- Фарҳанг

Истиқлол: Шаҳраки нав бунёд карда мешавад

Дар шаҳри Истиқлол  (собиқ Табошаҳр) маҳалла ё худ шаҳраки нав бунёд карда мешавад. Он аз ҳисоби заминҳои ғайрикишоварзӣ ҷудо гардида ба сокинони эҳтиёҷманд тақсим карда мешавад. Дар ин бора иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Истиќлол Даврон Зоҳидзода  зимни нишасти матбуотї ба хабарнигорон иттилоъ дод. “Имруз барои бунёди хонаҳои истиқоматӣ ва ҷудо гардидани қитъаи замин ба сокинон бо мақомотҳои  болоӣ гуфтушунид идома дорад.»

Масъалаи дигари пурбаҳстарини нишасти матбуотӣ дар  шаҳри Истиқлол ин баланд будани афканишоти дараҷаи  радиатсионӣ аз ҳисоби мавҷудияти уран буд. Аммо масъулин мегуянд, ки ҳамасола баҳри пешгирӣ аз партови моддаҳои химиявӣ мақомот кушиш дорад ва ҳоло аҳолии ин минтақа дар мавзеъи бехавф зиндагӣ мекунанд. Яъне дараҷаи афканишоти радиатсионӣ дар шаҳр ба меъёрҳои стандартӣ  ҷавобгӯ аст. 

Фарзона Муродӣ