- Иҷтимоъ

НОҲИЯИ Ш. ШОҲИН ПЕШ АЗ МУҲЛАТ НАҚШАИ ДАЪВАТРО ИҶРО КАРД

Ноҳияи баландкӯҳи Шамсиддини Шоҳини вилояти Хатлон дар ҷумҳурӣ аввалин шуда нақшаи даъват ба сафи артишро иҷро кард.

Дар ин бора “Пайк” аз раиси ноҳия мӯҳтарам Почохон Зарифӣ пурсида посух гирифт. Гуфта мешавад, ҳаддиақал дар 5 соли ахир боре нашудааст, ки ин ноҳия аз ӯҳдаи иҷрои нақшаи сафарбарсозӣ ба сафи артиш набарояд. Мардуми ин ноҳияи наздимарзӣ, ки беш аз ҳар гӯшаи дигар хатти зиёди марз бо Афғонистон дорад бо ҳисси фавқулоддаи ватандӯстиашон аз дигар навоҳӣ фарқ карда меистад.

Ноҳия то ба имрӯз беш аз 55 ҳазор аҳолӣ дораду масоҳати аз ҳама беши куҳсор. Борҳо мо хабарнигорон шоҳиди он будем, ки сокинони ҷасури ин ноҳия то омадани нерӯҳои сарҳадӣ бо қочоқбарони афғон дар задухурд шуда муваффақ ҳам шудаанд. Шамсиддин Шоҳин сипарест дар марзҳои шимолу ғарбии кишвар. Ҳамагӣ чанд соли пеш ин ноҳия деҳаро мемонду шароити хуби зисту фароғат барои сокинон вуҷуд надошт, ҷамоатҳояш парокандаю дастнорас буданд. Ҳамакнун бо ҳидояти Пешвои муаззами миллат ва заҳмати шабонарӯзии раиси Кумитаи Амнияти ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Саймумин Ятимов, раиси вилояти Хатлон муҳтарам Қурбон Ҳакимзода, раиси ноҳия мӯҳтарам Почохон Зарифӣ ва саъю талоши соҳибкорону сохтмончиён ва аҳолии бонангу номус, маркази ноҳия  ба як шаҳри зебо мубаддал гаштааст. Дар қаламрави ноҳия роҳҳои мошингузар сохтаанду гулгаштҳои зебо.