- Иқтисод

ДАР МУЪМИНОБОД ҚАРЗДОРӢ АЗ БАРҚ КАМ НАШУД

   Яке аз масъалаҳои нигаронкунанда дар назди Шабакаҳои барқи шаҳру минтақа қарздории аҳолӣ ва ташкилоту идораҳо аз ҳисоби истифодаи нерўи барқ аз солҳои пешин аст. Дар баъзе аз навоҳии минтақа кам кардани қарзҳо дар сатҳи зарурӣ набуда, дигар мушкилоти соҳавӣ садди роҳи ҷамъоварии маблағҳои қарзӣ гашта истодаанд.

   Ба иттилои Абдуллозода Ҳабибулло роҳбари Шабакаҳои барқи ноҳия қарздории нерўи барқи истифодашудаи идораву ташкилотҳои буҷетӣ ва аҳолӣ ба домани 20 млн сомонӣ мерасад. Дар соли гузашта бо иллати норасоии кадрӣ (нозирони барқ) аз ин шумор маблағ ягон сомонияш кам нашудааст. Мутахассис надорем ва наметавонем ба ҷамъоварии маблағҳои қарзӣ машғул шавем. Аз он чи ягон сомонии қарзӣ мавҷударо ҷамъоварӣ накардем, қаноатманд нестем.”

   Мувофиқи маълумот дар ҳамаи ташкилоту идораҳои буҷетии дар ноҳия фаъолият дошта дар соли 2020 ҳамагӣ 16% барқи истифодакардаашонро пардохт кардаанд. Беморхонаи марказӣ 174 ҳазор сомонӣ, 76 ҳазор сомонӣ МТМУ №2, Мактаб-интернат беш аз 48 ҳазор сомонӣ аз ҳисоби нерўи барқ қарздоранд.

   Аз филиали ҶСК «Шабакаҳои тақсимотии барқ дар ш. Кўлоб» ба «Пайк» иттилоъ доданд, ки қарздории барқ дар минтақа то ҳолати 1-уми феврали соли 2021 ба 155 миллион сомонӣ мерасад, ки 107 миллиони он ба аҳолӣ рост меояд.

   Ба иловаи манбаъ дар ноҳия 879 адад пояҳои фарсудае, ки тамоман болояшон баромада намешавад интизори иваз шудан ҳастанд. Ноқили ТС-25 ки пўлодӣ аст, истифодабарияш тамоман номумкин аст. Чунки муқовимати баланд дорад, дар сарҳисобҳо харҷ мешавад ва барқи интиқолдода ба муштарӣ намерасад. Зиёда аз 19 адад трансформаторе, ки ба сарборӣ кор мекунанд, мавҷуд аст.    

   Дар интиҳо саволи ягона ин аст, ки, кӣ бояд мушкилиҳоро бартараф созаду соҳаи мазкурро бо кадрҳои ихтисосманд таъмин намояд ва ё ба дастрасии мардум ба нерўи барқи хушсифат мусоидат кунад, ноҳиядорон ё роҳбарияти Филиали ҶСК «Шабакаҳои тақсимотии барқ»?

Худойдоди И