- Иҷтимоъ

ҶАББОР РАСУЛОВ: РАИСИ НАВ БАҲСИ КӮҲНАРО ФУРЎ НИШОНД

Қудратзода Тоҳир Толиб дар нишасти хабариаш рўзи 10 феврал гуфт: “Беш аз як сол аст ки дар ноҳияи Ҷаббор Расулов ба ҳайси раис кору фаъолият дорам. Ҳар ҳафта ду рӯз мо рӯзи қабули шаҳрвандон  дорем. Хушбахтона то имрӯз ягон соҳибкор ё соҳибмулк бо шикоят аз бозори Ашроф ба мо муроҷиат накардааст. Аз ин ба хулосае расидан мумкин, ки ин баҳс ба охир расидааст.»

Ин баҳс солҳои 2017-2019 ба истилоҳ «ВАО-ро тарконда буд».

Аммо баъди дигар шудани раиси ноҳия решаи баҳс ҳам гӯё сӯхт. Дигар соҳибкоре бо шикоят дари редаксияи моро накуфт.

 Собиқ раис соҳибкорони бозори «Ашроф»-ро ба шўр оварда буд

  Соли 2014 собиқ раиси   ноҳияи Ҷаббор Расулов Комил  Салимзода ва додари ӯ  Акмал Буттаев бозори “Ашроф” ро бунёд карданду ба оромии соҳибкорон халал расониданд. Аз замони бунёди бозори “Ашроф” додарон кӯшиш карданд, ки соҳибмулкони бозори марказиро иҷборӣ ба бозори Ашроф баранд. Баҳсу судкашӣ ва ба қавле кашталкашӣ маҳз соли 2017 зиёд шуда дар сархатти расонаҳои хабарӣ қарор гирифт.

Шахсан ман ҳамчун журналист барои таҳлили масъала  2 сентябри то 11 сентябри соли 2017 ба бозори Марказии ноҳияи мазкур рафта будам. Шоҳиди онем, ки барои соҳибкорони бозори марказӣ рӯзҳои сахте буд. Чунки ба ҷои истироҳат кардан, онҳоро дар рузҳои истироҳатӣ  кормандони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия  ва кормандони милитсия бисёр  безобита карданд, таҳдиду фишор оварданд.  Ҳатто дар ин асно Ҳокимова Буйсуной ном зане, ки монеъи вайронкорӣ шуд қариб буд, зери булдозер монад. Ӯ машғули савдо буд, ки булдезор омада аз атрофи растаи ӯ кучонидани бозорро сар кард. Зан ба молу маҳсулоташ дилаш сӯхта хост пеши роҳи ин вайронкориро бигирад. Ҳамин вақт як корманди мақомоти милитсия ба сари ӯ даст бардошт. Хулоса бисёр соҳибкорон таҳти фишору таҳдид ба бозори «Ашроф» рафтанд. Дар бозори марказӣ фақат соҳибмулкон монданд.

Дигар ҳодисаи нохуб дар давоми 9 рӯз ин буд, ки барои соҳибкоронро кӯчонидан директори бозори сабзавот Ҷӯрабоев Бобурро ба ҳабс гирифта, ба соҳибкорони бозори сабзавот гуфтанд, ки агар накӯчанд мисли Ҷӯрабоев ҳар яки онҳоро низ  ҳабс мекунанд. Бечора соҳибкорон аз тарс бо вуҷуди хоҳиш надоштан, ба бозори “АШРОФ”  рафтанд.

Қонун дар қоғаз аст ё амалӣ ҳам мешавад?

Ин ҳам дар ҳолест, ки ба гуфтаи соҳибкорони бозор  раиси даври ноҳия ва  кормандони МИҲД-и ноҳия ваъда дода будаанд, ки дар бозори мазкур то соли 2035 метавонанд савдои худро ба роҳ монанд. Аммо санаи 06. 04. 17 зимни дар бозор будан мо шоҳиди он гаштем, ки як гурӯҳ кормандони ҳукумати ноҳия ба соҳибкорон маҷбурӣ огоҳинома медоданду як гурӯҳ сохтмончиён ба соҳибкорону харидорон аҳамият надода ба вайрон кардани бозор шурӯъ карда буданд. Дар моддаи 18-уми Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ҳимоя ва дастгирии соҳибкорӣ” оид ба  дастгирии давлатии соҳибкорӣ  гуфта шудааст:

-Такмили қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои соҳибкорӣ.

-Имконияти озодона амалӣ намуди ҳамаи намудҳои соҳибкорие, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ намудааст.

Ин ду самт далолат аз он медиҳад, ки ҳар соҳибкоре, ки дар асоси қонун фаъолияташро роҳандозӣ кардааст, илова бар ин самти кори ӯ ба талаботи СЭС ва хадамоти оташнишонӣ ҷавобгӯ аст, озодона фаъолият барад.

Аммо борҳо пайи таҳлили масъала ба бозор рафта шоҳиди маҷбурӣ ба бозори «Ашроф» кучонидани соҳибкорони бозори марказӣ шуда будем.

Ин баҳс солҳои 2017-2019 ба истилоҳ «ВАО-ро тарконда буд».

Аммо баъди дигар шудани раиси ноҳия решаи баҳс ҳам гӯё сӯхт. Дигар соҳибкоре бо шикоят дари редаксияи моро накуфт.

Ба баҳси кӯҳнаи нангине санаи 10 феврал зимни нишасти матбуотии раиси нави  ноҳияи Ҷаббор Расулов Қудратзода Тоҳир Толиб рӯшанӣ андохта гуфт:

Фарзона Муродӣ