- Иқтисод

Раис 1700 сомонӣ маош мегираду 1500 сомонӣ ҳаққи барқ пардохт мекунад?

Бозори Султони Кабир 245 ҳазор ҷарима шуд

   Дирўз Маҳмудзода Ғайратшо Мерган, сардорифилиали ҶСК «Шабакаҳои тақсимоти Барқ» дар шаҳри Кўлоб зимни нишасти ниҳодаш қайд кард, ки имсол нақша  7408,4 сомонӣ буд, ки иҷроиши он ба 9124,5 шуд, ки баробар ба 123% аст.

   Ба суолҳои хабарнигорон, иллати таъмин нагардидани  ноҳияҳои дурдаст бо нерўи барқ дар чист? Маҳмудзода гуфт, дар ҳақиқат ин мушкилот ҳаст ва бояд гуфт, ки Барқи Тоҷик қудрати таъмин кардани таҷҳизотҳоро надорад. Ба гуфтаи Маҳмудзода солҳои тўлонӣ истифода шудани таҷҳизотҳои техникӣ боиси талафоти бештари нерўи барқ гаштааст.

   Хабарнигорон суол гузоштанд, ки дар ҳамбастагӣ ба муроҷиатномаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ШСХ «Барқи тоҷик», барои сарфа гардидани нерўи барқ чӣ корҳо ба анҷом расонида шуд? Ин нуктаро Мирзоев Сайвалӣ сардори Хадамоти фўруши барқ дар минтақаи Кўлоб чунин шаҳр дод: «Дар ин муддат як қатор корҳоро ба анҷом расонидем. Аз ҷумла 352 ҳолати қоидавайронкуниро ошкор ва қонуншиканонро ҷаримабандӣ намудем. Ёдовар мешавем, ки нерўи барқ дар ин муддат 13 миллиону 866 ҳазор киловатт-соат сарфа гардид. Дар ҳамин давра ҳангоми санҷишҳо дар якҷоягӣ бо кормандони мақомоти қудратӣ барқи 2071 муштариро барои пардохт накардани ҳаққи истифодаи нерўи барқ то ислоҳи камбудӣ хомўш кардем. Мирзоев дар идома гуфт, ки 17 маҳаллаи навбунёд бо трансфарматор таъмин карда шуд.»

   Ин дар ҳолест, ки сокинони чанде аз маҳаллаҳои навбунёди атрофи Кўлоб аз харидории трансформатори маҳаллаашон, ки бо маблағҳои ғундоштаи сокинон насб шудааст, хабар додаанд.

   Мирзоев ҳамчунин дар идомаи суҳбаташ гуфт, моҳи гузашта ҶДММ «Алишер АСК», яъне бозори «Султони Кабир» дар ноҳияи Восеъ аз ҷониби кормандони мо ба маблағи 245 000 сомонӣ ҷарима шуд. Ҳарчанд, ки муштарӣ розигӣ надод, санад тартиб дода шуд.

   Мирзоев мегўяд, сабаби хомўш кардани барқи аксари сокинон дар пурра пардохт нагардидани ҳаққи истифодаи барқ аст. Ў гуфт, ман танҳо аз ҳисоби хонаи истиқоматиам дар як моҳ то 1500 сомонӣ ҳаққи истифодаи барқро пардохт мекунам. Бовар нокарданист.

Дар ҳоле, ки ин масъул ҳамагӣ дар як моҳ то 1700 сомонӣ моҳона мегираду 1000-1500 сомонии онро ҳаққи нерўй барқ месупорад. Ин то куҷо дуруст аст, суолест матраҳ ба масъулони болоии Ширкат?

Муҳаммади МУСАВӢ