- Иҷтимоъ

Суғд: 19 фавти модарӣ дар як сол

Дар давоми  соли 2020 аз ҷониби масъулини Сарраёсати Хадамоти давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар вилояти  Суғд  фавти наздики 20 модар ба қайд гирифта шудааст.

Бино ба иттилои масъулини Сарраёсат аз 19 ҳодисаи фавти модарӣ, ки ба қайд гирифта шудааст, айни ҳол нисбати 3 ҳолат дар марҳилаи санҷиш аз тарафи прокуратура қарор дошта, ҳуҷатҳои 2 ҳолати фавти модар ба вуқуъ омада дар марҳилаи омўзиши кормандони прокуратура қарор дорад.

Аз тарафи мутахассисони  Сарраёсати хадамот 4 ҳолати фавти зан айни ҳол дар марҳилаи таҳлил мебошад.  Ду ҳолати фавти модарӣ бошад дар таваллудхонаи шаҳри Душанбе ба вуқўъ пайвастааст.

Дар рафти таҳлил ва омўзиши ҳодисаҳои фавти модарӣ аз тарафи мутахассисони Сарраёсат ҳамагӣ нисбати ду корманди тиб протоколи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуда ҷаримабандӣ шудаанд.

Некрўз РАҲМАТОВ