- Иҷтимоъ

Аҳмадзода: Ягон ваҷаб заминамонро ба ягон кас намедиҳем

Ягон ваҷаб заминамонро ба ягон кас намедиҳем ва ягон ваҷаб замини ҳамсоя ҳам даркор нест!- ин сухани раиси вилояти Суғд Раҷаббой  Аҳмадзода буд, ки  16-уми феврал зимни нишасти хабарӣ таъкид кард.

 Ҳамчунин Аҳмадзода оид ба баҳси марзи  Исфара ва в Ботканди Қирғизистон  гуфт, ки ин баҳс садсолаҳо идома дорад ва ҳалли он албатта бо роҳи дипломатӣ ва муросо роҳандозӣ мешавад. Чуноне ки мегӯянд “Ҳамсоя ба ҳаққи Худо баробар аст”.

Бо вуҷуди мавҷудияти баҳси марзӣ  мо бо мардуми кишвари қирғиз пеш аз ҳама дӯсту бародар ҳастем ва бояд ин дӯстиро нигоҳ дорем.

Овозаҳо оиди он ки гӯё мо  як қисми замини худро ба мардуми қирғиз медода бошем беасос ҳастанд. Ба ин овозаҳо набояд дода шавем. Мо ягон ваҷаб заминамонро ба ягон кас намедиҳем ва ягон ваҷаб замини ҳамсоя ҳам ба мо  даркор нест!

Ба ибораи дигар гӯем “Ворух Анклаф нест!”  ҳар як ваҷаб замин он эҳтиёт ва ҳимоя карда мешавад. Ворух, ки беш аз 40 ҳазор аҳолӣ дорад МИҲД-и вилояти Суғд ва дигар мақомоти дахлдор барои амнияти сокинони ин минтақа ва тамоми мардуми вилоят пайваста кушиш  ва чораандешӣ мекунад.

                                         Баҳс барои чӣ?

Ёдовар мешавем, ки даҳсолаҳост, ки сокинони деҳаҳои наздимарзии ду тараф дар шимоли Тоҷикистон то кунун барои замину роҳ,   чарогоҳ ва об ҷангу даъво ва хунрезӣ карда истодаанд. Дар замина ин гуна муноқишаҳои марзӣ чандин аскар ва сокинони осоиштаи мо захмӣ ва ҳатто кӯшта шуданд.  Доир ба масъалаи таъйину аломатгузории роҳу замин Комиссияи байнидавлатии ду кишвар оид ба делимитатсия ва демаркатсия, ташкил карда шуда, корбариҳо идома дорад.

Марзи байни Тоҷикистону Қирғизистон 976 километр аст, то кунун бештар аз нисфи он, ё 504 километр муайян ва аломатгузорӣ шудааст. Азбаски хати марз аз байни деҳаҳову роҳ ва ҳавлии мардум мегузарад, ду тараф бо вуҷуди гузашти солҳо натавонистанд, сари минтақаҳои баҳсбарангез ба мувофиқа расида,  хатти марзро кашанд.

Фарзона Муродӣ