- Без рубрики, Тандурустӣ

Дар Кӯлоб 3 нафар заҳролуд шуд

Соате пеш 3 нафар аз сокинони шаҳри Кӯлоб бо иллати заҳролудшавӣ дар беморхонаи бемориҳои сироятии шаҳри Кӯлоб бистарӣ шуданд.

Заҳролудшудагон Тавакалов Зафар соли таваллудаш 1988, Мансурова Сафина соли таваллудаш 1990 ва духтари ҳамин зан Тавакалова. Р будаанд.

Бино бар иттилои сардухтури беморхонаи бемориҳои сироятии шаҳри Кӯлоб Абдукарим Шокиров “аҳли оилаи мазкур як ҳафта пеш аз бозори шаҳри Кӯлоб тухми моҳии истеҳсоли моҳипарварони шаҳр харида дар яхдон нигоҳ медоштанд. Ҳамин рӯз ин маводро истеъмол карда заҳролуд шуданд.”

Бино ба гуфтаи Шокиров вазъи саломатии ин се нафар муътадил буда зери назоратанд. Мо, гуфт табиб, онҳоро барои он нигоҳ медорем, ки муайян кунем оё онҳо дар ҳақиқат аз тухми моҳӣ заҳролуд шудаанд ё кадом маводи заҳролуди дигар ҳам истеъмол кардаанд.

Нишонаҳои заҳролудшавии ин се нафар қайкунии бардавом будааст.

Пайк