- Фарҳанг

Ходими давлатӣ – Султон Валиев 69 – сола шуд

Султон Валиев – арбоб ва ходими давлатӣ, чеҳраи намоёни сиёсӣ, сиёсатмадори барҷаста, фарзанди сарсупурдаи миллату Ватан ва боз дорандаи чандин хислатҳои накӯтарини инсонӣ. Кору пайкор, ҷоннисорӣ дар роҳи ободии Ватан, хизмат ба миллату давлат Валиевро на танҳо дар вилояти Хатлон, балки дар ҷумҳурӣ муҳтараму мукаррам гардонд. Бо вуҷуди бознишаста будан, иззату шарафи ӯ миёни ҷомеа, бавижа байни дигар ходимони амалкунандаи давлатӣ, ҳанӯз ҳам побарҷост, — заррае коҳиш наёфтааст. Соҳибэҳтирому обрӯманд аст.

Ин марди шариф ва инсони наҷиб дар рӯзҳои басо сангин (солҳои 1995 – 2000) депутати Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (даъвати якум) интихоб шудааст. Шабу рӯзе, ки мансабдорон аз курсиҳояшон роҳи гурез меҷустанд. Валиев бошад, ба ҷуз курсии депутатӣ, боз зимоми директори генералии Иттиҳодияи «Ғалла»-и вилояти Хатлонро ба уҳда дошт. Замоне, ки қонуну давлат дар дасти силоҳдорон буду ҷони ходимони давлатӣ зери хатар. Аммо, ҷон дар кафи даст гирифта, ин ҳама қуллаҳои сангин ва роҳҳои пурхатарро тай карда, рисолаташро дар сатҳи баланд адо кардааст.

— Ҳамагон шоҳиданд ва медонанд, ки агар Эмомалӣ Раҳмон намебуд, Тоҷикистон аз байн мерафту миллат дар дунё овораю парешон мешуд. Ҳар гоҳ заҳмату талошҳои фидокоронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар роҳи ба дастоварии сулҳу субот ва барқарорсозии ҳокимияти қонунӣ медидам, дар пайравӣ аз Президенти ҷонфидо, кушиш мекардам то саҳме дар тинҷию ободии Ватан гузораму заррае ҳам бошад, қарзи фарзандиамро дар назди Ватану миллат адо кунам. Пушида нест, ки он шабу рӯзҳо дар курсии вакилӣ нишастан осон набуд. Ҷони мансабдор дар хатар буд. Аммо, нотинҷию бесомониҳо ҳеҷ гоҳ дар фаъолити корӣ садди роҳам нагашта, баръакс, бо иродаи қавӣ, баҳри ҳифзи якпорчагии Ватани маҳбубамон гомҳои устувор мегузоштам, — мегӯяд Султон Валиев. —  Дар таҳия ва ҳатто тағйиру иловаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи сарҳади давлатӣ” нақши арзанда дорам, ки алҳол низ қонуни мазкур дар амал аст.  Ғайр аз ин, дар таҳияи лоиҳаҳои чанд қонуни дигар низ бо вакилон ҳаммуаллифӣ кардаам.  

Сиёсатмадори нотакрор — Султон Валиев, 5 –уми марти соли 1952 дар ноҳияи Ховалинг дар оилаи коргар ба дунё омадааст. Падараш бобои Валибой аз зумраи мардони соҳибэҳтирому обрӯманди ноҳия маҳсуб мешуд. Сокинон ӯро ҳамчун фарди саховатпеша, хирадманд ва нексиришт эътирофу эҳтиром мекарданд. Нафароне, ки аз дигар минтақаҳои ҷумҳурӣ баҳри зиёрати мазори Султон Увайси Қаранӣ ба ноҳия ташриф меоварданд, ҳатман аз хони бобои Валибой нону намак мечашиданд. Дари хонааш ҳамеша ба рӯи меҳмонон кушода буду дастурхонаш ороста. Ин амали падарро ҳанӯз ҳам фарзандонаш идома дода истодаанд.

Султон Валиев дар оилаи маъруф ба дунё омад ва талош варзид то номи неки падарро баландтар бардошта, зинда нигоҳ дорад. Саъй кард то мавқеи худро дар ҷомеа пайдо кунад. 

 Мавсуф корро аз муаллими қатории мактаби миёна оғоз намуд. Бо мурури замон, ҷавони кордону болаёқат, дар чанде аз идораю муассисаҳои давлатии ноҳия ба ҳайси роҳбар таъин шуд. Сипас, директори автобазаи №14-и ноҳия интихоб гардид. Ӯ тӯли фаъолияти хеш таҷрибаи касбияшро ғанӣ намуда, пой ба зинаҳои баландтари мансабӣ мегузорад. Тавре дар боло зикр шуд, мавсуф дар як вақт ҳам депутати Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон буду ҳам директори генералии Иттиҳодияи “Ғалла”-и вилояти Хатлон.

Соли 2001 тариқи райъпурсӣ Султон Валиев вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (даъвати якум) интихоб шуд. Баъдан бо фармони Президенти мамлакат, раиси ноҳияи Ховалинг таъин гардид. Ҳангоми раисиаш, ноҳия симояшро ба куллӣ дигар карда, соҳаҳои хоҷагии халқ рӯ ба тараққӣ ниҳода буд. Ба ҳайси муовини аввали вазири кишоварзии ҷумҳурӣ низ фаъолият кардааст. Сипас раиси ноҳияи Восеъ интихоб гардид. Ҳамчунин ӯ узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон буд. То синни нафақа, ба ҳайси муовини роҳбари Дастгоҳи раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият намудааст.

Ҳукумати ҷумҳурӣ хизматҳои шоёни Султон Валиевро қадр карда, ӯро бо ордени “Шараф” дараҷаи I, медали “Бистсолагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва сипосномаю ифтихорномаҳо сарфароз гардондааст.

Алҳол ин сиёсатмадори барҷаста, ходими давлатӣ – Султон Валиев, дар ҳалқаи пайвандон даврони пирӣ меронад. Ӯ мегӯяд:

-Бо вуҷуди ин ҳама хизматҳое, ки ба нафъи миллату давлат анҷом додаам, ҳоло ҳам аз худ қаноатманд нестам. Агар бори дигар ҷавон мешудам, зери сиёсати оқилонаю хирадмандонаи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, аз пеш дида, бештар талоши саҳмгузорӣ дар бунёдкорию созандагӣ мекардам. Фарзандонамро, ки хизматчии давлатианд, ҳамвора дар корҳояшон насиҳату роҳнамоияшон мекунам. Бигузор онҳо низ чун падар дар пешбурди сиёсати давлату ҳукумат содиқ бошанду ҳадафашон танҳо хизмат ба миллату Ватан.

Ҳоло ин нобиғаи нотакрори сиёсӣ, ба синни мубораки 69 –солагӣ қадам мениҳад. Воқеан, ӯ арзандаи ҳамагуна авсоф асту эҳтиром. Итминон дорем, ки хизматҳои арзандаю шоёни ӯро миллату давлат фаромӯш нахоҳанд кард.

Ёқуби Содиқ