- Иҷтимоъ

141 зан даст ба худкушӣ задааст!

Дар шимоли кишвар дар соли 2020 дастикам 276 нафар даст ба худкушӣ ва  сӯйиқасд ба ҷони хеш кардаанд. Имрӯз зимни нишасти хабарӣ Додситони вилояти Суғд Хоҷазода Фурқат Файзалӣ гуфт, ки аз шумораи умумии нафарони даст ба худкушизада 141 нафараш занону бонувон ташкил медиҳанд.

Ба иттилои дотситонӣ барои расониданд ба худкушӣ 22 нафар ба ҷавобгарии ҷиноӣ кашида шуда, тафтишоти парвандаҳо дар ин самт идома дорад.

Ёдовар бояд шуд, ки ҷинояти худкушӣ ва одамкушӣ имрӯз на танҳо масъулини мақомоти додситонӣ ё дигар сохторҳои қудратии вилояти Суғдро нигарон кардааст, балки шаҳрвандони фаъолу қаторӣ ҳам нигаронӣ аз афзоиши ин ду намуд ҷинояти вазнин мекунанд. Зеро ҳарду ҷиноят ҳам ба канда кардани риштаи умри инсон сабаб мешавад.

Масалан дар соли 2020 дар вилояти Суғд 30 адад ҷинояти одамкушӣ ва 5 адад ҷинояти қасди одамкушӣ содир шудааст. Аз 30 ҷинояти одамкушӣ ё ин, ки содир шуд ба гуфти масъулини мақомоти прокуратураи вилоят парвандаи  3 ҷинояти одамкушӣ дар ихтиёри прокуратураи ҳарбӣ мебошад.

Сабаби бештари худкушиҳои занон  дар вилояти Суғд ба хушунати оилавӣ рабт дода мешавад. Масъулини Маркази бӯҳронии  занони «Гулрухсор» аксари занҳое, ки дар оила на танҳо аз ҷониби марди худ, балки аз ҷониби дигар аъзоёни оилаи шавҳар мавриди хушунат ва шиканҷа қарор мегиранд роҳи раҳоиро танҳо дар худкушӣ мебинанд.

Фарзона Муродӣ