- Фарҳанг

САДОИ ҲУНАРМАНДИ 100 СОЛАИ КЎЛОБ САҚФИ ФАЛАКРО ШИКОФТ

Ҳунарманде, ки муосири Ленин, Сталин, Ҳитлер, Рузвелт ва Черчилл буд имрўз бо садои осмонии худ дар саҳна баромад карда, ба қавле, сақфи фалакро шикофт ва ҳама тасаввуротро дар бораи пирию барҷомондагӣ дарҳам шикаст.
Соате пеш дар театри ба номи Саидалӣ Вализодаи шаҳри Кўлоб ҳамоиши идона ба шарафи 100 солагии хунёгари машҳури тоҷик Неъматулло Тиллоев, маъруф бо тахаллуси “қорӣ Неъматулло” ва 80 солагии эҷодиёти ҳунарии ин зодаи шаҳри Кўлоб баргузор гардид. ҳамоиши идона бо ибтикори ҳукумати шаҳри Кўлоб ва бахшҳои фарҳанги шаҳрӣ ва минтақавӣ барпо шуд. Дар ҳамоиши идонаи бошукуҳ муовини раиси ҳукумати шаҳри Кўлоб Орзу ҳамидиён, шоири халқии тоҷик ҳақназар ғоиб ва доираи васеи зиёиён, аҳли ҷамоатчигӣ ва фаолони шаҳр ширкат варзида суханронӣ намуданд. ҳудуди ду соат фазои театр ва Кўлобшаҳрро садои мусиқӣ ва таронаҳои пуршури ҳунармандони кўлобӣ пур карданд, аммо байни ин ҳама тантана ва шуру шавқ садои худи абармарди 100 сола ҳамаро дар ҳайрат гузошт. Сараввал ҳозирин, махсусан онҳое, ки ўро аз наздик намешинохтанд, гумон мекарданд бобои Неъматуллои пирро бардошта меоранд, аммо ҳунарманд омаду бо пойи худ ва хеле бардам қадам гузошта ба саҳна баромад. Сипас чун сурнайи худро аз ғилоф мебаровард, ҳозирин гумон карданд, ки наменавозад, аммо навохту як толори пур ба шавқ омаданду ба рақс даромаданд. Баъди ин, чун баландгўякро ба даст гирифт, ҳозирин гумон карданд, ки бемаҷолона шояд чанд сухани дарҳаму барҳам гўяд. Аммо бо изни Худо, ин марди ҳунар зери мусиқии зинда ғазалеро чунон замзама кард, ки шахсан ман назири чунин ҳунарро надидаам. Агар касе ўро намешинохту ин садоро мешунид, гумон мекард кадом ҳунарманди ҷавон суруд мехонад. Сурудро бо ҳама нозукӣ то охир хонда буд, ки садои кафкубиҳо толорро пур кард. ҳама аҳсану офарин ба ин пири хирад мекарданду аз ҳамшаҳриашон меболиданд.
Дар саҳна аз номи ташкилот ва ашхоси алоҳида ба бобои Неъматулло тўҳфаҳои зиёд супориданд. Аз ҷумла табрикот ва тўҳфаи раиси вилояти Хатлон мўҳтарам Ҳакимзода Қурбон ва сардори Раёсати Молияи вилоят Бахтиёр Назарзода низ ба соҳибҷашн расид.
Бояд гуфт, Неъматулло Тиллоев соли 1921 дар шаҳри Кўлоб таваллуд шудааст. Соли 1936 театри Кўлоб таъсис ёфту аввалин ҳунармандаш ҳамин пири хирад буд. Туйи домодии аксарияти насли миёна ва калонсоли шаҳр ва минтақаи Кўлоб бо садои сурнайи ҳамин мард баргузор гаштааст. Садойи нафири ў мужда аз хушбахтӣ, мужда аз тавлиди оилаи нав медод.
ҳафтавори “Пайк” чанд соли пеш дар бораи ин хунёгари бузург маводе ба нашр расонида буд. ҳоло бошад аҳли эҷоди ин ҳафтавори мардумӣ барои бобои Неъматулло тани сиҳат, дили беғам ва бурдбориҳо таманно дорад. ҳамакнун мисраъ аз ғазали шодравон Сомеъ Одиназода “Садсола шавию баъд аз он пир шавӣ” инҷо бемавқеъ аст, балки мо мегўем: “Дусадсола шавию баъд аз он пир шавӣ.”