- Фарҳанг

59 солагӣ муборак, устод Аҳмад Иброҳим!

Чунончи дар шумораи гузаштаи ҳафтавор ишора шуд, дар моҳи январ дар Кӯлобшаҳр се шахсияти бузург ва хизматнишондодаи соҳаи адабиёт ва журналистика тавлид шудаанд. Яке аз ин ашхос рӯзноманигори беҳтарини ҷумҳурӣ ва минтақаи Кӯлоб, шахси донишманду фозил, марди зиндадил ва хушсухан, устоди маънавии рӯзноманигорони ҷавони соҳаи матбуот ва муассис ва сармуҳаррири ҳафтаномаи ҷамъиятӣ-сиёсӣ ва мардумии «Пайк» устоди гиромӣ Аҳмади Иброҳим аст. Устод рӯзи 30-юми январ ба синни мубораки 59 солагӣ қадам мегузоранд.

Бо устод аз замони дар курси якуми дар донишгоҳ хонданам шинос шудам. Вақте дар риштаи рӯзноманигорӣ таҳсил мекардам, дар баробари дарсҳои назариявӣ мебоист даст ба амал мезадам ва таҷрибаи рӯзноманигориро аз худ мекардам. Аз ибтидо ҳаваси дар матбуот кор карданро доштам. Бо маслиҳати дӯстон рафтам ҷониби ҳафтавори «Пайк». Устод Аҳмади Иброҳим аз ибтидо ман ва мисли ман чандин ҷавонҳои навқаламро ба хушӣ дар редаксия пазируфту алифбои журналистикаро баромон омӯхт. Матлабҳои шогирдона навиштаамонро, ки мӯҳтавои хонданашон хеле паст буд, таҳрир карда, барои ислоҳ тавсия медоду ислоҳамон мекард ва то ҳол ҳар чиро, ки сарфаҳм наравем албатта аз эшон мепурсем. Нисбати корамон хеле ҷиддӣ асту сахтгир. Ҳар ки ростқавл асту ростгӯю ростпеша устод хеле дӯст медоранд. Аз мактаби журналистикаи эшон гузаштем.

Устод Аҳмади Иброҳим, барои мо шогирдон на танҳо устод ва сармуҳаррир, балки падари маънавӣ низ ҳастанд. Ҳар нуқсону нофаҳмие дар ҷойи кор ва ҳаёт мешавад, устод ҳамеша маслиҳатдиҳандаву дастгирамон аст.

Дастбахайр будан яке аз хислатҳои хоси устод аст. Ҳеҷ вақт чунин намеҳисобад, ки корманди ҳафтавор маош мегирад. Ҳар қадаре имкон дорад, ба кормандон кумаки пулию молӣ мекунад. Дар тӯю сур ҳамеша дастгиркунандаи мо аст. Ҳар нафари муҳтоҷи ба ҳафтавор омадаро ноумед насохта ҳадди ақал бе роҳпулӣ равон намекунанд.

Кору пайкор ва амалҳои неку хотирмони ин нафари некном ва журналисту номвару устоди азиз бешуморанд. Суханро ба дарозо набурда, хотираҳои нек ва амалҳои накӯи усродро аз забони худи шогирдон бихонед.

Баҳриддин САНГИМАДОВ, саҳифабанди ҳафтавор;

Дар фаъолияти кориям бо чанде аз муҳаррирону сармуҳаррирон кор кардам. Бо устод Аҳмади Иброҳим кор кардан осотар аст, чун ки устод як шахсияти идаелӣ аст. Дар иҷрои корҳои редаксия аз кормандон дақиқкорӣ ва масъулияти баландро талаб мекунад. Зеро ин хислатҳо ба худашон хос аст. Дар кору зиндагӣ ҳамеша хушчақчақу маслиҳатдиҳандаву пешбар аст, барои мо шогирдон. Лаҳзаҳои гуворову хотирмон ҳамроҳи устод бисёр дорем.

Шарифхони ТАҒОЙМУРОД, Масква

СПЕЦқисса

Нав аз Маскав баргашта будаму хостам устод Аҳмади Иброҳимро, ки бисёр нону намакашро хӯрдаем, як зиёфат диҳам. Устод ҳамеша ҳамроҳи Устод Аслиддин Достиев аст. Хулоса рафтам редаксияву хона даъваташон кардам устодонро, ки розӣ нашуданд. Гуфтанд: сағераи мурда (хасис) онҷадар зиёфат доданӣ бошӣ, рафтем ягон ошхона. Розӣ шудам. Рафтем дар як ошхонаи наздик ба редаксия ҳарчӣ диламон хост фармудем. Ба таъбире «ташкилӣ КРУТОЙ» буд. Баъде, ки хостем пулашро пардозаму пешхизматро даъват кардем, хонуми пешхизмат гуфт: акаи Аҳмад, роҳбарияти ошхона шуморо аз дур дида дастур дод, ки бигзор Устод Аҳмади Иброҳим як рӯз меҳмонӣ мо бошанд, пулашонро нагиред имрӯз! Дуо кардему хестем ва баъдан Устод маро гуфт: ҳар рӯз ҳаминҷо аз ҳисоби худамон хӯрок мехӯрдем, касе парвоямон надошт, имрӯз, ки аз ҳисоби як сағераи мурда хостем хӯрок хӯрем, боз пулашро нагирифтанд! ЗОДРӮЗИ УСТОД АҲМАДИ ИБРОҲИМ МУБОРАК!

Худойдоди ИСЛОМ,

Лаҳзаҳои хотирмон ва кумаку дастгирии устод нисбати шогирдон ва кормандони ҳафтавр ва умуман дилхоҳ нафар назаррас аст. барои мисол як лаҳзаи хотирмон ҳеҷ аз ёдам намеравад.

Моҳи июни соли 2020 рӯзе дар редаксия ҳамроҳи кормандон нишаста будам, ки устод аз ҳуҷраи корӣ баромаду ба ман Хитоб карда гуфт: Худойдод, кай зан мегирӣ тӯютро бихӯрем. Гуфтам устод дар ин вазъияти сахти коронавирус шароит бад аст. устод табассум карду дар ҷавоб гуфт, ту арӯсро ёб, он тарафашро ҳам мекунем. Хулоса устод дастгирӣ молӣ карданду кор қариб ки ҳал шуд. Аммо падари духтар, пойро дар як мӯза андохта, то духтарам донишгоҳро хатм накунам, шавҳараш намедиҳам.

Ҳафтаи дигар боз устодро дидаму гуфт, арӯс чӣ шуд? Гуфтам устод арӯсро ёфтаму падараш розӣ нест. Рақамҳои телефони падарашро бидеҳ, худам суҳбат мекунам, таъкид кард устод. Бовар кунед, падари арӯс он қадар якравӣ мекард, ки хаёл мекардам агар як каф тиллояш диҳӣ духтарашро намедиҳад. Хушбахтона бо кордонию хушсуханӣ, сухани мардонавор ва устод дили падарарӯсамро ёфту барои хостгорӣ рафтан розияш кард. Аввал Худову дуюм ҳамин мардонагӣ, инсондӯстӣ, дастгириҳо, мусоидат ва ғамхории устод Аҳмади Иброҳим буд, ки беҳтарин хурсандии рӯзгор насиби банда шуд.

Исломи РАҶАБАЛӢ,

Устод Аҳмади Иброҳим пеш аз ҳама марди накӯ, инсони наҷиб, хоксор, шуҷоъ ва ҳақиқатҷӯй аст. Шиораш танҳо ҳақиқат гуфтану ба Ватан содиқ будан аст. Аз касе чашми тарс надорад. Яке аз беҳтарин ливобардорони журналистикаи тоҷик аст. Устод Аҳмади Иброҳим буд, ки имрӯз журналистика дар вилояти Хатлон рушд кард. Даҳҳову садҳо нафар аз ҷавононро дар соҳаи журналистика тарбия карду ба майдони журналистика овард. Аз ҳама муҳим саҳми эшон дар тарбия намудани журналистони ҷавон бағоят калон аст. Заҳмату талошҳои бесобиқаи ӯ буд, ки имрӯз шогирдонаш дар бонуфузтарин нашрияҳои давлатӣ ва берун аз он кору фаъолият доранд. Банда низ дар қатори дигар рӯзноманигорони ҷавон тарбиятгирандаи мактаби устод Аҳмади Иброҳим мебошам. Соҳаи журналистикаро аз эшон омӯхтам. Имрӯз ин нависандаи хушсалиқа, рӯзноманигори ҳирфаӣ ҷашни зодрӯз доранд. Ба устод пеш аз ҳама саломатӣ, умри дароз ва хонаи ободро таманно дорам. Мавлуд хуҷаста бод, устод Аҳмади Иброҳим!!!

Суннати СОДИҚ,

Агар чанде аз устод Аҳмади Иброҳим таърифу тавсиф кунем кам аст. Зеро ҷасорату маҳорат ва ҷавонмардии ӯро на дар ҳама мардҳо дидан мумкин аст. Яке аз журналистони ҳирфаи дар минтақаи Кӯлоб ва умуман дар ҷумҳурӣ ба ҳисоб меравад. Дасти чандин ҷавононро дар ҷодаи журналистика гирифта, чӣ будани ВАО-ро ба онҳо омухтааст. Ман ифтихор мекунам, ки дастпарвар ва шогирди устод Аҳмади Иброҳим ҳастам. Устод бисёр шахсияти раҳмдиланду саховатпеша. Чанд сол қабл дар маҳаллаи Заринкӯҳ бо ду дӯстам интизори маршрут будем. Ҳаво гарм буд, чанд мошинро манъ карда, хоҳиш кардем, ки то «Автовозали» Кӯлоб моро бурда расонед. Вале савора парвои пиёда надорад. Ногоҳ як мошини тамғаи «Мерседес-бенз» дар назди мо манъ карду гуфт -Кадом тараф меравед, ошно? Мо дар ҷавоб гуфтем, ки Автовокзали Кӯлоб. Гуфт шинед, ман ҳам ҳамон тараф равонам. Хуллас, дар мошин нишастему ба роҳ баромадем. Дар «плейлист» суруди Аҳмади Зоҳир гузошта шуда, ҳамроҳаш устод месароиданд. Ҳаққи роҳкиро дароз кардем. Ман «такси» не ошно. Боз ба мо пул доду гуфт, ки рафта аз мағоза яхмос харида хуред. Дар он шабу рӯз бародарам Ёқуби Содиқ хабарнигори ҳафтавори «Пайк» буд. Исми Аҳмади Иброҳим барои ман ошно буд. Зеро, ки зиёд мақолаҳои устодро мутолиа мекардам. Ва мухлиси мақолаҳои устод Аҳмад Иброҳим будаму ҳастам. Мавлуд хуҷаста бод, устод Аҳмади Иброҳим. Зодрӯз ҳумоюн бод.

Муҳаммади МУСАВӢ,

Тули ҳафт сол мешавад, ки бо устод ҳамчун шогирд фаъолият дорам ва дар ин муддат аз устод дарси ҷавонмардию ватандустиро омӯхтам. Ёдам ҳаст, ки чанд сол қабл душманони давлат аз худи Раққаи Сурия ба устод таҳдид карданд. Устод ончунон ба онҳо посух дод, ки ҳеҷ гоҳ аз хотирам намеравад!

Воқеан ҳам мисли устод ҷавонмард ками дар кам ба назар мерасад. Дар ҳақиқат устод як шахси поквиҷдон ва ҳақиқатҷӯ аст! Зодрӯз муборак устод-падар. Худо кунад, ки ҳеҷ гоҳ каму ғамро набинӣ ва мисли ҳозира болои сари мо бошӣ, БОШӢ, КИ БОШЕМ!!!

Маҳмудҷон РАҲМАТЗОДА,

   Устод Аҳмади Иброҳим, яке аз журналистони пуриродаи Тоҷикистон ба ҳисоб меравад. Устод ҳарчанд дар музофот фаъолият мекунад, вале мактаби хоси журналистии ӯ дар тамоми Тоҷикистон шинохта ва эътироф шудааст. Бале эҳсос мешавад, зеро ҳар шогирде, ки омода кардааст, дар роҳи журналистика муваффаҷ шудаанд. Банда соли 2009 вориди мактаби устод Аҳмади Иброҳим гардидам ва ин мактаб маро дилгарм кард, то дар журналистика бимонам ва кори худро идома диҳам. Хислатҳои хуби устод буд, ки ман дар журналистика мондам ва корамро идома додам. То соли 2012 ҳарчанд дар дигар бахши ВАО кор мекардам, вале бе раҳнамоии устод ин корҳоям анҷом намешуд. Баъди соли 2012 камина ба хизмати модар-ватан ҷалб шудам ва дере нагузашта овозаи таъсиси ҳафтаномааш то ба қисми ҳарбӣ расид. Таъсиси ҳафтанома маро дучанд рӯҳбалад мекард. Баъди адои хизмат, омада дар ҳафтанома аз сари нав мисли навҷалам корро шурӯъ кардам, он ҳам бо дастгириҳои устод Аҳмади Иброҳим. Ҳамин мактаби мардонагӣ ва устувори устод буд, ки то ҳол ҳафтаномаи “Пайк” хонандаи худро дорад. Хулас суханро ба дарозо намекашем, аммо ҳаминро мегӯям, ки касе аз мактаби устод Аҳмади Иброҳим гузштааст, ба кори худ муаваффаҷ шудааст. Аз ин рӯ, устоди азизро, ки рӯзи 30-юми январ зодрӯз дорад, табрику таҳният гуфта, мо шогирдон орзуи онро дорем, ки ин мактабе, ки устод ташкил кардааст, бо роҳбарияш 100 солаҳо пойдор бошад. Зодрӯз муборак устоди азиз!

Ёдовар мешавем, ки устод Аҳмади Иброҳим 30 январи соли 1962 дар кӯчаи Нонбои Поёни шаҳри Кӯлоб ба дунё омадааст. Ва дар ин сана имсол ба синни 59 солагӣ қадам мегузоранд. Мо ҳамаи шогирдон ба устод тандурустӣ, умри бардавом, умри саъдиёна, амалишавии орзую омолҳои боқимонда ва хушрӯзию хушрӯзгориро орзумандем. Ҳеҷ гоҳ каму ғамро набинед.

   Умри инсон агар ҳафтод бод,

   Умри Шумо ҳафтод андар ҳафтод бод.

   Милоди умр муборак устоди гиромӣ!