- Тандурустӣ

ХАТЛОН. Аз ҷониби табибон 41 ҳолати коррупсиони рух додааст.

Сардори Раёсати тандурустии вилояти Хатлон Мирзовалӣ Раҷабзода дар нишасти матбуотӣ гуфт, ки дар соли гузашта 41 нафар табибон даст ба амалҳои корупсиони задаанд. Дар ин баробар қайд карда шуд, ки дар миқёси вилоят 18 ҳолати фавти модарон ҳангоми таваллуд ба қайд гирифта шудааст.

   Ҳамзамон иттилоъ дода шуд, ки дар соли рафта ҳарчанд, ки 24 муассиса дар соҳаи тандурустии вилоят сохта ба истифода дода шуда бошад ҳам, аммо 41 муассисаи ин ниҳод дар хона ё биноҳои бегона ҷойгир мебошад.

Хабарнигорон дар нишасти матбуотии Раёсати тандурустии вилояти Хатлон аз омилҳои корупсиони, ки дар ҳудуди вилоят 41 ҳолат асту нисбати соли қаблӣ афзудааст, изҳори нигаронӣ намуданд. Масъулин иттилоъ доданд, ки воқеан ин мушкилот вуҷуд дорад, аммо барои бартараф намудани ин камбудӣ корҳои мушаххас роҳандозӣ гардидааст.

                                  Аҳмади Раҳим «ПАЙК»