Давоми соли 2020 барои Донишноҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров соли пурталафот барои омӯзгорон буд. Бино ба иттилои масъулини донишгоҳ дар соли 2020 дастикам 24 нафар омӯзгори даргоҳи мазкур бо сабабҳои гуногун фавтидаанд.
Ба гуфти муовини ректори донишгоҳ аз ин шумора, 4 нафар бо сабаби бемории илтиҳоби шадиди шуш фавтиданд. Инчунин 258 нафар дар вақти пандемия ба дарсҳо иштирок карда натавонистанд. Аз ин шумора 203 нафар омӯзгор аз оғози пандемияи Ковид -19 бо пешниҳоди варақаҳои тиббӣ мавриди карантин қарор гирифта, муваққатан фаъолият накарданд.
Некруз Раҳматов