани беморони сили микробхориҷкунанда мебошад. Бо сабаб ва баҳонаи Коронавирус мардум бо ниқоб ба кӯча мебароянд, ки ин ҳам хавфи сироят аз бемории сил кам мекунад.

 Инчунин риояи гигиенаи шахсӣ ва аз тарафи дигар табобати онҳо бо дорувориҳои антибиотикҳои таъсирашон васеъ, ки якчанд вақт нишонаҳои бемории силро рафъ мекунад. Дар баробар ин  аҳолӣ ҳамаи нишонаҳоро ба бемории Ковид-19 рабт медиҳанд мутаасифона баъзе духтурон ҳам  ташхиси дуруст намонда табобатро ба антибиотикҳо сар карданд ва ин сабаби пастшави сатҳи  бемории сил шуд.

Оё ҳолатҳои фавт аз сабаби бемории сил дар соли 2020 ба қайд гирифта шудааст?

-Дар шаҳри Бӯстон фавт дар соли 2020 ҳамагӣ 2 нафар буданд, ки инҳо аз бемории сил шифоёфта буданд, аммо  дар қайди назорати диспансерӣ меистоданд ва бо сабабҳои дигар фавтиданд.

 -Аз 60 нафар бемори дар қайдбуда  дар соли 2020 чанд нафарашон шифо ёфтанд?

-Сатҳи шифоёфтагон аз бемории сил дар соли 2020 аз 18 нафар ба қайд гирифта 16 нафар шифоёфта 2 нафари дигар табобат дар зери назорат гирифта истодаанд.

-Масъалаи норасоии мутахассис  ва таҷҳизот дар аксар марказҳои саломатӣ ва беморхонаҳо ба назар мерасад. Оё мушкилоти норасоии кадр дар марказ вуҷуд дорад?

-Албатта вуҷуд дорад. Дар шаҳри Бӯстон як нафар ман духтури силшинос кор мекунам ва ҳамагӣ  1 воҳиди холии корӣ   дорем. Дар моҳи феврали 2021  як  нафар мутахассис ҷавон ба таҳлилгоҳ барои кор ҷалб  Дар марказ дастгоҳи рентгени рақамӣ умуман гирем дар шаҳри Бӯстон нест.  Инчунин дастгоҳи GeneXpert нест.

Ҳар хафта мошин аз вилоят барои балғамҳои ҷамьшуда омада барои таҳлили GeneXpert мебарад.  Мушкили асосии мо ин норасогии кадр дар ин соха ва албата агар духтурони ҷавони  силшинос, ки аз дигар минтақаҳо ба шаҳри Бӯстон меоянд дастгирӣ мекарданд хуб мешуд. Зеро аксарият аз сабаби дастгирии заруриро надидан  то охир кори худро дар марказҳои сил давом намедиҳанд. Умуман дастгирии ҳаматарафаи ҷавонон аз тарафи кам андар  кам  мақомотҳои шаҳру  нохияҳо дида мешавад.

Як ҷиҳати хурсандибахш ин дастгирии бевоситаи Пешвои муаззами миллат, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст, ки музди меҳнати силшиносон  100% шуд.

-Дар пешгирии беморӣ саҳми кормандони кадом сохторҳо назаррас аст?

Дар шаҳри Бӯстон  кумитаҳои маҳалли тандурустӣ фаъолият мекунанд, ки дар онҳо омӯзгорон, ҷавонон, кормандони  кумитаҳои дин, занҳо ва оила, валантиёрон, инчунин духтурону силшиносон кор мекунанд. Зеро пешгирии бемории сил, дарёфти беморон  кори якҷояи масъулину сокинонро талаб мекунад. 

Баҳрии пешгирӣ аз беморӣ чи  корҳо роҳандозӣ шудаанд?

-Дар шаҳри Бӯстон корҳои фаҳмондадиҳӣ аз тарафи сарвари Маркази ҳимояи аҳолӣ аз бемории сил,  сарвари тарзи ҳаёти солим ва духтурони оилавии КАТС- и шаҳр ҳамарӯза ба роҳ монда шудааст. Инчунин ҳамасола бахшида ба “Рӯзи мубориза бар зидди бемории сил”, яъне 24 март дар назди донишгоҳи кӯҳӣ- метолургӣ, бозори Помир ва дар даромадгохи КАТС дӯкони саломатӣ ташкил карда шуда, ба аҳолӣ нисбати бемории сил табобат ва нишонаҳои бемории сил ба аҳолӣ фаҳмонида мешавад. Инчунин хамаруза дар даромадгохи КАТС китобу буклетҳои бемории сил ба аҳолӣ тақсим карда шуда истодааст.

-Ҳамчун мутахассис ба фикри шумо бемории сил ба киҳо бештар таҳдид мекунад?

-Хавфи баланди сироят ва гирифторшавӣ ба сил бештар ба атрофиёну наздикони бемори сили шуш мансуб аст. Беморони сирояткунанда онҳое мебошанд, ки ба атрофиёни худ фикр накарда ҳангоми сулфа пеши даҳонашонро намепӯшанд, балғамашонро ба ҳар тараф тӯф мекунанд, гигиенаи шахсии худро риоя намекунанд. Аз ин рӯ аз Шумо тавсия дода мешавад, ки ҳангоми пайдоиши нишонаҳои бемории сил зуд ба духтури минтақавӣ  муроҷиат намуда, ҳангоми пайдоиши бемории сил  саривақт табобат гиред ва атрофиёнро низ аз муоина гузаронед. Ин кори Шумо хидмати хубест барои атрофиён ва наздикони шумо зеро табобати саривақтӣ гарави шифои комили бемор ва пешгирии сироят ёфтани атрофиён аст.

-Ба ғайр аз доруворӣ боз чиҳо метавонад омили шифоёбӣ бошад?

-Риои гигиенаи шахсӣ, сатҳи баланди маърифтанокӣ ва маълумотнокӣ, аз фикрҳои ғалат дур будан, саривақт аз ташхис гузаштану ба табобат ҷалб шудан, пурра табобат гирифтан омилҳои асосие ҳастанд, ки бемории силро дар байни аҳолӣ ба таври назаррас кам мекунад. Инчунин аз байн рафтани омили номатлуби бетарфӣ ва доғгузорӣ ҳам омили шифоёбист.

 Дар ҳолати бетарафӣ зоҳир кардан ба ҳамдигар, беаҳамият шудан нисбат ба саломатии худ ва оилаи худ,  доғгузорӣ нисбат ба беморони сил бошад дарёфти бемориро мушкил, шумораи беморон зиёд мекунад. Мо аз рӯи нақша ҳар ҳафта аз ҷамоати маҳалла сар карда то мактабу боғча  бо аҳолӣ вохӯриҳо гузаронида, оиди бемории сил, пешгирии он, дастгирии беморон, дарёфти бемории сил, маърифатнок ва маълумотноккунонии аҳолӣ, саҳми ташкилотҳои тандурустӣ аз ҷумла ЮСАИД барои решакан кардани бемориро мефаҳмонем.

Дар рафти вохӯриҳо ҳатман оид ба  нигоҳ доштани сирру асрори вобаста ба беморони сил, ройгон будани табобат ва безарар будани доруҳои зиддисили ба организми инсон, ирсӣ набудани бемориро мефаҳмонем. Зиёд мешаванд ҳолатҳое,  ки баъди вохӯрӣ худи ҳамон рӯз ё як рӯз пас аз байни шаҳрвандоне, ки дар вохӯрӣ иштирок доштанд барои ташхис меоянд.

 Фарзона Муродӣ