- Иҷтимоъ

САРМО КӮЛОБРО ҒАФЛАТГИР КАРД

   Барфи аз шаб то рӯз борида дар шаҳри Кӯлоб барои сокинон ва онҳое, ки ба ронандагӣ машғуланд, мушкилӣ овард. Роҳҳои мошингарду пиёдагард пур аз барфанду гаштугузори нақлиёт хеле мушкил. Роҳҳои асосии нақлиётгузари шаҳр то ҳол аз барф тоза нашудаанд.

   Тибқи гуфтаи мутахассисони обу ҳавошиносӣ шоми 21-уми январ пас аз борони кӯтоҳмуддат дар шаҳри Кӯлоб ҳам барф борид. Пеш аз борон шабона шамол ҳам шуд. Хулоса аз соатҳои 12, 1-и шаб барф ба боридан оғоз кард. Дар ин вақти шаб, ки рафтуомади мардум ва нақлиёт қариб нест, то ба рӯз барфи сафед тамоми роҳҳои нақлиётгузару пиёдагузарро пур кард. Дар роҳҳои ҳанвор баландии барф то ба 20 см. ва аз он беш мерасад. Вақте рӯз шуд, барфи борида ба нақлиёт ва сокинон мушкилӣ пеш овард.

   Нақлиёти хурду миёнаи мусофиркашонӣ бо сабаби барфи зиёд дар роҳҳо дар хизмати мардум набаромаданд. Мутаассифона, аз ҷониби масъулини шаҳр роҳҳо саривақт аз барф пок нашудаанд. Сокинон аз ин ҳолати нигаронкунанда ба ҳафтавор занг зада, аз ҷониби масъулуни Идораи нигоҳдории роҳҳои шаҳр тоза нашудани барфҳоро пурсон шуданд. Сабаб чӣ бошад, норасоии техника, набудани маводи сӯзишворӣ ё масъулият?

   Амирхон Файзов, сардори Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои шаҳру ноҳияи Кӯлоб зимни тамоси кӯтоҳи телефонӣ ба «Пайк» гуфт, ки барои тоза намудани роҳҳои шаҳр аз барф 4 техника сафарбар шудаааст. Аз саҳар роҳи маҳкамшудаи Муъминобод то ба шаҳрро тоза карда, ба роҳҳои шаҳр расидем. Ҳозир дар роҳҳои шаҳр сардори БДА пешпешу техникаҳо аз қафо роҳҳоро тоза карда истодаанд.

   Аҷиб, соат 12-и нисфирӯзӣ шудаасту нав Идораи роҳ ба тоза кардани барфҳо шурӯъ кардааст. Бояд гуфт, ки барфи то ҳол борида истида аз соати 1-2 и шаб то ба саҳар тамоми роҳҳоро сафед кард. Агар масъулин саҳар як маротиба онҳоро тоза мекарданд, то бегоҳ аз ташвиш озод мешуданд.

Тибқи иттилои баъзе аз ронандагон дар роҳи назди бозори марказӣ масъулини роҳсоз ба ҷойи қум хок пошиданд, ки лой шуда ҳаракати нақлиётро боз ҳам мушкилтар кард. Ин дар ҳоле, ки масъулини идораи роҳсозӣ дар ҳисоботҳояшон ҳамвора дар бораи даҳҳо тонна захира кардани қум иттилоъ медиҳанд на хок. Ҳоло, ки аввалин бор зарурати пошидани қум ба миён омадааст маълум гашт, ки захираи қум тамоман надоранд. Зимистон ҳоло ҳам дар пеш аст, пурмасъул бояд буд.

   Худойдоди И