- Без рубрики

Фарҳанги андозӣ ҷузъи фарҳанги ҷомеаҳо аст

Зиндагии ҷомеаҳои муосирро бидуни андоз тасаввур кардан мушкил аст, зеро некӯаҳволии аҳолӣ, алалхусус, онҳое, ки дар соҳаҳои буҷетӣ фаъолият мекунанд ва ё бознишастаанд, аз он вобастагии зиёд дорад.
Бархе муҳаққиқон ба ин назар ҳастанд, ки нахустин андозҳо ҳанӯз дар аҳди қадим, яъне баробари пайдо шудани давлатҳо ба миён омаданд ва баъдан, бо пешрафти ҷомеаи инсонӣ ҷойгоҳи худро ба таври устувор ва доимӣ пайдо карданд.
Бояд гуфт, ки дар давоми чандин ҳазор соли мавҷудияти ҷомеаи башарӣ андозҳои зиёде ба вуҷуд омаданду сипас аз миён рафтанд. Аммо дар баробари таҳаввулоти соҳаи андоз, муносибат ба он дар давлатҳо низ тағйир ёфт, алалхусус дар кишварҳои пшерафтаи ҷаҳон.
Дар натиҷа, дар асри ХХ мафҳумҳои наве ба миён омаданд аз қабили “фарҳанги андозӣ”, “ахлоқи андозӣ”, “шоки фарҳангии андозӣ” ва ғ.
Мо дар мақолаи мазкур танҳо ба масъалаи “фарҳанги андозӣ” таваҷҷӯҳ мекунем, аммо қабл аз он ки ба баррасии мавзӯъи мазкур бипардозем, дар оғоз мехостам сухане чанд дар бораи фарҳанг гӯям.
Мафҳуми фарҳанг дар тӯли мавҷудияти ҷомеаи башарӣ ба таври гуногун таъриф шудааст ва имрӯз шояд теъдоди чунин таърифҳо ба садҳо ё ҳазорон расад. Дар Википедия, ки Донишномаи озод ҳисоб мешавад, фарҳангро чунин таъриф додаанд: “Фарҳанг мафҳумест, ки дар соҳаҳои гуногун маъноҳои зиёд дорад ва дар он фаъолияти инсон дар самтҳои мухталиф, ба шумули ҳама гуна намудҳои худшиносӣ ва хештангароӣ инъикос меёбад” Коршиносон таъкид мекунанд, ки мафҳуми “фарҳанги андозӣ” мисли худи мафҳуми “фарҳанг” таърифи ягона надорад ва назарияпардозон онро ба таври гуногун тафсир кардаанд.
Аммо қабл аз он ки ба ин мавзӯъ бипардозем, маълумоти мухтасаре дар бораи он ки худи андоз чист, ироа мекунем.
Дар нимаи якуми асри XIX иқтисодшиноси швейтсарӣ Ж.С. де Сисмонди (солҳои 1773–1842) дар китоби худ “Асосҳои нави иқтисоди сиёсӣ” назарияи андозро ҳамчун назарияи лаззатбарӣ тафсир мекунад. Ӯ дар ин иртибот мегӯяд, ки даромадҳо дар байни тамоми қишрҳои ҷомеа тақсим мешаванд, бинобар ин, ягон намуди даромад набояд аз андозбандӣ сарфи назар шавад, зеро мақсади боигарӣ ҳамеша лаззат бурдан аст ва ба воситаи андоз ҳар як шаҳрванд лаззат мехарад.
Ба қавли Ж.С. де Сисмонди, шаҳрвандон ба хотири хизмате, ки ҳукумат барои ҳимояи онҳо ва моликияташон анҷом медиҳад, бояд ба андоз ҳамчун ба мукофот нигоҳ кунанд.
Бу Свенссон дар ин маврид чунин андеша дорад: «Андоз нархест, ки мо барои истифодаи захираҳои ҷамъиятӣ ба мақсадҳои умумии муайян, масалан, мудофиа истифода мебарем ва ба тақсими даромадҳо ва моликият миёни шаҳрвандон таъсир мерасонем”.
И.И. Янжул (соли 1898) андозро чунин таъриф медиҳад: “Хайрияҳои якҷонибаи иқтисодии шаҳрвандон ва ё раъйият аст, ки давлат ва ё баъзе гурӯҳҳои иҷтимоӣ ба сабаби ин ки намояндагони ҷомеа мебошанд, бо роҳи қонунӣ аз моликияти хусусӣ ба хотири қонеъ гардондани талаботҳои ҷамъиятӣ ва хароҷотҳое, ки пеш меоянд, меситонад.
Муҳаққиқи русиягӣ С.Р.Шаҳбонова ба ин назар аст, ки андозҳо фақат категорияи иқтисодӣ -ҳуқуқӣ нестанд, балки барои онҳо ҳамчунин табиати иҷтимоӣ –иқтисодӣ низ доранд, яъне аз таъиноти муҳими ҷамъятӣ низ бархурдоранд.
Ӯ дар ин иртибот чунин ишора мекунад: “…Нишондоди иқтисодии ҷамъоварии андозҳо аз сатҳи фарҳанги андозии ҷомеа ва огоҳии ҳуқуқии шаҳрвандон низ гувоҳӣ медиҳад, бинобар ин, самаранокии даромадҳои андозӣ на танҳо аз ворид кардани методҳои нави назорати кормандони андоз, истифодаи хизматрасониҳои электронӣ , модернизатсияи инфрасохтори иттилоотӣ, балки аз омили инсонӣ низ вобастагӣ дорад (С.Р.Шахбанова: О сущности и содержании налоговой культуры — https://cyberleninka.ru/article/n/o-suschnosti-i-soderzhanii-nalogovoy-kultury) .
Фарҳанги андоз дар давоми садсолаҳо дар натиҷаи пайдо шудани назарияҳои зиёде, ки зарурати пардохти андоз ва пазириши мусбати онро талқин мекарданд, ташаккул ёфт ва аз ҷониби ҷомеаҳо, алалхусус ҷомеаҳои ғарбӣ ҳамчун як зуҳуроти зарурӣ пазируфта шуд.
Чунон ки ишора кардем, мафҳуми “фарҳанги андозӣ” таърифҳои зиёд дорад ва яке аз таърифҳо чунин аст: “Фарҳанги андоз аз системаи арзишҳо, меъёрҳо, қоидаҳои муқарраршуда ва принсипҳо дар соҳаи муносибатҳои андозӣ иборат буда, он як моделест, ки амалҳои ҳуқуқии ҳам андозсупорандагон ва ҳам мақомоти андозро дар бар мегирад”.
Ба андешаи олими немис Биргер Нерре, мафҳуми “фарҳанги андоз” васеътар аз мафҳумҳои “фарҳанги андозбандӣ” ва ё “фарҳанги пардохти андоз” мебошад.
Нахустин бор мафҳуми “фарҳанги андоз” –ро беш аз 80 сол қабл Й. Шумпетер дар мақолаи худ -“Иқтисод ва сотсиологияи андоз аз даромад” истифода кардааст.
Ӯ масъалаи мазкурро мавриди баҳс қарор дода, чунин менависад
«Мисли ҳар як институти иҷтимоии дигар ҳар як намуди андоз даврони иқтисодиву психологии мувофиқро аз сар мегузаронад. Аммо чунон ки дар ҳамаи институтҳои дигари иҷтимоӣ рух медиҳад, ҳар чизе дар системаи андоз мутобиқ намешавад, умри абад намебинад.Мавҷи таҳаввулот оҳиста –оҳиста онро аз байн мебарад”.
Шумпетер дар айни ҳол, дар бораи фарҳанги андоз сухан ронда, онро ба қаринаи пайвандҳои ташаккул ва рушди системаҳои андоз баррасӣ мекунад. Номбурда андоз аз даромадро ҳамчун “даврони нашъунамои фарҳанги андоз ва олитарин дастоварди механизми андоз ҳисоб мекунад.
Й. Шумпетер фаҳмиши “фарҳанги андоз”-ро ҳамчун “санъати ба вуҷуд овардани арзишҳои фарҳангӣ” меҳисобад ва ҳамин тариқ, онро аз пазириши анъанавии андозситонӣ ҳамчун “косибӣ” ҷудо мекунад.
А. Пауш, ки ба омӯзиши нақши шахсият дар таърихи афкори илмии системаи андоз машғул буд, мафҳуми “фарҳанги андоз” –ро мустақиман бо шахсоне алоқаманд медонад, ки рушди системаи андозро дар кишварҳои худ муайян мекунанд.
Тафсирҳои дертар пайдошуда, аз ҷумла дар солҳои 60-уми асри ХХ, алалхусус Мактаби психологии Кёлн дар назар аст, баракс, дар маркази диққати худ фақат алоқаи байни андозсупорандагон ва ё алоқаи байни андозсупорандагонро бо мақомоти андоз қарор медиҳанд.
Татяна Муравлева, коршиноси рус, доктори илмҳои иқтисодӣ ба ин назар аст, ки дар зери мафҳуми “фарҳанги андозӣ” бояд тарбия, маълумот, қобилият, расму русум ва анъанаҳо дар соҳаи андоз ва андозбандӣ, мавҷудияти донишҳо дар ин соҳа, малакаву маҳорат, тафаккури муайян , ки одатҳои рафториро ташаккул медиҳанд, фаҳмида шавад.
Номбурда дар идома меафзояд, ки вақте ба аҳолӣ дониш дар бахши андоз дода мешавад, саводнокии андозии ӯ зиёд мешавад, аммо вақте ки тарзи муайяни тафаккур ва одатҳои рафторӣ ташаккул меёбанд, асосҳои фарҳанги андозии одами мушаххас ва ё ҷомеаи мушаххас ба миён меояд Чунон ки маълум аст, ба ҳайси андозсупорандагон шаҳрвандони қаторӣ, соҳибкорони инфиродӣ, моликони тиҷорати хурд, миёна ва калон баромад мекунанд. Ҳар як андозсупоранда фарҳанги андози ба худ хос дорад.
Дар кишварҳои пешрафтаи ҷаҳон ба масъалаи тарбияи фарҳанги андозӣ бевосита мақомоти андоз, муассисаҳои системаи маориф ва расонаҳо машғул мешавад. Аммо агар кӯдак аз овони хурдӣ иттилоъ дар бораи андозу андозбандӣ бигирад, агар ӯ донад, ки андоз чисту он барои чӣ ҷамъ мешаваду ба куҷо меравад, вақте ки калон шуд, эҳсос мекунад, ки ӯҳдадор аст андоз супорад. Аммо барои онҳое, ки дар бораи андозу андозбандӣ иттилои дуруст надоранд, агар рӯзе талаб шавад, ки ӯ бояд андоз супорад, табиист, ки ӯ аз додани як қисми моликияти худ ба фоидаи давлат норозӣ мешавад.
Сатҳи баланди фарҳанги андоз маъмулан ба кишварҳое хос аст, ки андозҳояшон баланд мебошанд. Ба чунин кишварҳо давлатҳои Скандинавияро дохил кардан мумкин аст. Аммо ин ҳаракати дутарафа аст. Яъне, аз як тараф, ин амал шаҳрвандонро бо андозҳои баланд оштӣ мекунад, аз тарафи дигар, водор менамояд, ки бо диққат назорат кунанд, ки маблағҳои ба сифати андоз супоридаашон барои анҷом додани кадом корҳо сарф мешаванд.
Дар Скандинавия системаи васеи таъминоти иҷтимоиро бо сабаби якхела будани сокинонаш сохтанд. Ҳоло дар ин минтақа тафовут миёни сарватмандон ва камбизоатон яке аз пасттарин дар ҷаҳон мебошад. Аз ин рӯ, тамоми аҳолӣ дар инҷо аз хизматрасонии баробар истифода мебаранд.
Албатта, кишварҳои аврупоиро намешавад бо дигар кишварҳои ҷаҳони сеюм дар ин масъала муқоиса кард, зеро фарқ хеле калон аст. Ааао барои расидан ба Аврупо зарурати паймудани таърихи чандсад солаи он зарурат надорад.
Барои ин лозим аст омилҳоеро, ки ба рушди фарҳанги андозӣ монеа эҷод мекунанд, аз миён бардошт.
Муҳаққиқони русиягӣ Э. Холиқова ва Д. Гиниятуллина дар иртибот ба сатҳи пасти фарҳанги андозӣ дар Русия ба чанд нукта ишора мекунад. Ба фикри ман, камбудиҳои зикркардаи онҳо хоси кишварҳои зиёд, алалхусус собиқ ҷумҳуриҳои шӯравӣ мебошанд, аз ин рӯ мо бархе аз ин омилҳоро инҷо зикр мекунем, аз ҷумла:
-сатҳи баланди андоз, ки андозсупорандагонро аз фаъолияти хоҷагидорӣ дилсард мекунанд;
-андешаи аксарияти андозсупорандагон дар мавриди гирифтани даромад фақат барои худ, аммо манфиати ҷомеа сарфи назар мешавад;
-рушди босуръати иқтисоди сиёҳ ё соягӣ;
-фирор аз супоридани андоз;
-фасод дар сохторҳои давлатӣ;
-саводнокии пасти аҳолӣ дар масъалаи андоз;
-системаи номукаммали иттилоърасонӣ ва машваратдиҳии аҳолӣ;
-сифати пасти иҷрои протседураҳои андоз;
-бенуфуз будани кор дар соҳаи андоз ва зуд –зуд омадану рафтани кадрҳо аз системаи мазкур ва ғ.
Пас, барои баланд бардоштани сатҳи фарҳангии аҳолӣ чӣ бояд кард?.
Дар ин маврид мутахассисон тавсияҳои зиёде додаанд ва мо бархеи онҳоро инҷо зикр мекунем, аз ҷумла:
-бояд корҳои фаҳмондадиҳӣ дар миёни шаҳрвандон такмил дода шавад;
-фарҳанги андозӣ тавассути ВАО ва системаи маориф ба таври васеъ ба роҳ монда шавад;
-сатҳи саводнокии андозии шаҳрвандон баланд бардошта шавад.
Албатта, ташаккули фарҳанги андозӣ дар кишварҳои собиқи шӯравӣ мушкилоти бештаре дошта бошад, зеро дар замони побарҷо будани давлати коммунистӣ андоз барои сокинон чизи номафҳум буд, аммо дар ин раванд бояд насли имрӯ ва наслҳои оянда ба назар гирифта шаванд, зеро вақте ки онҳо андозсупоранда шаванд, ба ҳайрат наафтанд ва супоридани андозҳо фирор накунанд.

Матлаб бо ибтикори Ташкилоти ҷамъиятии «Хома» дар доираи лоиҳаи “Дастгирии идоракунии молияи давлатӣ дар Тоҷикистон”, бо маблағгузории Вазорати Корҳои Хориҷӣ ва Рушди Байналмиллалии Британиёи Кабир (FCDO) ва дастгирии Институти «Ҷамъияти кушода» — Бунёди Мадад дар Тоҷикистон омода шудааст.

Нуралӣ Давлат