- Фарҳанг

ҲАМОИШИ ИДОНАИ “ПАЙК” ЯКҶО БО ҲУКУМАТИ КӮЛОБ БАРГУЗОР ГАШТ

19 март ҳамоиши идонаи ҳафтавори ҷамъиятию сиёсии “Пайк” дар ҳамбастагӣ бо ҳукумати шаҳри Кӯлоб таҳти унвони “Пайки Наврӯз мерасад ба диёр” баргузор гашт. Дар ин ҷашн вакили Маҷлиси Намояндагони ҳукумати ҷумҳурӣ Шарифҷон Ҳакимзода, ки бо сафари корӣ дар шаҳри Кӯлоб ҳузур дошт бо даъвати муассисон дар ҷашн ширкат варзида барои доираи васеи тамошогарон суханронӣ кард. Ӯ дар мавзӯйи аҳамияти ҷашни байналмилалӣ шудани Наврӯз ва заҳматҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти кишвар, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар роҳи ҷаҳонишавии Наврӯз сӯҳбат ороста дар охир ҳозиринро табрику шодбош гуфт. Муовини раиси шаҳри Кӯлоб Орзу Ҳамидиён ҳам дар баробари табрикоти ҷашнӣ дар баромади кӯтоҳи худ дар бораи вижагиҳои ин ҷашн дар мамлакат ва аҳамияти идеологии он баҳри рушди ҷомеа сухан кард.

Додарбек Сайдалиев, номзади илми сиёсатшиносӣ  бошад ба саволи дар толор нишастагон посух дода дар бораи вижагиҳои ҷашни Наврӯз дар сартосари олам маърӯзаи кӯтоҳ кард. Сипас барандаи ҳамоиш Фазилатмоҳ толорро ба шеърхонӣ даъват кард. Хоҳишмандон хеле зиёд буданд бо вуҷуди он, ки қисмат дар барнома набуд. Ҷавонони саодатманд як як ба минбар баромада дар васфи Наврӯз, модар ватан шеърхонӣ мекарданд. Толори пур аз тамошобин бо кафкубӣ ба маҳорати баланди шеърхонии ҷавонони боистеъдод баҳогузорӣ мекарданд. Хурдсолтарин шеърхон дар ин толор Иброҳимзода Фурӯғ, муҳассили литсейи №1 шаҳри Кӯлоб буд, ки бо забони покизаи русӣ шеър дар васфи Наврӯз ва Модар хонд. 

        Дар қисмати фарҳангӣ- фароғатии ин ҷашн  ҳунармандони хеле бомаҳорати Бахши Фарҳанги вилояти Хатлон дар минтақаи Кӯлоб дар назди ҳозирин баромад карда хотири ҳузорро шод карданд. Бояд гуфт ансамбли “Фалак”-и ин Бахш ҳоло бо заҳматҳои раиси тозатаъин Абдураҳим Одинаев ва директори ансамбли “Фалак” Фирдавс Тоҳиров дар якҷоягӣ бо ҳунарпешаи хизматнишондодаи ҷумҳурӣ раққосаи дар гузашта шӯҳраи ҷумҳурӣ Садбарг Қосимова хеле рушд кардааст. Аз наво ва таронаҳои ин ансамбл рақсу бозӣ на танҳо дар саҳна, балки дар толор ҳам дар ҷӯш буд. Тамоми толор мерақсид.

Аҳли эҷоди ҳафтавори ҷамъиятию-сиёсии “Пайк” ба раиси вилояти  Хатлон мӯҳтарам Ҳакимзода Қурбон барои дастгирӣ баҳри баргузории  муносиби ин ҳамоиши идона изҳори сипос менамояд.

        Вижагии дигари ин тантанаи наврӯзӣ дар ҳамин буд, ки дар оғози ҳамоиш намоишгоҳи мусаввараҳои рассоми хеле бомаҳорати минтақаи Кӯлоб Маҳмадамин Валиев ташкил гардид, ки тамошобинонро бо маҳорату истеъдод моту маҳбут гарданд.

Бояд гуфт, чунин намоишҳо тарбияи эстетикии мардумро баланд мебардоранд. Ҳозирин ба маҳорати баланди модарзодии Валиев баҳои баланд доданд. Мо дар зер назири ин мусаввараҳои зеборо, ки бо ранг рӯйи матоъ кашида шудаанд, пешкаши шумо мегардонем.

Коршиносон бар он ақидаанд, ки чорабиниҳои якҷояи ниҳодҳои мустақил дар ҳамбастагӣ бо ҳукуматҳои маҳаллӣ ва ҷумҳурӣ ҷаззобтару дилнишинтар мебароянд.

      А. Иброҳим