- Иқтисод

Таъмини амнияти озуқаворӣ, як мақсаду чанд ҳадаф!

   Тирамоҳи соли гузашта масъулини Маркази таъмини бехатарии озуқаворӣ дар минтақаи Кӯлоб соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд. Бинобар иттилои дастрасшуда бинои нав бо харҷи 3 миллиону 840 ҳазор сомонӣ сохта шуда, бо тамоми шароити лозима муҳайё аст. Дар ин радиф барои масъулини маркази мазкур танҳо масъулият талаб карда мешаваду хизмати содиқона ба мардум баҳри таъмини амнияти озуқаворӣ. Аммо бояд ишора кард, ки дар самти таъмини амнияти истеъмолкунандагон чандин мушкилиҳо пеши роҳ аст, ки бояд кормандони марказ онҳоро мушикофона омухта дар пайи бартараф карданашон бошанд.

   Саттор Камолов, муовини сардори Маркази таъминоти бехатарии озуқаворӣ дар минтақаи Кӯлоб ба «Пайк» иттилоъ дод:

 “Дар давоми 11 моҳи соли ҷорӣ аз тарафи Маркази таъминоти бехатарии озуқаворӣ дар бозору нуқтаҳои савдои маводи озуқаи минтақаи Кӯлоб як қатор корҳо анҷом дода шуданд. Самтҳои асосии марказ назорат дар соҳаи бойторӣ, тухмӣ-фитосанитарӣ ва зотпарварӣ аст. Дар ин муддат дар соҳаи бойторӣ барои пешгирии бемории сӯхтании чорвои калони шохдор ба ҷойи 282 ҳ 870 сар эмгузаронии 887 ҳ 833 сар чорво иҷро гардид, ки 101% нақшаро дарбар мегирад. Оид ба ташхиси намунаи хун дар марказ дар минтақа ба ҷойи 45990, 46000 гирифта шуда санҷиш шуданд. Қайд кардан лозим аст, ки дар марказ оид ба назорат аз болои нуқтаҳои фурӯши маҳсулот ва воридшавии маҳсулоти хӯрокворӣ ба минтақа пурра зери назорати мутахассисони марказ қарор дорад.”

   То имрӯз маҳсулоти гӯштӣ 404 кг, шир 145 литр, равған 47 кг, моҳӣ, тухм 366 дона, асал 7 кг, маҳсулоти шӯрӣ 210 кг, маҳсулоти хушк 66 кг ва 2 тоннаю 800 кг меваю сабзавот бо сабаби бесифат будан дар нуқтаву бозорҳои фурӯши минтақаи Кӯлоб аз муомилот бароварда шуданд.

   Агар рақамҳои гуфтаи масъулро таҳлил намоем, барои мисол танҳо дар даҳ бозори шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб дар ёздаҳ моҳ 7 кг асал тақсими 10 ба сари ҳар як бозор 0,7 кг асали пастсифати аз муомилот бардошташуда рост меояд. Ҳол он ки дигар нуқтаву дӯконҳои фурӯши маҳсулоти хӯрокворӣ истисноянд. Ба ин монанд, агар 366 дона тухми мусодирашударо ба 10 тақсим намоем, ба сари ҳар як бозор 36, 6 дона тухм рост меояд, ки ин шумор хеле кам аст. Дар як бозор ё мағоза метавон чунин адади тухмро мусодира кард. Ё ин ки, агар 47 килограм равғани бесифати аз ҷониби мутахассисони маркази мазкур мусодирашударо ба сари ҳар як бозори дар минтақа (танҳо бозорҳои марказӣ дар назар аст) тақсим намоем, ба 4,7 литр баробар мешавад. Хонандаи нуктасанҷ худ дарк мекунад, ки ин арқоми ишорашудаи мусоҳиби моро, аниқтараш маҳсулоти дар 11 моҳи соли гузашта аз муомилот бардошташударо агар дақиқкоронаю софдилона корбарӣ намоӣ дар як бозор муайян мекунӣ, чӣ расад ба нӯҳ бозори боқимонда!

Барои ширфурӯшони дӯконҳои ширфурӯшӣ таъсис бояд дод

Яке аз вазифаҳои асосии кормандони Маркази таъмини бехатарии озуқаворӣ таъмини тозагӣ ва покизагии маҳсулоти ширӣ аст. Хуб назорати ин гуна маҳсулот дар мағозаву дӯконҳо аз як ҷиҳат осон аст, аммо ширфурӯшони кӯчагиро кӣ кафолат медиҳад, ки маҳсулоташон поку безарар аст?

   Ба иловаи Камолов:

«Ҳамаи ширфурӯшони кӯчагӣ зери назоратанд, ҳарчанд нуқтаи муайяни фурӯши маҳсулоти худро надоранд. Аз кадом ноҳияе, ки шир ба шаҳру навоҳии минтақа ворид мешаваду аз кадом ҳайвон ҷӯшида мегардад, назорат шуда, ба ширфурӯшон ҳуҷҷати семоҳаи аз гови солим будани шир дода мешавад.»

      Зери ин ишораи масъул бояд гуфт, ки ширфурӯшони дар назди собиқ универмаги «Равшан» буда ягон гуна ҳуҷҷати тасдиқкунанда надоранду эшонро касе аз масъулин контрол карда наметавонад. Зеро ҳар як ширфурӯш одатан ё шабона ва ё субҳи барвақт, ба қавле ҳатто хурӯс аз хобаш нахестааст, говҳоро ҷушида ширашонро ба бозор меоранд. Дар ин ҳол бовар нокарданист, ки корманди Маркази таъминоти бехатарии маводи озуқаи шаҳр ва минтақа субҳ хеста ба хонаи ширфурӯш равад ва фаҳмад, ки аз гови солим ё носолим шир ҷӯшида шудааст. Пас ширфурӯшонро касе назорат бурда наметавонад. Зеро онҳо ҷою макони аниқ надоранд ва ҳар куҷо ки хоҳанд маҳсулоти худро ба савдо мегузоранд.

   Пешниҳоди мо ҳамин аст, ки бояд дар шаҳр дӯконҳои алоҳидаи ширфурӯшӣ, муҷаҳҳаз бо яхдон кушод. Ин корро метавон ба воситаи идораҳои дахлдор (мисол Маркази таъминоти бехатарии озуқаворӣ) ва роҳбарияти шаҳр амалӣ намуд. Бигзор ширфурӯш ҳаққи дар яхдон гузоштани ширашро диҳад. Дар ин сурат назорат аз болои ширфурӯшони кӯчагӣ пурзур мешавад. Яъне ҳар нафари онҳо ширро оварда дар дӯкон мемонаду чанд литр ва аз куҷо оварданашро сабти ном мекунад. Харидорон бошанд саргардон нашуда, ширро аз як макон мехаранд. Дар сурати сабти ном кардан бояд масъулини дахлдор ҳар моҳ аст ё ҳафта маҳсулоти шириро бурда дар лаборатория санҷиш гузаронанд. Дар ҳолати пайдо шудани шубҳа метавон аз рӯи ному насаб ва суроға ба фурӯшандаи он муроҷиат кард. Дар ин миён бояд коре кард, ки бо мусоидати мақомот ҳамаи ширфурӯшони кӯчагӣ сабти ном шаванд. Фикр мекунам бо ин роҳ ҷиҳати истеъмоли шир метавон ҳуқуқи истеъмолкунандаро ҳимоя карду мардумро аз ҳар нав беморӣ наҷот бахшид.

Аз беназоратии савдогарон масъулин дилгиранд ё таслимшуда?

 Суоли дигари мо дар мавриди назорат аз болои савдогарони роҳравҳои назди бозорҳо аз ҷумла бозори «Саховат» дода шуд. Чун агар диққат диҳем дар роҳравҳо чӣ дар арафаи идҳо ва чӣ ғайри он савдогарон маҳсулоти худро қади роҳ мебароранд ва ҳам мутаассифона аз саҳар то бегоҳ рӯи маҳсулоташон кушода аст. Махсусан ҳар навъ хӯришҳо- дуғ  равғани маскава дигар маҳсулот дар болои мизҳои савдо болояшон кушода аст. Таври маълум бозорҳо ҳамарӯза серодаму пурталотуманд. Агар ҳар яки он аз назди маҳсулоти лучмонда гузарад, ҳазорҳо микроб рӯи маҳсулот ҷамъ мешавад. Барои пешгирии ин ҳолатҳо кӣ бояд корбарӣ намояд?

   Саттор Камолов, ин ҷиҳати масъаларо шарҳ дода гуфт, ки “дар ҳақиқат маҳсулоте, ки дар роҳравҳо фурухта мешаванд, онро баъди харидан ҳатман бояд шӯст. Савдои кӯчагӣ мумкин нест, чунки ҳам роҳравҳоро танг мекунанд ва ҳам дар шароити паҳншавии бемориҳои сироятӣ боиси зичии одамон мегарданд, ки хатарнок аст. Ин масъала проблема аст ва илоҷи онро касе ёфта натавонист.”

   Дуруст аст, ки баъзе маҳсулоти дар роҳравҳо ба фурӯш гузоштаро метавон шӯста баъд истеъмол кард. Масалан мевагиҳо ё картошкаю пиёзро тоза карда баъдан метавон пухт. Лекин хуришу дуғу дигар маводҳоро шустан имкон надорад ва чунин маҳсулот дар худ микробҳоро ҷо мекунанд! Чаро масъулин дар назорат ва таъмини бехатарии маводи озуқа дар чунин маконҳо дасткӯтаҳанду ҳатто таслим ҳам шудаанд, фикри солимии мардумро кӣ мекунад? Суолест, ки ҳамеша тақозои посух доданро дорад.   

                                             Худойдоди И