- Фарҳанг

Шариф Бедаков, санъатро куштанӣ бошед, ба низоми тестӣ гузаред

  2-юми феврал нишасти матбуотии Муассисаи давлатии «Коллеҷи ҷумҳуриявии санъати шаҳри Кӯлоб» ба номи Кароматуллоҳ Қурбонов баргузор шуд. Масъалаҳое, ки аз ҷониби рӯзноманигорон зери таваҷҷӯҳ ва пурсиш қарор гирифтанд, аз рӯи низоми анъанавӣ қабули донишҷӯён ба коллеҷ, таъсиси шуъбаҳои нави ҳунарӣ дар оянда ва пас аз як соли фаъолият нуқсон пайдо намудани маркази гармидиҳӣ дар муассиса буд.

   Шариф Бедаков, директори коллеҷ иттилоъ дод, ки соли 2020 новобаста ба паҳншавии бемории ҳамагири Ковид-19 дар ҷаҳон ва кишвар барои коллектив ва донишҷӯёни коллеҷ хотирмон буд. Зеро дар ҳама чорабиниҳои шаҳрию вилоят, озмунҳо ва қабули меҳмонони олиқадр устодону донишҷӯёни коллеҷ ширкат варзида, аз худ ҳунару маҳорати воло нишон дода, номи коллеҷро муаррифӣ сохтанд.

   Ибтидо ба суоли хабарнигори рӯзномаи «Омӯзгор» Шарифи Абдулҳамид: «Чаро Коллеҷи санъат барои қабули довталабон ба низоми тестӣ намегузарад?»-  Шариф Бедаков чунин посух дод:

“Ба низоми тестӣ гузаштани коллеҷ зарурат надорад, зеро, ки барои мо довталаби маҳоратдор лозим. Барои қабули довталабон ба коллеҷ донистани илми ҳисоб не, балки ҳунару маҳорат лозим. Санъат истеъдодро талаб мекунад. Ба низоми тестӣ гузаштан, маънои куштани санъатро дорад.” Инҷо бояд дуруст фаҳмид, ки мавсуф ин гуфтаро на барои ҳама муассисаҳои олии кишвар, балки Муассисаҳои таълимии фарҳангӣ, хоса Коллеҷи ҷумҳуриявии санъати шаҳри Кӯлоб медонад.

   Ҳамчунин ба суоли мо, аз чӣ сабаб маркази гармидиҳӣ дар коллеҷ аз кор мондааст?- мавсуф гуфт: “Пас аз як соли фаъолият маркази гармидиҳӣ дар муассиса нуқсон пайдо карда аз кор мондааст. Обе, ки бояд ба биноҳо барояд, гум шудааст. Аз сабаби фаъол набудани нуқтаи гармидиҳӣ барои замистонгузаронӣ мо синфхонаҳоро бо генераторҳои барқӣ таъмин кардем.” Шояд маркази гармидиҳии колеҷи номзикр бо харҷи ҳазорҳо сомонӣ сохта шудааст, аммо бо кадом иллате он аз кор мондааст. Ҳайфи пули сарфшуда, ки нуқтаи гармидиҳӣ як сол беш фаъолият накарда нуқсон пайдо кард.

   Дар интиҳои нишасти матбуотии хеш масъулини коллеҷ аз таъсиси шуъбаҳои нави ҳунарӣ, аз ҷумла, вобаста ба Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумиро дар оянда ваъда доданд.    

Худойдоди Ислом