- Иқтисод

Иттиҳоди беҳдошти замин 12 млн қарздорӣ ва техникаҳои корношоям дорад

   Ин нукта рўзи 2-юми феврал дар нишасти хабарии Иттиҳоди беҳдошти замин ва обёрӣ дар минтақаи Кўлоб аз ҷониби масъулон садо дод. Дар ҳар як нишасти матбуотии иттиҳоди мазкур камбудиҳо аз беҳбудиҳо дида омори зиёд доранд.

  Амирхон Маҳсуддинов, сардори ниҳоди мазкур иттилоъ дод, ки қарзҳои аз солҳои боқимонда аз ҳисоби истифодаи нерўи барқ ва пардохти ҳаққи андоз аз болои Иттиҳоди беҳдошти замин ва обёрӣ дар минтақаи Кўлоб нигаронкунанда аст. Аз ҷумла 10 миллиону 260 ҳазор сомонӣ қарздорӣ аз ҳисоби пойгоҳҳое, ки барои интиқоли об нерўи барқро истифода намудаанд ва 2 миллиону 318 ҳазор сомонӣ аз ҳисоби пардохт нашудани ҳаққи андоз аст.

   Бояд зикр кард, ки як самти асосии фаъолияти дуруст ва хизматрасонии иттиҳоди болозикр доштани техникаҳои корӣ ва дар ҳолати корӣ қарор доштани он аст. Ин масъаларо ҳам рўзноманигорон мавриди пурсиш қарор доданд.

   Маҳсуддинов дар идома гуфт, ки “Иттиҳоди беҳдошти замин ва обёрӣ дар минтақаи Кўлоб дар тавозуни худ 76 адад техникаҳои корӣ дорад. Аз ин миқдор 39 ададаш коршоям ва боқимонда корношояманд. Яъне 50 фисади техникаҳо қобилияти истифода бурданро аз даст додаанд.”

   Воқеан ҳам дар ҳавлии идораи мазкур техникаҳои вайронаву корношоям солҳост, ки хобидаанд. Ҳатто техникаҳое, ки имкони барқарор карданашон нест, то ҳол аз эътибор соқит нашудаанд. Бо ин гуна шароити номусоиди корӣ чӣ тавр вазъи заминҳои кишт беҳ ва обёрӣ карда мешаванд?!

«Пайк»