- Фарҳанг

Ман ба ту, ту ба ман сипоснома

23-феврал, сипоснома ба “худиҳо” ва сенарияи кўҳна

   Ҳамасола дар саросари кишвар аз рўзи таъсисёбии Артиши Миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон истиқбол карда мешавад. Имсол низ чорабинии ҷашнӣ бахшида ба 28-умин солгарди таъсисёбии Артиши миллиро сокинони шаҳри Кўлоб дар толори театри мусиқӣ-мазҳакаи ба номи Сайдалӣ Вализода бо ворид намудани Парчами давлатӣ ба ҷашнгоҳ доир намуданд. Дар ин ҳамоиш роҳбарияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, собиқадорони ҷангу меҳнат, кормандони комиссариати ҳарбӣ, ҷанговарони башардўст, аъзоёни ташкилотҳои ҷамъиятии “Ҳомиёни ватан”, “Сипарони ватан” ва хизматчиёни қисмҳои низомию донишҷўёни Коллеҷи ҳарбӣ дар шаҳри Кўлоб иштирок намуданд. Раиси шаҳри Кўлоб Вализода Абдулқодир зимни суханронӣ аз дастовардҳои Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон давоми 28 сол ёдовар шуданд. Аз ҷумла қайд намуданд, ки Артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар барқарорсозии сохти конститутсионӣ ва ҳимояи марзу буми Ватан, пешгирӣ аз гурўҳҳои қочоқбар ва экстримистию терористӣ дар дохили кишвар нақши муассир дорад. Қувваҳои мусаллаҳ дар машқҳои дастаҷамъонаи давлатҳои муштарак-ул-манофеъ фаъолона ширкат варзида аз худ маҳорати хуби касбӣ нишон доданд. Оғози чорабинии имсола аз чорабиниҳои солҳои қаблӣ ба куллӣ фарқ дошт, ки ин аз даъвати воқеан ҳам шахсони хизматнишондода ба ҷашнвора гувоҳӣ медод. Қафаси синаи ҳомиёни Ватан ва собиқ низомиёнро нишонҳои сарисинагӣ оро медоданд. Аз сипосу миннатадории роҳбарияти Мақомоти иҷроияи ҳокимиятӣ давлатӣ барои хизматҳояшон сарашон ба осмон мерасид. Вале баъди анҷоми табрикот ва суханронӣ боз ҳамон сенарияи солҳои қаблӣ рўи даст гирифта шуд. Раиси шаҳри Кўлоб рамзи эҳтиром ба муносибати рўзи таъсисёбии Артиши миллӣ барои хизматҳои шоён дар тарбияи ҳарбӣ-ватандўстии ҷавонон, ба раиси Суди шаҳри Кўлоб, прокурор, сардори ШКВД, комиссари ҳарбӣ, чанд корманди комиссариати ҳарбӣ ва ду се нафар собиқадорон дар ҳолати тантанавӣ ифтихорнома супорид. Комиссари ҳарбӣ низ бо фармони вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба раиси шаҳри Кўлоб, сардори ШКВД, прокурори шаҳр, муовини раиси шаҳри Кўлоб нишону сипосномаҳо тақдим кард. Хулоса ба якдигар сипоснома доданду қарсак зада нишастанд. Мо интизор будем, ки ба роҳбарияти ҷамоати деҳоти “Даҳана” барои аввалин шуда иҷро намудани нақшаи даъвати тирамоҳии соли 2020 ва намояндагони телевизиони “Хатлон” дар минтақаи Кўлоб ва чанд расонаи хабарии дигар барои бедор намудани ҳисси ватандўстии ҷавонон, тарғибу ташвиқи ғояҳои ватанпарварӣ ва ҳимоят аз марзу буми Ватан гузоришҳо пахшу мақолаҳо интишор кардаанд, сипоснома медиҳанд. Вале мутаасифона чун солҳои пешин сипосномаҳо тамом шуданд. Шояд инҳо вазифаи касбиашонро иҷро мекунанду онҳо илова ба вазифаашон заҳмат кашидаанд, ки сазовори сипоснома ва ифтихорномаю нишонанд. Баъзе иштирокчиёни толор ҳам нигоҳи ҳайратзада доштанду қисми дигар, ки ин сенарияро медонистанд бепарво буданд. Қисмати фарҳангии чорабинӣ бошад тамоми низомиёнро безобита кард. Ба саҳна санъаткор бо қади баланду либоси низомӣ, ки ба танаш зеб медод, таҳти мусиқӣ ворид гардид. Воқеан ҳам ба як афсари чолоку ватандўст шабоҳат дошт. Бо виқор суруди ватандўстонаро оғоз кард. Аз ду ҷониби саҳна сарбозон бо қадами низомӣ вориди маркази саҳна шуданд. Аз пойафзол то калапўши сарбозон хеле зебо буд. Аммо қадамзании онҳо хотири ҳамаро мушавваш кард. Мутаасифона, 8 нафар сарбозони қисми низомии “13483 д” мустақар дар шаҳри Кўлоб бо низом дар саҳна зери оҳанги суруду мусиқӣ қадам зада натавонистанд. Масъулони чорабинӣ иброз доштанд, ки онҳоро имрўз ба чорабинӣ даъват кардаанд ва фурсати машқ кардан надоштанд. Магар барои қадам задан ба низомӣ машқи иловагӣ лозим аст?

Ман дигар тоқати нишастан дар толорро надоштам ва берун рафтам. Чорабинӣ чи гуна ҷамъбаст гардид, намедонам, вале яқин аст, ки бо баргузории чунин чорабиниҳо ба чизе муваффақ нахоҳем шуд.

Ширинҷон Сафарзода