- Иқтисод

Суғд:Чаро “Криптовалюта”-ро дар боғчаи багачон пинҳон карданд?

Яке аз масъалаҳои мубрам дар нишасти хабарии Раёсати андози вилояти Суғд ин ба ҳар роҳу восита аз адоз саркашӣ кардан ва роҳҳои ғайриқонунию пинҳониро истифода бурдани соҳибкорони андозгурез буд. Бино ба иттилои масъулини  Раёсати андози вилояти Суғд Исроил Наимов ашхосе, ки ба фаъолияти ғайриқонунӣ оид ба хариду фурӯш ва истеҳсоли асъори электронии “Биткоин” (криптовалюта) машғул буданд, ошкор карда шуданд.

Ҷузъиёти ин ҷиноятро Наимов чунин шарҳ дод: “Дар самти пешгирии ғайриқонунӣ оиди хариду фурӯш ва истеҳсоли асъори электронии “Биткоин” (криптовалюта) якҷоя бо кормандони Шӯъбаи Раёсати мубориза бо ҷиноятҳои муташаккилонаи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд санаи 30 декабри соли 2020 аз шаҳрванд Абдураҳмонов Шуҳрат истиқоматкунандаи шаҳри Истаравшан, кӯчаи Сайидо №28 ба миқдори 39 адад таҷҳизоти насбкардашуда барои истеҳсоли “Биткоин” дарёфт ва мусодира карда шуд.

 Бояд қайд кард, ки 15 бастаи он аз манзили истиқоматии Абдураҳмонов Шуҳрат ва 24 адади дигараш аз бинои боғчаи бачагонаи шаҳри Истаравшан дарёфт гардиданд.

Тибқи баёноти Абдураҳмонов Шуҳрат таҷҳизоти мазкур 11 моҳ инҷониб фаъолият намуда истода, даромади якрӯзаи як комплекти (баста) он маблағи 40 доллари ИМА-ро ташкил медиҳад. Мувофиқи маълумотҳои шабакаи барқ хароҷоти қувваи барқи масрафшуда дар давоми 11 моҳи соли ҷорӣ зиёда аз 516 ҳазор сомониро ташкил  медиҳад.

Пинҳонкунии 173 адад таҷҳизот дар Расулов

Санаи 31 декабри соли ҷорӣ бо ҳамроҳи гуруҳи кории Раёсати андоз ва Кумитаи андоз аз манзили истиқоматии сохтмонаш нотамом воқеъ дар ноҳияи Ҷаббор Расулов, ҷамоати деҳоти Ғулакандоз, ҳудуди лагери “Лола” фабрикаи истеҳсоли асъори электронии таҷҳизоти насбкардашуда барои истеҳсоли “Биткоин” (криптовалюта) ошкор карда шуд. Баъди тасдиқи пурра, барои барасмиятдарории якҷояи фаъолияти ғайриқонунӣ намояндагони Шӯъбаи Раёсати мубориза бо ҷиноятҳои муташакилонаи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд  даъват карда шуданд.

Дар натиҷаи азназаргузаронӣ дар манзили истиқоматии мазкур 173 адад таҷҳизоти истеҳсоли “Биткоин” (криптовалюта) 170 адад таҷҳизоти насбкардашуда ва се адад таҷҳизоти истифоданашуда дарёфт ва мусодира карда шудааст.

Фарзона Муродӣ