- Иҷтимоъ

АЗ РОҲСОЗИВУ НАҚЛИЁТ ТО ФАЪОЛИЯТИ МАСҶИДУ КАЛИСОҲОИ ДУШАНБЕ

Ҳаҷми умумии маблағгузорӣ ба 3,2 миллиард сомонӣ баробар гардидааст. Аз ҳаҷми умумии маблағҳои асосии азхудкардашуда 1 миллиард сомонӣ ё 31,3 фоиз ба маблағгузориҳои давлатӣ, 1,5 миллиард сомонӣ ё 46,5 фоиз ба маблағгузориҳои шахсӣ ва 716,9 миллион сомонӣ ё 22,2 фоиз ба сармояҳои хориҷӣ рост меояд”. гуфт, ин оморро рўзи 18-уми феврал муовини якуми раиси шаҳри Душанбе Амирхон Қурбонзода зимни нишасти матбуотии МИҲДи шаҳри Душанбе.

Иншоот ва роҳсозӣ дар Душанбе

Ба иттилои масъулини пойтахт соли гузашта 8 иншооти роҳсозӣ бо дарозии 19 километр, дар 2 иншооти ирригатсионӣ бо дарозии 3,1 километр, дар 1 адад иншооти соҳилмустаҳкамкунӣ бо дарозии 3,3 километр ва дар сохтмони 27 адад истгоҳҳои нақлиётии замонавӣ бо маблағи умумии 211,4 миллион сомонӣ корҳо пешбинӣ шуд, ки иҷроиши он ба 259,4 миллион сомонӣ баробар гардид. Дар кўчаю хиёбонҳои шаҳри Душанбе дар заминаи истгоҳҳои мавҷуда сохтмони 47 адад истгоҳҳои нави замонавӣ, аз ҷумла аз ҷониби МД «Раёсати сохтмони асосӣ» сохтмони 25 адад ба маблағи 7 миллион сомонӣ ва аз ҷониби МД «Раёсати сохтмон, азнавсозӣ ва таъмири роҳу кўпрукҳои шаҳри Душанбе» 22 адад ба маблағи 5,9 миллион сомонӣ бунёд гардид, қисмате дар марҳилаи анҷомёбӣ қарор доранд.

Инчунин ҳоло корҳои сохтмонии роҳи автомобилгард аз муҷассамаи Абўалӣ ибни Сино то дарвозаи ғарбии шаҳри Душанбе (эстакадаи Қарияи боло) бо дарозии 4,2 километр ба анҷом расонида шуда, мавриди истифодабарӣ қарор дода шуд. Сохтмони роҳи автомобилгарди назди бозори «Корвон» бо дарозии 1,85 км амалӣ гардида истодааст. Аз ҷониби Муассисаи давлатии «Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматӣ»-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 2 иншооти роҳсозӣ бо дарозии 1,7 километр ба нақша гирифта шуда,аз ин дар 1 иншооти роҳсозӣ бо дарозии 0,7 км корҳои сохтмонӣ ба анҷом расонида шуд. Дар доираи ҳамкориҳо миёни Тоҷикистон ва Ҳиндустон аз ҳисоби маблағҳои грантии давлати Ҳиндустон лоиҳаи «Сохтмони роҳи автомобилгард аз Дарвозаи Ғарбӣ то маҳаллаи «Чортут»-и пойтахт, ки тарҳи муштараки Тоҷикистону Ҳиндустон маҳсуб меёбад, бо дарозии 9,2 километр ва паҳноии аз 50 то 70 метр бо маблағи 46,5 миллион доллари ИМА ба нақша гирифта шуда, корҳо дар ин самт оғоз гардидааст.

Дар соли ҷорӣ бо ҳама намудҳои нақлиёт 10,1 миллион тонна бор кашонида шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 9,0 фоиз зиёд мебошад.

Дар ин давра бо нақлиёти автомобилии корхонаю ташкилотҳо новобаста аз шакли моликият ва нақлиётҳои шахсони воқеӣ, ки ба боркашонии тиҷоратӣ машғуланд 9,2 миллион тонна бор кашонида шуд, ки 91,8 фоизи ҳаҷми умумии боркашониро бо ҳама намудҳои нақлиёт ташкил дода, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 7,1 фоиз зиёд мебошад.

Хизматрасонии нақлиёт дар пойтахт

Соли 2020 бо ҳама намуди нақлиёт 286,7 миллион нафар мусофир дар шаҳри Душанбе кашонида шудааст. Аз ҷониби корхонаю ташкилотҳо новобаста аз шакли моликият, ки нақлиёти автомобилӣ доранд ва аз ҷониби соҳибкорони хусусӣ 266,8 миллион нафар мусофир кашонида шуд.

Муовини якуми раиси шаҳри Душанбе иброз дошт, ки хизматрасониҳо дар самти ҳамлу нақли мусофирон аз ҷониби 4 корхонаи коммуналии воҳиди давлатӣ, 17 ҷамъиятҳои хусусии нақлиётӣ ва 11 ширкати таксӣ амалӣ гардида истодааст. Ба сокинону меҳмонони пойтахт хизматрасонӣ тавассути нақлиёти истифодаи умуми автомобилӣ дар 83 хатсайрҳои мусофирбари ҷамъиятӣ, ки аз ин 26 адад автобусгард, 8 адад троллейбусгард ва 49 адад микроавтобусгард мебошанд, ба роҳ монда шудааст. Дар маҷмўъ 4940 адад нақлиёти истифодаи умуми мусофирбар, аз ҷумла 633 адад нақлиёти мусофирбари корхонаҳои коммуналӣ, 1557 адад микроавтобусҳои сектори хусусӣ ва 2750 воситаҳои нақлиёти сабукрави таксӣ дар тавозуни корхонаҳои нақлиётии пойтахт қарор доранд. Дар хатсайрҳои шаҳрӣ ҳамарўза то 340 адад автобус, 60 адад троллейбус, 1180 адад микроавтобуси сектори хусусӣ ва 1550 адад воситаи нақлиёти сабукрави таксӣ ба фаъолият сафарбар карда мешаванд.

Илова шуд, ки ҳоло 64 адад автобусҳои тамғаи гуногуни «ISUZU», 335 адад тамғаи «AKIA», 38 адад тамғаи «ЛиАЗ», 29 адад тамғаи «ПАЗ», 2 адад тамғаи«Кинг-лонг», 4 адад тамғаи «SAZ» ва 161 ададро «Троллейбус» дар хатгардҳои шаҳр фаъолият доранд. Ҳамчунин ҷиҳати ба низом даровардани фаъолияти воситаҳои нақлиёти автомобилии сабукрави таксӣ 2750 адад нақлиётҳои ширкатҳои кироякаши таксӣ бо намои зоҳирии ягонаи қабулгардида ранг карда шуданд.

Ҳоло дар хатсайри автобусгарду троллейбусгард пардохти роҳкиро ба пуррагӣ тариқи низоми электронӣ ба роҳ монда шуда, корҳо дар самти марҳилаи дуюми лоиҳа ҷиҳати ҷорӣ намудани низоми мазкур дар хатсайрҳои микроавтобусӣ оғоз гардидааст. Қобили зикр аст, ки ғайр аз ҷорӣ намудани корти электронӣ воситаи дигари пардохт ба истифодабарандагони нақлиёти ҷамъиятӣ бо истифода аз телефонҳои мобилӣ (смартфон) бо сабт намудани барномаи махсус мавриди истифодабарӣ пешкаш гардидааст. Аз оғози татбиқи низоми мазкур то имрўз зиёда аз 521,1 ҳазор адад кортҳои пластикӣ ба сокинону меҳмонон дастрас карда шуд.

Ҷойи кории холӣ ва бекорони маркази ҷумҳурӣ

Соли гузашта ба таъкиди муовини якуми раиси шаҳр тавассути мусоидати мақомоти меҳнат ва шуғли аҳолӣ 9387 нафар шаҳрвандони бекор бо ҷойи кор таъмин карда шуданд, ки аз ин теъдод 5343 нафарро занон ташкил дод. Тариқ квота 906 нафар шаҳрвандони ба ҳимояи иҷтимоӣ ниёздошта бо ҷойи кори доимӣ таъмин гардиданд. Бо мақсади омўзиши касбу ҳунар 2610 нафар шаҳрвандони бекор ба курсҳои кўтоҳмуддати касбомўзӣ сафарбар карда шуданд, 2262 нафарро занон ташкил доданд. Касбомўзии шаҳрвандон аз рўи 19 намуди касбу ихтисосҳои гуногун роҳандозӣ гардид.

Ҳамзамон, ҷиҳати паст намудани сатҳи бекорӣ дар ҳудуди шаҳри Душанбе 36 маротиба ярмаркаи ҷойҳои кории холӣ ташкил ва баргузор карда шуд, ки тавассути он 678 нафар шаҳрвандони корҷўй бо ҷойи кори доимӣ таъмин гардиданд. Бо мақсади дастгирии фаъолияти соҳибкории шаҳрвандони бекор дар ин давра ба 233 нафар шаҳрвандони бекор ба маблағи умумии 716,8 ҳазор сомонӣ кўмаки молиявӣ расонида шуд.

Иттилоъ дода шуд, ки дар шаҳри Душанбе дар соли 2020 шумораи нафақахўрон ба 57996 нафар расидааст, ки аз ин шумора 45136 нафарро нафақахўрони меҳнатӣ ва 12860 нафарро нафақахўрони иҷтимоӣ ташкил медиҳанд. Талаботи маблағгузории нафақа бо назардошти андухти нафақавӣ ва кўмакпулиҳо дар ин давра 297 миллион сомониро ташкил дод, ки ба ҳисоби миёна ба як нафақахўр 428,0 сомонӣ рост меояд.

Меҳмонхона, масҷид ва калисоҳои Душанбе

Дар шаҳри Душанбе фурудгоҳи байналмилалӣ, вокзали роҳи оҳан, 37 меҳмонхона, 57 тарабхона, 4 чойхонаи миллӣ, 32 маркази дилхушӣ, 25 бозор, 91 маркази савдо, 26 мағозаи фурўши армуғон, 17 боғи фарҳангиву фароғатӣ, 1 боғи ҳайвонот, 14 гулгашт, 5 кўли шиноварию истироҳатӣ, 204 кошонаи ҳусн ва 201 сартарошхона, 3 кохи фарҳангӣ ва 7 театри касбӣ, 10 осорхона, 6 китобхона, 23 ёдгориҳои бостонӣ, монументалӣ ва меъморӣ, 109 ширкати сайёҳӣ, фаввораҳои гуногун дар 37 мавзеи пойтахт, 306 муассисаи табобатию профилактикӣ ва 900 иншооти варзишии таъиноташ гуногун ҷойгир буда, ҳамарўза талаботи меҳмонони дохиливу хориҷиро қонеъ гардонида истодаанд.

Айни замон дар пойтахт 74 масҷид фаъолият доранд, аз ин шумора 19 масҷиди ҷомеъ, 55 масҷиди панҷвақта, инчунин 29 ташкилоти динии ғайриисломӣ амал мекунанд.

Нуралӣ КАРИМ,

Дашанбе