- Иқтисод

ВМКБ: ХУРУҶИ БЕМОРӢ БОИСИ АМАЛӢ НАШУДАНИ ЛОИҲАҲОИ ИҚТИСОДӢ ГАРДИД

Бо мақсади мусоидат намудан ба амалигардонии ҳадафи чоруми давлат-саноатикунонии мамлакат дар ҳудуди ВМКБ мисли дигар манотиқи  ҷумҳурӣ кушишҳои муайян ба харҷ дода шуданд.

Ҳамасола дар ВМКБ форумҳои иқтисодии Помир-инвест доир мегардад. Мақсади ниҳоии форум ҷалби сармоягузорони ватаниву хориҷӣ ба бунёди  корхонаҳои саноатӣ, ташкили ҷойҳои нави корӣ ва рушди иқтисодиёти вилоят  ба ҳисоб меравад. Соли 2020-ум аз ҷиҳати хуруҷи касалии сироятии Ковид-19 чунин форум баргузор нагашт. Дар форуми «Помир-инвест», ки тобистони соли 2019-ум дар шаҳри Хоруғ баргузор гардид, беш аз 30 нафар сармоягузорони хориҷӣ ширкат варзида, амалигардонии 8 лоиҳаи тиҷоратӣ дар соли 2020-ум ба накша гирифта шуд, арз медорад Фахрӣ Шогунбеков, мудири шуъбаи саноат, энергетика ва коммуникатсияи ВМКБ. Инҳо лоиҳаҳои бунёди коргоҳои дўзандагӣ, мебелбарорӣ, истеҳсоли сангҳои сунъӣ, коркарди мева, занбуриасалпарварӣ, қутоспарварӣ ва мурғпарварӣ буда, арзиши лоиҳавии ҳар яке аз онҳо аз 1500 то 95 хазор доллари амрикоиро дарбар мегирад. Мутаассифона, сар задани бемории каронавирус амалигардонии онҳоро ба таъхир андохт.

Ҳарчанд ин барномаҳои пурарзиш амалӣ нагаштанд, дар соли 2020-ум дар хаёти иқтисодиву иҷтимоии сокинони ВМКБ пешравиҳои назаррас дида мешаванд. Дар вақти сафари кории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Бадахшон 17 адад коргоҳҳои хурду миёна мавриди истифода карор гирифтанд. Азбаски яке аз ҳадафҳои муҳими давлат таъсиси ҷойҳои нави корӣ ба ҳисоб меравад, дар як худи шаҳри Хоруғ дар соли 2020 як корхонаи дузандагӣ ва як маркази савдо мавриди истифода қарор гирифтанд. Сехи дўзандагии «Нигини Хоруғ» аз тарафи соҳибкор Муқайришо Ноёбшоев бунёд гардида, дар ҳузури сарвари давлат расман кушода гардид. Ин корхона 3 ошёна буда, барои коргарзанон шароити кофии меҳнатӣ  муҳайё мебошад. 50 нафар бонувон, ки 70 фоизашон ҷавондухтаронанд, бо ҷойи кор доимӣ таъмин гардиданд. Рисолати асосии  корхона  дўхтани либосҳои мактабӣ ва коргарӣ мебошад. Иловатан аз рўи дархост либосҳои анънавии миллӣ низ дўхта мешаванд. Бархе аз коргарзанон пештар ҳам дар шароити хона ба дўхтани  либосҳои занона машғул буда,  таҷрибаи  хуби корӣ доранд.

Лозим ба ёдоварист, ки  бо ҳидояти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумхурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  соҳибкорони ватанӣ дар рушди иқтисодиёти кишвар гомҳои устувор гузошта истодаанд. Соҳибкорони ноҳияи Ванҷ мисли ҳамтоёни худ аз шаҳри Хоруғ дар бунёди иншооти таъминоти иҷтимоӣ саҳм хуб гузошта истодаанд. Соҳибкорон дар маркази маъмурии ноҳияи Ванҷ як маркази савдои замонавиро бунёд намуда, наздики 20 нафарро бо ҷойҳои корӣ  таъмин намуданд. Сохтмони бино 2 сол кабл оғоз ёфта, бо ҷалби коргарони маҳаллӣ ва тарҳрезии меъморони  ноҳия дар муддати нисбатан кўтоҳ ва бо сифати  баланд  сохта ба истифода дода шуд. Яке аз коргоҳҳои бузурги дигаре, ки сарвари давлат  онро  ифтитоҳ намуд,  Парки инноватсионию саноатию технологӣ дар ноҳияи Дарвоз мебошад, қайд менамояд Фахрӣ Шогунбеков, мудири шуъбаи саноат, энергетика ва коммуникатсияи МИҲД-ии ВМКБ. Тавре Фахрӣ Шогунбеков  арз дошт, парки инноватсионию саноатию технологӣ аз 17 коргоҳ иборат буда, дар деҳаи  Дуробаки ҷамоати деҳоти Калъаи Хумби ноҳияи Дарвоз дар масоҳати  1 гектару 600 сотих ҷойгир аст. Дар ин корхонаи бузург 50 нафар бо ҷойҳои кори доимӣ  таъмин гардиданд. Парк дорои 2 гармхона  буда, ба парвариши помидор, мурчу булғорӣ, бодиринг ва меваҳои ситрусӣ равона шудааст.  6 коргоҳҳои дигар  ба истеҳсоли маҳлулҳои антисептикӣ, ниқобхо, айнакҳо ва либосҳои  муҳофизатӣ   машғуланд. Дар як баст то 24 ҳазор никоб ва 50 хазор айнакҳои тиббӣ истехсол мегардад. Дастгоҳое, ки ба истеҳсоли ин маҳсулот банд ҳастанд, аз кишвари  Туркия харид гардиданд. Пешаки барои идора намудани ин дастгоҳо  гурухи коргарзанон  дар шаҳри Душанбе  аз тарафи мутахасисони  кордон  омузонда шуданд.  Айни ҳол онҳо  дар як шабонарўз   то 10 тонна махлули антисептики истеҳсорл менамояд.

Аз баски ноҳияи Дарвоз дорои  обҳои софи чашмасорон мебошад, бо истифода  аз ин атои худододи табиат як коргоҳ ба истеҳсоли обҳои ташнашикан машгул мебошад. Асали кўҳсорони Дарвоз низ шўҳратёр буда, то бунёд гардидани  коргоҳи коркарди асал, дар шакли ашёи хом ба савдо мерафт. Акнун асалпарварони на танҳо ноҳияи Дарвоз, балки дигар манотиқи вилоят имкон доранд ҳосили худро  ба корхона супурда, маблағи муайян ба даст оранд. Тавре маълум гардид, дар як баст то 650 кг махсулоти асал коркард мегардад. Дар назар аст, ки истеҳсоли  муррабо ва шарбат ҳам аз хосили боғҳои  Бадахшон  ба роҳ монда шавад.

Тоҷикисатон маконест, ки нисбати дигар манотиқи курраи замин ба оби фаровон дастрасӣ дошта, рўзҳои зиёди офтобӣ дорад. Бо истифода аз чунин имконот нерўи барқе, ки дар Тоҷикистон истеҳсол мегардад, аз ҳисоби обҳои равон барқароршаванда мебошад. Табиист, ки ин минтака дорои  нерўи зиёди энергияи сабз буда, ба табиат зарар намерасонад. Бо мақсади мусоидат намудан ба амалӣ гаштани яке аз барномаҳои стратегии давлат- ноил гаштан ба амнияти энергетикӣ дар ҳудуди ВМКБ чандин лоиаҳои аҳамияти иқтисодӣ дар ҳамдастӣ   бо шарикони рушд пиёда гаштанд.

Фахрӣ Шогунбеков ҳам кайд менамояд, ки  самти дигари афзалиятноки вилоят  ин рушди соҳаи энергетика мебошад, ки ба мушкилоти ҷойдошта нигоҳ накарда, дар ин соҳа мувафаққиятҳо дида мешавад.

Дурдастарин  манотики ҷумҳурӣ ноҳияи Мурғоб се сол кабл соҳиби барқи  хушсифат гардид. Бо супориши бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Чумхурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон   дар дарёи Оқсу нерўгоҳи баркӣ-обии хурд бо тавоноии  1,5 ҳазор кловат ба истифода дода шуд. Сокинони маркази маъмурии нохияи Мурғоб ва деҳаи  Кўҳнақурған бо барқ таъмин гардиданд. Мавҷудияти барқ ба сифати зиндагии мардум таъсири мусбӣ расонд. Дар маркази ноҳия 3 корхонаи хурди дўзандагӣ, як корхонаи чубтарошӣ ва нуқтаи таъмири автомобилҳо кушода шуданд. Бояд қайд намуд, ки ноҳияи Мурғоб дар баландии зиёда аз 3 ҳазор метр аз сатҳи баҳр  қарор дошта, табиати тунд дорад. Дар фасли зимистон дараҷаи хунукӣ дар баъзе мавридҳо аз 30 дараҷа ҳам мегузарад. Чунин хунукиҳо истеҳсоли нерўи барқро  коста мегардонад. Зеро ҳачми об дар дарёи Оқсу кам гашта, лозим меояд, ки фақат як дастгоҳи истехсоли барқ фаъолият намояд. Дар фасли тобистон  нерўгоҳи барқӣ-обии хурди Тоҷикистон бо тавоноии пурра кор мекунад.

  Дар мавзеи Субашии ҷамоати деҳоти Мурғоб бошад нерўгоҳи барқӣ-офтобӣ бо тавоноии 200 киловат ба истифода дода шуд. Рисолати асосии он дар фасли зимистон якчоя бо НОБ Тоҷикистон таъмин намудани сокинони Маркази ноҳияи Мурғоб ва деҳаи Кўҳнақурған бо барқ мебошад, арз медорад муҳандиси барқчӣ  Назира Ҳайдарова.

   Яке аз маконҳое, ки солиёни зиёд ба неруи барқ  дастрасӣ надорад деҳаи Аличури ноҳияи Мурғоб мебошад. Аличур аз маркази ноҳияи Мурғоб дар масофаи 100 километр ва маркази маъмурии вилоят 300 километр дур мебошад. Дар оғози солҳои 2000-ум аз тарафи давлат ва шарикони рушд барои оилаҳои эҳтиёҷманд батареяҳои офтобӣ дода шуданд, ки нерўяшон факат барои рўшноӣ мерасид.

Аз рўи иттилои Назира Ҳайдарова ширкати Помир энерҷӣ дар ҳамкорӣ бо шарикони рушд ният дорад, ки дар ояндаи наздик дар минтқаҳое, ки аз доираи  хизматрасонии шабакаи барқии мутамарказ дар каноранд, нерўгоҳҳои хурди барқӣ бунёд намоянд. Аз рўи мувофиқаи байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  ва СММ  бунёди 50 адад  нерўгоҳҳои хурди барқӣ дар манотиқи дурдасти ВМКБ дар назар аст, ки 24 тои он нерўгоҳҳои баркии офтобӣ мебошанд, арз медорад муҳандиси барқчӣ Назира Ҳайдарова. Бо сохта гардидани нерўгоҳи  бақии офтобӣ бо тавоноии зиёда аз 400 квт мушкилоти сокинони деҳаи мазкур  аз байн меравад.       

                                                                                     Наҷиба РАИМОВА