- Фарҳанг

Макри муллобесавод ошкор шуд

Имрӯз бовар кардан ба ҳар гуна муллои чалласаводу фолбин ва ҷодугар, хоса дар байни занон ба ҳукми “анъана” даромадааст. Зиёд ҳастанд мисолҳое, ки модарон фарзанди бемори худро ба ҷои ба назди духтур бурдан ба пеши мулло ё фолбин мебаранд ва дар натиҷа дарди беморро кӯҳна карда,  табобати якҳафтаинаро ба як моҳу як сол мекашонанд. Ин гуна занони гумроҳ ва содда “гушти лаҳм” дар деги макри муллоҳои бесаводу фосид ва фолбинони худобехабар мешавад.

Шахсан ман ба чандин нафарони гумроҳ тавсия додаам, ки пули бо обилаи даст ва рӯзи сиёҳу кори сиёҳ меёфтаи шавҳару фарзандатонро бо ду дасти адаб ба кисаи фиребгарону ҷодугарон наандозед. Аммо афсӯс аз аксари онҳое,  ки ин суханро гуфтам қариб як ҷавобро шунидам: Ихлосу  халос

Бештар маврид ана ҳамин ибораи “ихлосу халос” ба роҳи ифлосу кору ифлос мекашонад, ки тариқи шабакаҳои телевизионӣ, шабакаҳои интернетӣ ва ВАО-и чопӣ расонаӣ мешавад. Расонаӣ шудани фосиқии ба ном муллоҳо, ошкор шудани қаллобии фолбинон ва ба ин монанд ҳолатҳо SOS ба аудитория аст, ки хатои кардаи “мизоҷон”-и муллою фолбинонро такрор накунанд.

Аммо афсӯс дар баъзе маврид ба номаиш гузоштани чунин гузоришҳо натиҷаи баръаксро дода, тудаи соддаҳоро ба пеши дари фолбинону  чаламуллоҳо  зиёд  мекунад.

Нимаи моҳи январи соли ҷорӣ кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ноҳияи Тоҷикобод  Идиев Шарифи ба синни 59-расидаро, ки ба ҷои тоату ибодат  тасбеҳ дар даст ба дуруғгардонӣ машғул шудааст, боздошт карданд. Ин пирамард, ки як пояш ба лаби гӯр расидааст аз Худо натарсида  ба ҷои як дуруғгуйро ба роҳи рост ҳидоят кардан даҳҳову садҳо гулу гумроҳро ба доми дуруғаш афтондааст. Бо истифода аз тасбеҳу таштоб “кор”-и корафтодагонро ба таври  худ “буд” мекардааст. Чалламулло дар пеши милисаҳо иқрор шуд, ки қоғазпораҳое, ки дар он худ ба худ хаттотӣ мекунад ва бо ҳуруфи арабӣ дуоҳоро менависад навиштаашро ҳатто худаш хонда наметавонад. Идиев на худ  навиштаашро хонда метавонистаасту на маънои онро медонистааст. Аммо  ин мард бо ҳамин роҳ даромади муфт ба даст оварда пули корафтодагонро бо элек бехта мегирифтааст.

Барои ин гуна амалҳои ҳирсонаю хирсонааш нисбати Идиев бо моддаи 482-и Кодекси  ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ (Машғул шудан ба сеҳру ҷоду ва фолбинӣ) протокол тартиб дода шудааст.

Фарзона Муродӣ