- Иқтисод

ҚУРБОН ҲАКИМЗОДА ҲАМ ДОНИШМАНДАСТУ ҲАМ САХОВАТМАНД

Қурбон Ҳакимзода раиси мӯҳтарами вилояти Хатлон ба зане, ки дар таҳхона ба сар мебурд хона тӯҳфа кард

Дар шумораи гузаштаи ҳафтавори «Пайк» матлабе нашр гардида буд, ки аз рӯзгори вазнини зиндагӣ ва дар таҳхона ба сар бурдани Чамангул Боймуродова, сокини 39- солаи шаҳри Бохтар бо писари панҷсолааш қисса карда будем. Бо гузашти камтар аз 10 рӯз бо супориши Қурбон Ҳакимзода, раиси вилояти Хатлон ба ин оилаи ниёзманд хона туҳфа карданд. Тибқи иттилое, ки дар даст дорем, ба Чамангул Боймуродова дар маҳаллаи Умари Хайём, кӯчаи Ваҳдат хонаи як ҳуҷрагӣ бо шароити зист муҳайё буда, яъне печи барқӣ, телевизор, рахти хоб ва дигар лавозимотҳои рӯзгор таъмин гардониданд. Ёдовар мешавем, ки Чамангул Боймуродова, то кунун дар таҳхонаи баландошёнаи маҳаллаи 14 – микрорайони Бохтар бо писари панҷсолааш ба сар мебурд. Бахтиёр Назарзода, сардори Сарраёсати молияи вилояти Хатлон дар ҷашни соли навӣ дар якҷоягӣ бо Вализода Икромиддин ба айёдати ин оилаи камбизоат рафта буданд ва ба онҳо кӯмаки пулӣ ва молӣ расониданд.  Қобили қайд аст, ки Назарзода Бахтиёр ба Беморхонаи бемориҳои руҳии вилоятӣ ҳам кӯмаки ғизоӣ аз қабили картошкаю пиёз, макарон, равған ва ғайра маҳсулоти ниёзи аввал расонидааст, ки аз саховатмандӣ ва ҷавонмардии чунин масъул дарак медиҳад.

Аз планшет то ширинию либоса

Возеҳ аст, ки раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода ба шахсони имконияташон маҳдуд, камбизоатҳо, ниёзмандон борҳо аз маводи ғизоӣ то кӯмакҳои молӣ расонидааст. Тавре шуъбаи иттилоотию таҳлилии дастгоҳи раиси вилоят иттилоъ медиҳад, рӯзи 30 – декабри соли 2020 ба айёдати як оилаи имконияташон маҳдуд ба ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ сафар карда, ба оилаи ниёзманд равғану шакар, картошаю пиёзу сабзӣ, рахти хоб, ширинӣ ва инчунин ба фарзанди калонии хона планшет тақдим кардаанд.

— «Оилаи Ҳакимовҳо дар деҳаи Гагарини Ҷамоати деҳоти “Ҳалевард”-и ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ дар ошёнаи якуми бинои истиқоматӣ, дар хонаи иборат аз се ҳуҷра зиндагӣ менамоянд. Сардори оила Орзу Ҳакимов 40 сол ва ҳамсараш Умеда Шомаҳмудова 35 сол дорад. Фарзанди калонии оила Рамазон 17-сола ва хурдиаш Моҳшариф яксолаанд. Аъзои оилаи мазкур, ба истиснои модари фарзандон Умеда Шомаҳмудова, ҳамагӣ қади паст доранд. Писарашон Рамазон Ҳакимов бошад, маъюб буда, бо аробачаи маъюбӣ ҳаракат мекунад.

Раиси вилоят Қурбон Ҳакимзода ба ҳамаи 6 фарзанди ин оила сарулибоси гарми зимистон ва шириниҳои солинавӣ тақдим намуданд. Инчунин ба хонавода дар баробари кумаки пулӣ, маводи ғизоӣ, аз ҷумла орду биринҷ, равған, картошкаю пиёз ва ғайра дастрас карда шуд.

Гуфта мешавад, раиси вилоят дар асоси дастуру супоришҳои доимии Пешвои муаззами миллат ҷиҳати дастгирии бенавоён амал карда ба чунин иқдомоти созанда даст мезанад.

Умеда Шомаҳмудова – модари ин хонадон миннатдории худро ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки пайваста барои дастгирии оилаҳои камбизоату маъюбон иқдомҳои хайрхоҳона анҷом медиҳанд, изҳор намуд. У.Шомаҳмудова дар бозори марказии ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ ба фурӯши либосворӣ машғул буда, чор нафар фарзандонаш дар муассисаи таълимии таҳсилоти миёнаи умумии №2 таҳсил менамоянд.

Раиси вилоят Қурбон Ҳакимзода зимни суҳбат бо фарзандони хонавода Сабрина, Сарвиноз ва Нозанин ба дониши онҳо баҳои баланд дода, онҳоро ба таҳсили хуб, мутолиаи китобҳо ва омӯзиши ҳунарҳо ташвиқ намуданд.

— Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамеша ба қишри эҳтиёҷманди аҳолӣ таваҷҷуҳу ғамхорӣ зоҳир мекунанд ва давлат барои таъмини шароити мусоид ва арзандаи зисти ҳамаи табақаҳои аҳолӣ, махсусан маъюбону дардмандон ҳамаҷониба тадбирандешӣ мекунад, — қайд намуд раиси вилоят Қурбон Ҳакимзода, нанвишитааст манбаъ.

Дар ҳама ҷашну маросимҳо бо супориши бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ашхоси ниёзманд ва собиқадорони ҷангу меҳнат қадрдони мегарданд.

                                                                    Суннати СОДИҚ «ПАЙК»