- Иҷтимоъ

Ямадзакура (гелос)-и сиёсӣ дар Ҷопон гул кард

Рӯзи 19 март дар кишвари Ҷопон мавсими шукуфойии дарахтони баҳорӣ мушоҳида шуд. Навъи дарахти зебои гелос, ки машҳур бо номи ҷопонии с(з)акура буда, дар боғи Пажуҳишгоҳи растанишиносии шаҳри Ясукуни гул кард. Ин аз он мужда медиҳад, ки дар ин минтақа баҳори нозанин омада истодааст. Раёсати ҳавошиносии ин кашвар низ хабар медиҳад, ки то ин замон дар ин сарзамин рӯзҳои 25-26 март гулкунии гелос дида шуд. Ин сол бошад, 2 ҳафта пештар дарахтон гул карданд.

Дар Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ нишонаи гули гелосро ҳамчун воситаи таблиғоти Ҷопони милитаристӣ барои мустаҳкам кардани руҳияи ҷангии аскарон моҳирона истифода карда буданд. Ҳатто дар “Суруди сарбозони ҷавонон”-и он замон суханони “мо мисли гули гелос зебои камумр ҳастем” -ро мегуфтанд.  Аз соли 1932 то поёни ҷанг шоири шинохтаи ҷопон Акико Ёсано аскаронро бар зидди Чин даъват карда, дар шеърҳош қурбоншудагонро ба гули гелос барорбар кардааст. Қушунҳои баҳрии Ҷопон дар халиҷи Лейта шикаст хурда, охирин садо дар мавҷи родиё аз қумандонҳои киштиҳо “Гелос, гелос” будааст. Халабон (летчик)-ҳои аз ҷон гузаштаи ҷопонӣ (комекадзе) пеш аз набарди ҳавойӣ дар танаи самолёт расми гелосро кашида, ҳамроҳи худ чанд навдаи шохи дарахтро низ мегирфтанд. Бо ин нишон доданӣ буданд, ки мисли гелос сурхрӯйи пур аз хуни дар ҷӯш ҳастанд ва омодаанд, ки барои нигоҳ доштани шарафи шоҳаншоҳ (император), ки ӯро мардуми Ҷопон то ҳол Худои зинда дар рӯйи замин мешуморанд, супоранд. Номи дастаи аввали халабонҳои аз ҷон гузашта ҳам “Ямадзакура”, ё тоҷикии гелоси ваҳшӣ будааст. Ҳатто мансабдорон баъди шикасти артиши Ҷопон мардумро фиреб дода, мегуфтаанд, ки сарбозони қурбоншуда, ба гули гелос табдил шудаанд. То ҳоли ҳозир барги гули панҷгӯшаи гелос нишон дар парчами артиши Ҷопон ва пули миллии онҳо ҳаст. Дигар кишварҳо дар парчам, дар кулоҳи сарбозӣ бисёртар нишони ситораи панҷгӯша аз кулоҳи тиллойии Куруши Бузурги ёдгор мондаро, то ҳол истифода мебаранд. 

Ҳангоми мустамлика кардани заминҳои Чин, Муғулистон, Корея ва ҷазираҳои дигар ҷопониҳо зуд ҷойи ишғолкардаро дарахти гелос шинонда, исбот карданӣ мешаванд, ки ин замину мардум моли онҳост.

Аз қадим то ҳоли ҳозир холгузорӣ (татуировка) дар байни мардуми ҷопон хеле паҳн шудааст. Дар қатори расми ҷонварону растанӣ, гули гелос, ё (закура)-и зебои баҳорӣ ҷойи хеле намоён дорад.  

Дар саросари рӯйи Замин баробари рафтани зимистони хунук мушоҳида шудааст, ки аввалин шуда, гуруҳи дарахти решадори гелос гулҳои хеле зебо карда, тамоми шохҳои дарахтонро гулпӯш сохта, бори дигар аз зинда шудани табиат хабар медиҳанд. Баъд барги дигар гиёҳу растаниҳо ба сабзиш даромада, рӯзи аввали соли нав, яъне “Наврӯз”-и оламафрӯз меояд.  Чунин аст оғози баҳори нозанин дар рӯйи Замин.

Шамсиддини Муқим,

мухбири махсуси

“Пайк” дар Россия

Описание: https://images.vector-images.com/150/defenceminister_fl_n2588.gif

Парчами артиши Ҷопон бо гули гелос.

Описание: https://upload.wikimedia.org/wikipedia/commons/0/0a/100JPY.JPG

100 ени ҷопонӣ бо гули гелос.