- Иқтисод

Як бор гуфтем нашуд, ду бор …

           Ба таваҷуҳи вазири молияи ҷумҳурии Тоҷикистон

Дар урфият мегуянд, ки кули явмин бадтар. Ягон роҳбари наве болои мансаб меояду аз пешинааш ноуҳдабаротар, ландаҳуру ношудтар мебарояд.

 Сардори Раёсати молияи ноҳияи Муъминобод кадри болаёқате буду бар асари ротатсия ҷояшро иваз кард. Тоҷиддин Мирзобаротов ба ин мансаб омаду якбора корро бало зад. Қарздории маош пайдо шудан гирифт. Ӯ ба мисли муовини якумра Ҷамшед Холов зураш ба ихтисоркунии воҳидҳои корӣ расиду халос. Лекин тавонист, ки аз ҳамдеҳаю ҳамсоядеҳаҳояш муҳосибонро ба 1 не, то 2 — 3 ҷои корӣ таъмин кунад.

Тоҷиддин феъли бади дигареро ёд гирифт: дуруғгӯӣ ва гурезогурезӣ аз маҷлису нишастҳои матбуотӣ. Дар маҷлиси ҷамъбастии соли 2019, ки моҳи январи соли 2020 дар ноҳия баргузор шуд, ӯ назди намояндаи бонуфузи Ҳукумати Ҷумҳурӣ дуруғи руирост гуфт, ки онҳо аз маош қарздорӣ надоранд. Ҳол он, ки қарздорӣ 1 милиону 200 ҳазор сомониро ташкил медод. Ҳатто мактабҳое буданд, ки маоши моҳи октябру ноябру декабрро нагирифта буданд. Чунин қарздориҳои маош ҳам дар ҷамъбасти соли гузашта ҳам давоми соли 2021 пайдо шудан гирифтанд. Масалан 71 нафар кормандони муассисаи таълимии №48 маоши моҳи январиро танҳо рӯзи 26 феврал гирифтанд. Қариб 40  муассисаи таълимию томактабии ноҳия бошанд то ин рӯз маошашон ҳоло пардохт нашуда буд. Аз ташкилоту муассисаҳо бошанд  кормандони Маркази пешгирии бемории сил, идораҳои байторӣ, ҷамоати Ш.Шоҳин, рӯзномаи ноҳиявӣ  чашми чор ба Т.Мирзобаротов доранд, ки ӯ кай тугмаи маошдиҳиро зер мекунад. Дарвоқеъ идораи рӯзномаи молияи ноҳиявӣ аз вақти ба ин курсии мансаб нишастани ӯ аз ду зиёдшавии 15 фоизаи маошашон бенасиб монданд.Ӯю ҷонишини бесалоҳияташ сабаб пеш меоранд, ки рамзи шумо ин хел асту бисмадон. Дигар тамом.Вале онҳо ба саволи «чаро маоши кормандони 68 рӯзномаи  шаҳриву ноҳиявии дигари ҷумҳурӣ ду маротибагӣ зиёд карда шуданду аз идораи рӯзномаи ноҳияи Муъминобод не?» забон мехоянду халос. Дар ин хусус ду маротиба ба муовини сардори Раёсати молияи вилояти Хатлон муроҷиати даҳонӣ низ шуд. Лекин боз бенатиҷа.

Рӯзи 23 феврали соли 2021 ба қабулгоҳи вазири молияи ҷумҳурӣ бо №2-21-14-17 занг задем. Онро касе гирифт ва худро навбатдор муаррифӣ кард. Ёрдамчии вазирро пурсон шудем, ҷавоб дод, ки 1-2 соат пас меояд. Рақами телефони муовини аввали вазирро мегирем: 2-21-38-04. Ёрдамчии ин муовин худро муаррифӣ намуду нахост бо роҳбараш дар тамос шавем ва боз рақами қабулгоҳи вазирро дод. Гуфт, ки котибот он ҷост муроҷиату арзҳоро он ҷо қабул мекунанд. Бо ҳамин ҷони худу муовини аввали вазирро халос кард. Пеш аз ин ба сардори Раёсати молияи вилояти Хатлон Бахтиёр Назарзода занг зада будем. Куҷое баромада рафта будааст.

Ана, ҳамин хел мансабдорону кориҷрокунҳо дорем, ки арзу ниёзи мардум аз муи сар бисёр мешаванду  кам не.

       Нурулло Ҳасанов, рӯзноманигор