- Тандурустӣ

Дар КАТС-и Восеъ камбудиҳо зиёданд, масъулият кам

   Чанд рӯз қабл дар ҳафтавори «Пайк» ва сомонаи он маводе бо номи «Хунукназарии сартабиби КАТС-и Восеъ оид ба пешгирии коронавирус» нашр шуда буд. Дар матлаб муаллиф аз боби бетарафии масъулини Маркази саломатии ноҳия дар мавриди пешгирии коронавирус ва риоя нашудани талаботи пешгирии он ёдрас мешуд. Ҳамзамон роҳҳои ҳалли масъала дар мавод зикр шуда буд. Муроҷиати дигарбораи мо оид ба ҳалли камбудиҳо нишон дод, ки масъулини маркази мазкур баҳри ҳалли мушкилот сари мўе наҷунбидаанд.  

   Зимни як тадқиқоти мо аз марази саломатӣ дар ноҳияи Восеъ маълум гардид, ки ин макон на онқадар талаботҳои санитарию гигиениро риоя мекунад.

Дар маркази саломатии ноҳия 977 нафар кормандони хурду миёна фаъолият доранд. Бояд гуфт, ки норасоии мутахассисон дар ноҳия ба назар мерасад, марказ дорои 4 адад мошинаҳои ёрии таъҷилӣ мебошад, ки аз инҳо як ададаш фаъолият намекунад. Зикр кардан ба маврид аст, ки дар соли нав ба ҳамаи фаррошон аз ҳисоби иттифоқи касаба туҳфаҳои солинавӣ супорида шуд гуфт сартабиби маркази саломатӣ Азиззода Баҳовуддин.

Ронандагон ҷой надоранд маблағ куҷо шуд?

   Бино ба иттилои дарёфта дар соли 2020 аз ҳисоби маблағҳои бюҷети ноҳия барои сохтмони бинои посбонон маблағ ҷудо шуда буд, ки ин маблағ ба куҷо сарф шуд кас намедонад, ҳатто худи сартабиб намедонад.

   Азиззода Б зимни суҳбат бо хабарнигор иброз дошт, ки дар ҳақиқат аз ҳисоби бюҷет маблағ барои сохтмони мазкур ҷудо шуда буд, аммо намедонам, чӣ қадар. Биноро сохтем, аммо чанд вақт баъд як нафар омада гуфт, барои ин гӯшаи замин қарори раисро дорам ва бинои сохтаатонро гирифта, заминро ба ҳолати аввала баргардонед. Чунин ҳам шуд, гуфт сартабиб.

   Аммо бояд гуфт, ки маблағи аз буҷет ҷудо шуда ин қадар бесоҳиб аст, ки надидаву надониста дар замине, ки соҳибаш дигар нафар аст, бино месозанду дубора канда мепартоянд? Ҷавоби сарфи маблағро кӣ медиҳад?

Тўҳфаҳои солинавиро табибон аз ҷайби худ харидаанд

   Дар арафаи иду ҷашнҳо ҳар як роҳбар бояд аз ҳисоби маблағҳои Иттифоқи касаба кормандонро ҳавасманд гардонад. Дар арафаи ҷашни Соли нав кормандони Маркази саломатии ноҳия аз ҷайби худашон пул ҷамъ карда, тўҳфа харидаанд.

ҳамаи гуфтаҳои сартабиб дар ҳолест, ки як нафар аз духтурони беморхона дар як суҳбат бо банда гуфт, дар соли нав аз ҳисоби табибон 10 сомонигӣ ҷамъ карданду ба ҳамаи фаррошон як адади туҳфаҳои 5 сомона тўҳфа карданд. Дар ин маврид як фарроши ҳамин маркази саломатӣ ҳамаи ин гуфтаҳоро тасдиқ кард, аммо тарсид, ки номи худро ошкор кунад.

   Дар ҳамин шабу рӯзе, ки вазъи иқтисодии ҳар шаҳру ноҳия нисбати чанд соли пеш бад шудан дорад, қарзи музди меҳнат дар аксари шаҳру навоҳӣ ба назар мерасад, аммо ин ҷанобон, ба қавли худашон, гӯё ғами ронандаҳоро мехӯранд ва барои онҳо бино месозанд ва маблағҳои ҳангуфт аз буҷет гирифта ба куҷо сарф мекунанд, кас намедонад.

Шоҳини Мубориз