- Тандурустӣ

Хатлон: Дандонпизишкон 20 сол боз иҷоранишинанд!?

   Маркази стоматологии вилояти Хатлон беш аз 20 сол шуд, ки дар бинои иҷора фаъолият дорад, ки ин омил масъулони соҳаро нигарон намудааст.  

    Боиси таасуф аст, ки солиёни зиёд як беморхонаи дандонпизишкии вилояти Хатлон ҳамчун иҷоранишин дар маркази маъмурии вилоят шаҳри Бохтар фаъолият намуда истодааст.

  Раҷабалӣ Қурбонов, директори ин ниҳод гуфт, ки солона барои иҷораи ин бино 90 ҳазор сомонӣ пардохт мекунем, ки ин барои мо мушкилот эҷод мекунад. Шумораи аҳолӣ, ки сол то сол зиёд гардида истодааст, талаботро қонеъ карда наметавонад. 

   Дар ин баробар манбаъ илова намуд, ки аз соли 2000 ба ҳайси иҷоранишин дар ин бинои истиқоматӣ фаъолият дорем, ки ба стандарт ҷавобгу нест.

      Ҳамзамон иттилоъ дода шуд, ки норасоии утоқи корӣ ва ҳуҷраҳои ёрирасон низ аз мушкилоти меҳварӣ ба шумор меравад, ки шумораашон ба 16 адад мерасад, ки аз ин 8 ҳуҷраи табибон мебошад.

      Раҷабалӣ Қурбонов афзуд, ки ваъдаҳо ҳаст, ки то ҷашни 30 солагии Истиқлолияти давлатии кишвар бо бино таъмин хоҳем шуд. Агар ин мушкилот бартараф карда шавад, дигар дар беморхона мушкилот намемонад, зеро ҳама таҷҳизот мерасад.

                                       Аҳмади Раҳим  «ПАЙК»