- Кишоварзӣ

ҶАМШЕД ШАРИФЗОДА: КАДРҲОИ СОҲАИ КИШОВАРЗӢ ПИРАНД

Ҷамшед Шарифзода, муовини аввали раиси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Данғара зимни нишасти матбуотии раиси шаҳр рўзи 9 феврали соли 2021 иброз дошт, ки кадрҳои  соҳаи кишоварзӣ ҳама ашхоси аз 40 сола болоянд. Аксарияти хатмкардагони факултаҳои кишоварзӣ баъди хатми бахшҳои агарарии донишгоҳҳо ғайриихтисоси худ фаолият мекунанд, ки ин қобили қабул нест. Дар натиҷа соҳаи кишоварзӣ бе кадрҳои таҳсилкарда мемонад. Таҳсил дар бахшҳои аграрии донишгоҳи ҷумҳурӣ набояд аз се сол зиёд бошад. Хатмкардагон бошанд, бояд ҳатман камаш 5 сол тибқи ихтисоси худ иҷборӣ фаолият кунанд.

Мувофиқи маълумоти оморӣ гуфта шуд дар нишаст, ба ҳолати 1 январи соли 2021 шумораи умумии аҳолии ноҳия 165,7 ҳазор нафарро ташкил медиҳад, ки нисбат ба соли гузашта 4,8 ҳазор нафар зиёд мебошад. Ҳаҷми маҷмуйи маҳсулоти дохилии ноҳия бошад дар соли гузашта ба 2 миллиарду 602.1 миллион сомонӣ расида, суръати афзоиш нисбати соли 2019 –ум 106 фоиз ва ба ҳар як нафар аҳолии ноҳия 15,7 ҳазор сомонӣ рост меояд. Иҷрои нақшаи даромадҳои буҷетӣ 111,5 фоиз таъмин шуда ба буҷет 160,6 миллион сомонӣ ва нисбати соли 2019-ум 10,8 миллион сомонӣ зиёд мебошад.

Инчунин 2988 ҷойҳои нави корӣ таъсис дода шудааст. Ҳаҷми маҳсулоти корхонаҳои саноатӣ 1 миллиарду 672,8 сомонӣ расида, нисбати соли 2019-ум 32,6 миллион сомонӣ ва мутаносибан нисбат ба соли 2015 –ум 1,3 миллиард сомонӣ зиёд мебошад.

Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ 1 миллиарду 196,3 миллион сомониро ташкил додааст.