- Иҷтимоъ

Хуҷанд: 444 оила пош хӯрдааст

Санаи 10-уми март дар шаҳри Хуҷанд Иҷлосияи вакилони халқи шаҳри Хуҷанд, даъвати шашум баргузор гардид. Дар ин иҷлосия иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода ба мансаби раиси шаҳри Хуҷанд сазовор гардид. Ӯ дар асоси интихоби интихобкунандагони ҳавзаи интихоботии Тиллокон рақами 37 вакили маҷлиси вакилони халқи шаҳри Хуҷанд эътироф шуд. Ҳамчунин дар ин иҷлосия  Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  оид ба таъин намудани Фирдавс Шарифзода  ба раиси шаҳри Хуҷанд, ки санаи 3-уми марти соли 2021-ум  ба имзо расидааст, қироат карда шуд. Аз ин пас, Фирдавс Шарифзода раиси шаҳри Хуҷанд мебошад.   

Беш аз 1000  никоҳу 444  талоқ

Баъди ба вазифаи раиси шаҳри Хуҷанд таъин шудани Фирдавс Шарифзода кори иҷлосияи мазкур ба зиммаи ӯ гузошта шуд.

 Мавзӯъи сеюми иҷлосия ин рафти иҷрои қарори Ҳукумати ҶТ оид ба барномаи давлатии “Пешгирии зӯроварӣ дар оила барои солҳои 2014-2023”-юм маҳсуб гардид. Фирӯза Нуруллозода муовини раиси шаҳри Хуҷанд оид ба чорабиниҳои пешгирикунандаи зӯроварӣ дар оила, ки дар шаҳри Хуҷанд баргузор гардидааст,  ҳисобот дод.     

Дар шаҳри Хуҷанд беш аз 1000 адад ақди никоҳ баста шуда, дар давраи ҳисоботӣ 444 оила пош хӯрдааст. Ҳарчанд ин шумора дар қиёс зиёд набошад ҳам, аммо зӯроварӣ дар оила ва ҷамъият ба чашм мерасад. Ҳоло аз рӯи иттилои пешниҳодгардида наздик ба 100 оилаи осебпазир, яъне ноустувор мавҷуд мебошад. Мутахассисони шӯъбаи кор бо занон ва оила ва чанде аз масъулини сохторҳои қудратӣ барои пешгирӣ намудани ҳодисаҳои зӯроварӣ бо чунин оилаҳо корбарӣ доранд.  

Барои пешгирӣ намудани оилаҳои ноустувор, ба муросо овардани азъои ҳар оилаи осебпазир бояд чораҷӯӣ кард. То сатҳи ҷудошавии оила дар шаҳри Хуҷанд паст гардад. Ин супориши раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода ба масъулин буд.

Чанде аз вакилон дар музокирот оид ба пешгирӣ намудани зӯроварӣ дар оила ва ҷудошавии он пешниҳод ва фикри худро иброз намуданд. Собирҷон Собиров вакили маҷлиси вакилони халқи шаҳри Хуҷанд таъкид намуд, ки пеш аз ҳама, дар оила эҳтиром бояд мавҷуд бошад. Зану шавҳар ва аъзои оилаи онҳо дар назди ҳамдигар муносибати хубу самимиро ба роҳ монда, ба дигарон имкон диҳанд, ки фикру ақидаи худро иброз доранд.  То муаммо дар оила ҳалли худро пайдо кунад. 

Ҳадафи баргузории иҷлосия ин ҳалли мушкилоти ҷомеъа ва пешгирӣ намудани ҷудошавии оилаҳо ва зӯроварӣ нисбат ба зан ба ҳисоб меравад. Ба ҷузъ ин масъала, Иҷлосияи вакилони халқи шаҳри Хуҷанд даъвати 6-ум мавзӯъҳои дигарро мавриди таҳлил қарор дод. 

Фарзона Муродӣ