- Варзиш

«ҲОҶИ ШАРИФ” “РАВШАН”-РО ЭҲЁ МЕКУНАД

   Дастаи футболи «Равшан»-и шаҳри Кўлоб, ки мавсими гузаштаро бо натиҷаҳои назаррас ва муваффақиятҳои варзишӣ ҷамъбаст кард, бо тайёрии ҷиддӣ ва тамринҳои ҳамешагӣ ба мавсими навбатӣ омодагӣ мегиранд. Роҳбарияти даста аз дастгириҳои сарпарастон, тағйиротҳои кадрӣ ва нақшаҳои беҳбудиоваранда хабар доданд.

   Мавқеи аввалро ишғол кардан дар Лигаи аввал, роҳхат ба бозиҳои Лигаи олӣ ва бозиҳои ҷоми АФКА ва билохира ғалаба кардан дар финали Ҷоми Тоҷикистон аз дастовардҳои назарраси бозингарон ва роҳбарияти дастаи футболи «Равшан»-и Кўлоб дар соли 2020 буд. Новобаста аз вазъи паҳншавии бемории ҳамагир ва дигар мушкилот даста тавонист ҳама нерў ва қувваи худро сарф сохта, ба чунин комёбиҳои варзишӣ ноил гардад. Новобаста ба ин, имсол дастаро имтиҳони ҷиддӣ дар пеш аст. Яъне дар ду ҷабҳаи асосӣ- Лигаи олӣ ва бозиҳои АФК бояд муборизаро оғоз намоянд.

  Ғайраталӣ Мираҳмадов, сармураббии тими футболи «Равшан» рўзи 4-уми март ба «Пайк»  чунин иттилоъ дод: “ Моро имтиҳони бузург дар пеш аст. Зеро дар чанд турнир иштирок карданамон зарур аст. Тавре ба ҳама маълум аст, сарпарастии дастаро имсол ҶДДМ «Ҳоҷӣ Шариф» ба зимма гирифт, ки солҳои 2012-13 низ сарпарасти мо буд. Сипоси худро ба сарпараст мерасонем. Омодагиамон ба мавсими нав хуб аст, барои пурқувват намудани ҳайъати даста 8-9 футболбозони хориҷиро даъват кардем ва 3 футболбози ганагии дигар рўзҳои наздик ба Тоҷикистон мерасанд. Тамринҳои санҷишӣ гузарондем ва гузаронда истодаем.” Роҳбарияти шаҳр ҳам таваҷҷуҳи худро ба даста равона кардаанд. Дар ҳоли ҳозир даста ягон мушкилӣ надорад.”

   Дар суроғаи Фейсбукии фанклуби дастаи «Равшан» (Фанклуб ФК Равшан) аз чаҳор легионере, ки бо даста шартнома бастаанд, Кароматулло Саидов, Бунёд Шодиев ва Нодирбек Ибрагимов аз ҳамсоякишвари  мо Ўзбекистон ва Бенжамин Асомоа аз давлати Гана муаррифӣ шудаанд.

   Тавре дар боло ишора рафт, дастаи мазкурро имтиҳонҳои ҷиддӣ дар пеш. Рақобат дар турнири бозиҳои Лигаи олӣ, ки рўзи 3- апрел оғоз мешаванд. Иштирок дар финали Суперҷоми Тоҷикистон оид ба футбол бо дастаи футболи «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе рўзи якуми май  ва мубориза дар бозиҳои ҷоми АФК ки даста рўзи 14 май рақобат дорад.

   Ғайраталӣ Мираҳмадов, саҳми мухлисонро дар ғалабаҳои даста хело зиёд медонад ва сездаҳум футболбози дастаро аз кўмаки мухлисон мешуморад. Тавре ин нафар дар идомаи сўҳбат гуфт: “таваҷҷўҳ ба футболбозони худӣ ҳам дар сатҳи зарурӣ аст ва бо онҳо кор карда истодаем. Нисбат ба солҳои гузашта дар дастаи мо аз ҷиҳати молиявӣ хело беҳбудиҳо ба назар мерасанд. Танҳо аз бачаҳо талаб карда мешавад бо истифода аз маҳорату малакаи баланд бозии хуб нишон диҳанд ва дастаро дар мусобиқаҳои дарпешистода ба зинаҳои баланд бароранду мухлисону ҳаводоронро шод гардонанд. Мо Худо мегўем, ки тезтар иҷозати дар бозиҳо иштирок кардани мухлисони даста дода шавад. Чунки футболбози 13-ум ин мухлисон ҳастанд.”

   Тибқи маълумоте, ки дар даст дорем, ҶДММ «Ҳоҷӣ Шариф» сарпарасти дастаи «Равшан» дар минбаъда бо роҳбарияти даста нақша доранд, ки барои рушду оммавӣ сохтани футбол ва беҳбудиҳо дар даста варзишгоҳи марказии шаҳрро азнавсозӣ намуда, Академияи футболи «Равшан»-ро таъсис диҳад. Саҳми иддае аз соҳибкорону шахсони саховатманди шаҳр дар дастгирии даста зиёд аст. Легионерҳоро ба ҷойи хобу хўрока, дигар маводи маишӣ ва ғайра таъмин мекунанд, ки ҳалолашон бод ва ин амал ҳам як ҷузъи ҷавонмардии эшонро исботгар аст. Мо низ аз номи мухлисон ба сарпарасти даста ва дигар кўмаккунандагон миннатдории хешро баён менамоем.

Худойдоди И