- Маориф

ДОНИШГОҲИ КЎЛОБ БО ОБИ ОШОМИДАНӢ ТАЪМИН ШУД

   8- феврал Мирализода Абдусалом, ректори Донишгоҳи давлатии Кўлоб ба номи А. Рўдакӣ дар оғози нишасти матбуотии донишгоҳи зери роҳбарияш аз хушхабар оғоз кард. Мавсуф иттилоъ дод, ки «Соли 2021-ро коллективи донишгоҳ бо қадами бисёр нек пешвоз гирифтанд. Ин ҳам бошад ба истифода додани чоҳи амудӣ барои бо об таъмин намудани донишгоҳ, махсусан хобгоҳи донишҷўён мебошад.»

   Мавриди зикр аст, ки тобистони соли гузашта бо ташаббуси ректори донишгоҳ хобгоҳи донишҷўён таъмиру тармим шуда, қубурҳои обу ташноб пурра иваз карда шуда, дар ҳаммом ва ташнобҳо лавозимоти зарурӣ насб гашт. Ин шароит имкон медиҳад, ки об то ба қабатҳои болоии хобгоҳ барояд ва бошандагони он бе мамоният ба оби ошомиданӣ дастрасӣ пайдо кунанд.

   Тибқи варақаи маълумотӣ дар ДДК 4 раёсат, 5 шуъба, 6 марказ ва 10 факултет амал карда, шумораи донишҷўён дар таълими рўзона ба 7382 нафар мерасад. 562 нафар омўзгорон дар донишгоҳ дарс мегўянд.

   Ҳамзамон дар рафти нишасти матбуотӣ зикр шуд, ки новобаста ба душвориҳои молиявӣ Раёсати донишгоҳ расонидани кумакпулиҳоро аз мадди назар дур намегузорад. Ба иловаи кумакпулиҳои ташкилоти Иттифоқи касабаи донишҷўён, ба 41 нафар ятимони кулле, ки ба дастгирӣ ниёз доранд, аз ҳисоби фонди идрорпулии донишҷўён дар маҷмўъ ба маблағи 23275 сомонӣ ёрии молиявӣ расонда шуд.

Худойдоди Ислом