- Иҷтимоъ

ЧАРО «ВТЭК» ХАДАМОТИ ДАРБАДАР ШУД?

Ба таваҷҷӯҳи сардори Раёсати тандурустии вилояти Хатлон

   Новобаста аз он, ки Хадамоти давлатии тиббию ташхисии иҷтимоии минтақа дар соли 2013 дар якҷоягӣ бо Агентии Раёсати нафақаи шаҳру минтақаи Кӯлоб соҳиби бинои наву замонавӣ шуда буд, аммо ҳоло бо гузашти чанд соле кормандони он аз идорае ба идорае, аз маконе ба маконе куч мебанданду ҷойи кори доимӣ надоранд. Ҳоло зарурате пеш омадааст, ки бо бардошт накардани ошёнаҳои болоӣ дар қабати якуми бинои чаҳорошиёнаи Раёсати Агентии суѓуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи минтақа бояд бойгонӣ таъсис диҳанд. Ҷойе, ки Хадамоти ташхисию тиббии минтақа фаъолият карда истодааст.  

   Мо вақте ба бино даромадем, кормандони Хадамоти давлатии ташхисию тиббии иҷтимоии минтақаи Кӯлоб бо  ҳуҷҷатҳои паҳну парешон  дар роҳраву ҳуҷраҳои корӣ саргарми ба ҷойе кӯч бастан буданд.

   Исмоил Қурбонов, сардори Хадамоти мазкур ба “Пайк” иттилоъ дод, ки “Делаҳоро дар қади коридор ҷамъ кардаем, масъалаи ҷоямонро ҳал карда истодаем. Биноро соли 2013 ба истифода доданд. Мо дар аввал дар якҷоягӣ дар Вазорати ҳифзи иҷтимоӣ будем. Бино моли Агентии нафақа аст. Чанд рӯз аст, ки дар пайи масъалаи ҷой ҳастем. Чанд маротиба ба септика рафтем, септикаро ба замин ҳанвор кардаанд. Собиқ сардори раёсат моро аз бино пеш кард. Роҳбари ҳозираи Раёсати Агентии нафақа дастгирӣ карда, моро дар инҷо ҷой дод. Аммо бо зарурати хос бояд ҷоямонро иваз кунем. Ба беморхонаи сил ва аз он ҷо боз ба инҷо омадем. Боз дигарбора рафтем ба шӯъбаи таваллудхонаи собиқ (Септика). Аз он ҷо ҳам боз омадем ба ин бино ва ҳоло оҷилан бояд ин биноро тарк кунем. Дар бино иҷора нестем ва танҳо пардохтҳои коммуналиро медиҳем.Бино бардошт накарда истодааст ва бояд дар идораи мо бойгонӣ ташкил намоянд.”

   Тибқи маълумот дар минтақа 24 ҳазор маъюб сабти ном шудааст. Дар минтақа 4-то чунин хадамот аст ва Хадамоти давлатии ташхису тиббии иҷтимоӣ мадди назар маъюбони ноҳияи Восеъ, шаҳри Кӯлоб ва маъюбони соҳавии минтақаро барои ба нафақа таъйин кардан аз ташхис мегузаронад. Аммо новобаста аз он, ки ин хадамот ба маъюбон хизмат мерасонаду барои тахт кардани ҳуҷҷатҳо наздик ба Раёсати нафақа аст, ба чунин мушкил мувоҷеҳ гаштааст.

   Шовалӣ Абдураҳмонов, сардори Раёсати Агентии суѓурта ва нафақаи иҷтимоӣ дар минтақаи Кӯлоб доир ба мавзӯ гуфт:  “Мо дар 2-юм ва 3-юм ошёна бойгонӣ дорем. Вақти сохтани бино барои сохтани бино бойгониро пешбинӣ накарданд. Сутунҳои бино бардошт намекунанд. Мо агар архивро ба якум ошёна нагузаронем, чаппа шуданаш имкон дорад. Мо кормандони ВТЭК-ро аз бино пеш накардаем, балки дастгирӣ кардем. Танҳо архивро дар толорҳои калони қабати якум ҷо мекунему кормандони хадамотро дар як қисмати он.”

   Аз як идора ба идораи дигар, аз як макон ба макони дигар кӯч бастану ҳуҷҷатҳоро кашида бурдану овардан, ба дили кормандони Хадамоти давлатии ташхисию тиббӣ ва иҷтимоӣ задааст. Аз дигар ҷониб дар бинои асосӣ набудани эшон ба маъюбон сарбории зиёд меорад. Зеро дар қабати аввали бино барои бо аробачаи маъюбӣ баромадан роҳи махсус сохта шудааст. Ин гуна шароит дар дигар биноҳо пешбинӣ нагардидааст. Кори хадамот ва агентӣ дар ҳамбастагии ҳамдигар аст ва бояд бошад. Яъне агар нафари маълуле омада аз ташхис гузарад, барои он ки ташвиши зиёдатӣ набинад ба ошёнаи дуюм ё сеюми бино мебарояд. Вақте хадамотро ба дигар макон мекӯчонанд, нафари маъюб маҷбур аст, ки бо машаққати зиёд ба он макон равад.

   Ҳарчанд роҳбарияти кунунии Раёсати Агентии нафақа дар минтақа барои дар бинои ҳозира истодани Хадамоти мазкур зид несту ва ҳам мусоидат мекунад, аммо касе ҳам кафолат дода наметавонад, ки эшон доиман дар ин бино боқӣ мемонанд. Пеш аз он ки хадамоти мазкурро аз ҷое ба ҷойи дигар мекучонанд, бояд пеш аз ҳама фикри маъюбону барҷомондагонро кунанд. Аҷиб, чаро як ниҳоди барои мардум зарур бинои асосӣ надораду дарбадар гаштааст? Дар ҳоле, ки бо ибтикори Пешвои муаззами миллат Президенти мамлакат бинои чорошёнаи хуштарҳу замонавӣ барои хадамоти ҳифзи иҷтимоӣ сохта шудаасту ВТЭК ҷузъи он аст, яъне хадамоти хизмат ба пиронсолон ва маъюбон, аммо яке дар ин бино ҷо меёбаду дигарӣ не.

   Худойдоди И

   Баҳриддин Сангимадов