- Иқтисод

Суғд: Қочоқи 500 ҷуфт либоси ҳарбӣ ошкор шуд

Аз ҷониби кормандони Раёсати минтақавии гумрук дар вилояти Суғд интиқоли ғайриқонунии 500 ҷуфт либоси ҳарбӣ, ки 194200 сомонӣ арзиш дошт ошкор карда шуд.

Бино ба иттилои сардори  Раёсати минтақавии гумрук дар вилояти Суғд генерал-майори хадамоти гумрук Исматуллозода Баҳром Абдуғаффор, соли 2020 дар самти мубориза бар зидди ҳуқуқвайронкуниҳои гумрукӣ 1417 ҳолати ҳуқуқвайронкунии гумрукиро ошкор карданд. Инчунин  28 ҷинояти вобаста ба гумрук ошкор карда шуд, ки номгӯи маҳсулоти он аз хокаи ҷомашуӣ то маснуоти заргарӣ мебошад.

Исматуллозода дар робита ба ин  ҳуқуқвайронкуниҳои гумрукӣ гуфт:

-Соли 2020 шаш ҷиноят оид ба интиқоли ғайриқонунии маҳсулоти хурокаи пастсифат ва маҳсулоти гуштӣ ошкор карда шуд.  Се ҷиноят оид ба такроран содир намудани ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ бо моддаи 577-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии ҶТ, яъне интиқоли ғайриқонунии 2 адад контейнер, 289,6 кг хокаи ҷомашуӣ ва 300 литр сӯзишвории дизелӣ ошкор карда шуд.

Яке аз он номгуи маҳсулот, ки боиси нигаронии зиёд аст ин маҳсулоти доруворӣ мебошад дар соли 2020, ки бо сабаби паҳш шудани вируси КОВИД-19 ниёз ба маҳсулоти тиббӣ зиёд буд ин барои қочоқчиён ва ҳаннотону доруфурушон “роҳ”-и расидан ба мақсад ҳам шуд. Аз ин ҷост ки давоми соли 2020 кормандони Раёсати минтақавии гумрук як адад ҷинояти вобаста ба интиқоли ғайриқонқонунии маводи дорувориро ошкор карданд, ки 27 номгуйро дар бар мегирифт. Ин намуд маҳсулоти доруворӣ истеҳсоли давлатҳои Аврупо, Федератсияи Русия, Ҷумҳурии Қазоқистон ва Ҳиндустон буда,  арзишаш  ба  178352 сомонӣ баробар аст.

Фарзона Муродӣ