- Иқтисод

Беҳдошти замини ноҳияи Панҷ қарзи миёншикан дорад

Қарздории идораи беҳдошти замин ва обёрии ноҳияи Панҷ дар назди шабакаҳои барқи ноҳия ба зиёда аз 4 миллион сомонӣ расидааст, ки масъулон омили инро дар напардохтани ҳақи оби масрафшуда ва қарздории ассотсиатсияҳои истифодабарандагони об медонанд.  

Афзун гардидани қарздорӣ аз барқ дар ноҳияи Панҷ ба як мушкилоти ҳалталаби замон табдил ёфтааст, ки масъулони ниҳодҳои марбута роҳи ҳаллашро меҷуянд. Дар ҳамин замина, Сангмуҳамад Гурезов, сардори Идораи беҳдошти замин ва обёрии ноҳияи зикргардида афзуд, ки қарздории идораи мо аз барқ аз солҳои пеш то ҳоло 4 миллиону 600 ҳазор сомониро дар бар мегирад. Инчунин аз андоз 1 миллион қарздорем.

Манбаъ зикр кард, ки асотсиатсияҳои истифодабарндагони об ва аҳолӣ дар назди идора зиёда аз 3 миллион сомонӣ қарздоранд.

Дар сурати пардохт гардидани ҳаққи оби масрафшуда, масъулин мегуянд, ки қарздорӣ аз барқро пардохт хоҳанд кард.

  Агар чунин қарзҳои ҳангуфт ва ба истилоҳ миёншикан пардохт карда шаванд, аз як ҷониб кори ниҳодҳои марбута осон гардад, аз ҷониби дигар барои ғанӣ гардонидани буҷаи мамлакат ва маблағгузорӣ ба дигар самтҳо мусоидат хоҳад кард.

                                           Аҳмади Раҳим «ПАЙК»