- Тандурустӣ

Аз бемории сил эҳтиёт шавед

Шарипова: Худтабобаткунӣ бароям  осеби ҷону зарари мол шуд

Шарипова Шарофат (бо хоҳиши қаҳрамон номаш иваз карда шуд)  зани  62-сола, сокини шаҳри Хуҷанд буда,  54 рӯз аст, ки  дар  “Маркази ҳимояи аҳолӣ аз бемориҳои сил”-и  вилояти Суғд  табобат гирифта истодааст. Ин зан собиқаи беш аз 40-солаи тиббӣ дорад, аммо ба қавли худаш хатое, ки ӯ кард  агар нисбати худ не ягон бемор мекард, яқинан дар пеши қонун ҷавоб мегуфт. Зеро на танҳо дар бемории сил, балки тамоми намуди беморӣ тақозо мекунад, ки бе иҷозаи духтур бемор ягон намуд худтабобаткунӣ накунад.

dav

Аммо Шарипова моҳи май дар баданаш дигаргунӣ эҳсос кард ва ба қавли худаш “аз тарси Коронавирус”  худро аз кор канор гирифт ва пурра ба худтабобаткунӣ рӯй овард. Ӯ Арбидол ва дигар намуди ҳабҳои гаронарзишро, ки бар зидди бемории Ковид-19 истифода мешуданд харидорӣ ва истеъмол кардан гирифт.  Аммо бетаъсир ва бефоида.

Давоми 2 моҳ ба арзиши 7600 сомонӣ доруворӣ харидам, аммо

Шарипова таърихи беморияшро  чунин нақл кард:

-Беҳуда намегуфтаанд:-Одамӣ шири хомхӯрда аст. Ман агарчӣ дорои маълумоти олии тиббӣ ҳастам ва беш аз 40-сола собиқаи корӣ дар ин ришта дорам, худам бо ду дасти адаб худро ба дасти беморӣ супоридам.  Моҳи май аз зарби гармии ҳаво оби хунук ва ҳатто яхмос мехурдам, ки ташнагиям шиканад. Тахмин 10-уми июн шабона ҳарорати баданам баланд шуд ва сулфа кардам. Писари калониям, ки бо мо зиндагӣ мекунад пофишорӣ кард, ки ба мошини Ёрии таъҷилӣ занг занем. Ман нагузоштам. Парацетамол хурда тасфи баданамро камтар кардам. Ҳарос доштам,  ки ба духтур муроҷиат кунам маро карантин мекунанд.

Паёпай худро дар хонаи алоҳида карантин кардам ва давоми 2 моҳ ба арзиши 7600 сомонӣ доруворӣ харида хурдам. Аммо рӯз то рӯз бемадору беҳол мешудаму сулфаам сахт мешуд.

Дар аввал гумон кардам, ки бар асари як моҳи рӯзадорӣ  имунитети баданам кам шуда бемор шудаам. Зеро дар моҳи Рамазон ташна мемондаму  вақти ифтор оби аз ҳад сардро зиёд менӯшидам. Гоҳо дар нисфирӯзӣ, ки гармии  ҳаво дучанд мешавад  рӯймол ва либосҳоямро ба оби хунук тар мекардам.  Пас аз моҳи мубораки Рамазон дар худам каммадорӣ ва баста шудани иштиҳоро эҳсос кардам. Танҳо дар давоми  ду моҳ қариб 5 кг вазн гум кардам.

Наздиконам тавсия доданд, ки ба духтур муроҷиат кунам. Баъди муоинаи тиббӣ муайян гашт, ки  гирифтори бемории сил шудаам. Азбаски духтур ҳастам ва медонам, ки ин беморӣ табобатшаванда аст зиёд руҳафтода нашуда ба  Муассисаи давлатии “Маркази ҳимояи аҳолӣ аз бемории сил дар вилояти Суғд”  омадам.  Шукр то имрӯз сулфаи бошиддат пурра бартараф шуда, комилан сиҳат набошам ҳам ҳолам хуб аст.

Мақсудӣ: Сатҳи пасти маълумотнокӣ сатҳи баланди беморӣ аст

Бемории сил инфексионӣ ва иҷтимоӣ мебошад. 68%-и бемории сил сили шуш аст, ки ҷузъ нохун ва мӯй дигар ҳама аъзои инсон метавонад мубталои ин беморӣ гардад.  Ба гуфтаи Мақсудӣ  Охун, силшинос, номзади илмҳои тиб  сабабҳои дар сатҳи баланд қарор доштани гирифторшавӣ ба бемории сил ин пеш аз ҳама сатҳи пасти маълумотнокии аҳолӣ нисбат ба ин намуди беморӣ, тамғагузорӣ нисбати бемории сил, мушкилоти кадрӣ, шароити пасти зиндагии баъзе аз гурӯҳҳои одамон (шароити пасти зисту зиндагӣ, зичии аҳолӣ, норасоии ғизо, бекорӣ, маоши паст, майнӯшӣ ва проблемаҳои коммуналӣ), маҳдудияти дастрасии гурӯҳҳои аз ҷиҳати иҷтимоӣ эҳтиёҷманд ба хизматрасонии тиббӣ дар ноҳияҳои дурдаст, авҷи муҳоҷират, паҳншавии ВНМО ва проблемаҳо вобаста ба бемории сил дар маҳбасҳо мебошад.

Барои дарёфти усулҳои бемории сил мо масъулон азсанҷиши  манту (ҳолати сироятшавиро нишон медиҳад), санҷиши балғам по усули микроскопия, санҷиши балғам по усули мошинаи махсус, ки  GeneXpert (ҷен эксперт) ном дорад — усули нави замонавии фаврӣ (2 соат) , усули кишти балғам (бо 2 намуди усул: дар муҳитҳои сахт (Ливентейн — Йенсен) ва усули нави замонавӣ  дар муҳитҳои моеъ (Бактек) ва санҷиши рентгенӣ-иро истифода мебарем-афзуд  силшинос Мақсудӣ.

Маҳз ба роҳ мондаи усулҳои  номбурда шароит фароҳам овард, ки сатҳи бемории сил дар кишвар бамаротиб кам гардад. Яке аз сабабҳо гирифториву авҷи ин бемор фикри хатои аксаряти аҳолӣ дар бораи беморӣ аст, ки сил  бемории ирсӣ медонанд, бемории силро табобатнашаванда мехонанд, ё  бехабар аз он ки табобати беморони сил ройгон ба роҳ монда шудааст, мегӯянд, ки табобати сил сарфи маблағи зиёдро талаб мекунад ва ё  аз бемории сил дар назди табибони халқӣ ҳам шифо ёфтан мумкин мешуморанд. Вале ин ҳама андешаҳо хато аст ва як қувваи манфиест, ки ҳам шахс ва ҳам атрофиёнашро ба сӯи яъсу ноумедӣ аз шиофёбӣ мебарад-меафзояд ӯ.

Мафтуна: Аз тарси  ҳамсояҳо пинҳонӣ табобат гирифтем

Тибқи моддаи 42-юми Қонуни ҶТ «Дар бораи саломатии аҳолӣ» (1997) шаҳрвандони мубталои бемориҳои сил, ҷувзон (лепра), ВНМО, таносулӣ ва дигар бемориҳои хавфнок вазифадоранд, ки бо талаби муассисањои тиббӣ муоина шаванд ва худро табобат кунанд. Агар шаҳрвандон аз муоина ва табобат саркашӣ намоянд, онҳо ба беморхона маҷбуран оварда бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории ҶТ ташхис ва табобат карда мешаванд. Аммо имрӯз ҷой доштани фикру гумони ғалат дар дилу сари бемор ва ҳам атрофиёнаш водор мекунад, ки ин талаботи қонунро нодида гиранд, яъне бемории худро пинҳон доранд, то дигарон ба онҳо рӯй турш накунанд.

Маҳз аз ҳамин сабаб аксарият он нафароне, ки баъди касалиро кӯҳна кардан ба духтур муроҷиат мекунанд ва ё баъди аз пои равон монда бистарӣ шудан ба бемории худ қоил мешаванд побанди гумонҳои ботиланд.

Ин гуна нафарон, яъне онҳое, ки медонанд ба беморие мубталоянд, аммо бо ҳар сабабу баҳона аз табобат дурӣ меҷӯянд баъди хеле дер шудан, атрофиёнро сироят кунонидан ва реша давонидани беморӣ ба духтур муроҷиат мекунанд, ки ин боиси ба шакли мутобиқшудаи сил мубаддал гаштани беморӣ ва тӯлонӣ гаштани табобати он мегардад.

Зимни баргузории тренинг (оид ба бемории сил) аз  сӯҳбат бо беморони сиҳатёфта маълум гардид, ки имрӯз фикри хатои худи бемор ва атрофиёнаш боиси зиёдшавии намудҳои гуногуни бемориҳои сироятӣ, аз ҷумла сил мегардад. Пас саволи мутлақ ин аст: Кадом фикри хато?

Мафтуна Икромова (ном ба хоҳиши қаҳрамон дигар карда шуд) мегӯяд:

-Худам муҳассили коллеҷи тиббӣ будам ва оид ба пайдоишиу нишонаҳои беморӣ маълумот доштам. Аммо бехабар аз он ки бемории сил кайҳост, ки дар тани ман меҳмон гардида будааст. Рӯзҳои таҷрибаомӯзӣ буд, ки ҳолатам каме бад шуд. Як-ду рӯз ба таҷрибаомӯзӣ  ҳам нарафтам. Рӯзҳои  дуюму сеюми хонанишинӣ  кор то ба ҷое расид, ки дигар қуввати  аз ҷой хестан накардам. То он даме, ки хунқаъйкуниро дар худ надидам, ҳеҷ гумон надоштам, ки гирифтори бемории сил ҳастам.

Фақат баъди ҳамин ба духтур муроҷиат кардем. Муайян шуд, ки гирифтори бемории сил гаштаам. Бо тавсияи духтурон дар маркази силшиносии беморхонаи ҷамоати Деҳмой бистарӣ шудам. Чор моҳ маро табобат карданд. Аз сабаби он ки дар давоми беморӣ алакай модар, хоҳар ва ҳам бародарамро сироят кунонида будаам, ҳамаи мо як-як аз паи табобат шуданд.  Дар ҳамин ҳол хуб эҳсос кардам, ки муносибати атрофиён ва хешовандон бо ман нисбат ба  пештара тағйир ёфтааст. Онҳо кӯшиши аз ман канорҷӯиро мекарданд. Маро гирифтори  ба беморӣ не, балки дигаргун шудани муносибати хешовандон бемор ва дилгир мекард. Барои ҳамин вақти хоҳарамро бистарӣ кардан ба хушону ҳамсояҳо дурӯғ гуфтем, ки ба Душанбе хонаи холаам рафтааст. Додарамро бошад ба лагер фиристодем гуфтем ба наздиконамон, аз тарси он ки рафтуояшонро бо мо канда накунанд.

           Як нафар бемори сил  чанд нафарро сироят мекунонад?

 Сил, ки бемории сироятӣ аст, он бо воситаи роҳҳои нафас: Ҳангоми сулфа, атса, туф кардани балғам ва ҳангоми сӯҳбатхои тӯлонӣ аз масофаи наздик дар фазои маҳкам бо бемори хориҷкунандаи сил МБТ-мегузарад.  Як бемори сили хориҷкунандаи МБС дар як сол ҳангоми ба табобат фаро нагирифтанаш метавонад 10-15  нафарро сироят кунад. Силшиносон мегӯянд, ки  аз одамони сироятёфта дар тӯли ҳаёташон метавонанд 5-10%-шон ба сил гирифтор шаванд ҳангоми паст шудани масъунияти баданашон (вазъи психологӣ, дигар бемориҳо). 

Ба гуфти силшинос Охунов дар ҳоли сар вақт ба табобат фаро гирифта нашудани бемор  он беморӣ ба шакли  мутобиқгашта  мубаддал мегардад.  Табобати ШМС  (шакли мутобиқгаштаи сил)  аз 20 то 24 моҳ буда,  табобат бетанаффус сурат мегирад, яъне на танҳо то беҳтар шудани аҳволи бемор, балки то пурра шифо ёфтани давраи табобат.  Табобати ҳамаҷониба бо  истифодаи якҷояи якчанд доруи зиддисилӣ, танҳо дар якҷоягӣ онҳо метавонанд барангезандаи силро нобуд созанд. 

Фарзона Муродӣ