- Иҷтимоъ

Суғд: 99 ҷинояти хонандагони мактаб

Давоми соли 2020 дар вилояти Суғд 172 нафар ноболиғон даст ба ҷиноят задаанд, ки аз ин шумора 99 нафарашон хонандагони мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ мебошанд.

Бино ба иттилои сардори Раёсати маорифи вилояти Суғд Каримзода  Осим сатҳи ҷинояту ҷинояткорӣ дар шаҳрҳои Хуҷанду Исфара ва ноҳияи Ҷаббор Расулов (пештара Пролетар) бештар ба қайд гирифта шудааст.

Масалан, дар мактабҳои миёнаи умумии шаҳри Хуҷанд 19 адад ҷиноят ва дар ноҳияи Ҷаббор Расулов 11 адад ҷинояти мактаббачаҳо содир шудааст. Дар дигар шаҳру навоҳӣ теъдоди ҷинояту ҷинояткорӣ бамаротиб кам аст.

Ба гуфти Каримзода таркиби ҷиноятҳои содиркардаи хонандагони мактаб асосан аз тасарруфи молу амвол, авбошӣ, вайрон намудани тартиботи ҷамъиятӣ  ва ғайраҳо иборат мебошад.

Имрўз дар рафти нишасти матбуотӣ бо журналистон сардори Раёсати маориф аз он нигаронӣ кард, ки ҳодисаи номатлуби худкушӣ ва суйқасд ба ҷони худ дар соли 2020 аз ҷониби ноболиғон 40 адад содир шудааст.

“Афсус, ки аз 40 ҳодисаи худкушӣ ва қасди худкушӣ 33 ҳодиса аз ҷониби хонандагони мактабҳои миёна амалӣ шудааст. Аз ҷониби масъулини мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ин намуди ҷиноят дар шаҳру ноҳияҳои Деваштич, Конибодом ва Истаравшан зиёд ба қайд гирифта шудааст. Агарчӣ ҳодисаи нохуши худкушӣ дар байни ноболиғон ва мактабхонон нисбат ба соли 2019 3 адад кам аст, аммо ин боиси қаноатмандӣ нест. Барои решакан кардани ин падидаи номатлуб Раёсати маорифи вилоят дар ҳамкорӣ бо сохторҳои қудратӣ пайваста корбарӣ карда истодааст ва минбаъд низ идома хоҳад дод”-афзуд Каримзода.

 Фарзона МУРОДӢ