- Без рубрики, Сиёсат

Президенти Амрико афтид

“Иёлоти Муттаҳидаи Амрико рў ба таназзул аст”, чунин аст вокуниши расонаҳои хабарии Британияи Кабир, ба пешпо хурдану афтидани президенти ИМА дар зинапояи тайёра.

Рўзномаи The Daily Mail роҷеъ ба пешпо хурдану афтидани президенти Амрико Ҷо Байден ояндаи ИМА-ро баҳогузорӣ мекунад.

Хабарнигороне, ки шоҳиди воқеа буданд ҳадс мезананд, ки дар оянда ҳоли президенти пиронсоли 78 солаи Амрико аз ин бадтар мешавад ва билохира ў аз зинаҳои мансаб ба зер меафтад ва ҷойи ўро то охири сол ноиб президент Камола Ҳаррис ишғол мекунад, ҳамонгуна, ки ҳизби Демократии Амрико тахмин карда буд.

Ҳодисаи афтидани Ҷо Байден дар пойгоҳи низомии Эндрюс рух дод. Президент ҳангоми боло шудан бо зинапояи тайёра чанд бор пешпо хурда бо дасташ худро ҳимоя кард. Дар ин бора хабаргузории “Рамблер” 30 дақиқа пеш хабар дод.