- Иҷтимоъ

БАР АСАРИ САДАМА ЯК ОИЛА БА ҲАЛОКАТ РАСИД

Пас аз як ҳафтаи иди Соли нав,  ки бо вуҷуди иди мо набудан хурду бузурги кишвар бо шодию нишот пешвоз мегиранд, дар деҳаи Қалъаи Дӯст, ҷамоати деҳоти Ваҳдати ноҳияи Деваштич мотам шуд. Аҷал ба оилаи  Шокироваҳо даст дароз кард ва якбора 5 нафар аъзои як оиларо, ки ҳамагӣ ҷавону миёнсол буданд   ба коми худ кашид. 

Яъне шоми 7-уми январи соли ҷорӣ дар километри 80 шоҳроҳи Душанбе-Хуҷанд–Чаноқ, мавзеъи Зимарғи ҷамоати деҳоти Анзоб садамаи мудҳиши нақлиётӣ рух дод ва аз шаш нафар ҳамагӣ як нафар ҷон ба саломат бурд, ки ӯ ҳам ҷароҳатҳои ҷисмонӣ бардоштааст.

Дар ин садама мошини тамғаи Opel Astra G, ки аз ҷониби Расулов Абдухалили 62-солаи  сокини  деҳаи Қалъаи Дӯст идора мешуд, ба ҷарии 400 метр сарозер шуд.  

Дар ин садамаи  пурқурбонӣ  5 нафар  ба ҳалокат расиданд, ки ба ғайр аз ронанда ҳама яъзои як оила ва сокинони деҳаи Қалъаи Дӯсти ноҳияи Деваштичанд.

Дар садама оидами калонсолтар ронанда Расулов аст ки 62-сол дошт ва ҷавонтарини ҳалокшудагон Сайидаи 9-сола аст, ки дар синфи дуюми  ММТУ № 12-и деҳаи Қалъаи Дӯст мехонд.  Дар баъзе аз сарчашмаҳои хабарӣ ин духтараки ғӯрамаргро 7-сола гуфтаанд, аммо бинобар иттилои наздикони марҳум Сайида 9-сола буда, дар синфи 2-юм мехондааст ва яке аз фаъолони синф будааст.

Ҳалокшудагон ба Душанбе назди духтур рафта буданд

Сайидаи ноком ҳамроҳ бо модараш -Шокирова Фарида ва холааш ба шаҳри Душанбе барои табобат рафта будаанд. Ба қавле, аҷал онҳоро пеш-пеш карда бегоҳӣ тахмин соати 17:00 ба роҳ мебароянд.

Яке аз хешовандони ҳалокшудагон  Воҳидов Шарифи 59-сола буд, ки    дар пеши ронанда  нишаста рафта буд ӯ низ ба ҳалокат расид.  Аммо баъди қариб ду соати роҳро тай кардан тахминан соати 18:50 дар километри 80 шоҳроҳи Душанбе-Хуҷанд–Чаноқ, мавзеъи Зимарғи ҷамоати деҳоти Анзоб мошини онҳо ба ҷарӣ сарозер шуда аз 6-нафар 5- нафар ба ҳалокат мерасанд.

Ҷасадҳои оғӯштаи хуни онҳоро наҷотдиҳандагони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷкистон бо ёрии таҷҳизоти гидравликӣ берун оварданд.

Ин оилаи мотамзада, ки якбора 5-аъзои оиларо аз даст дод, ягона фоҷиа дар деҳа нест. Пештар аз ин аз дуди ғализи ангишт якбора 4-5 нафар узви оилаи дигар ба ҳалокат расида будаанд. Бисёре аз ҳамдеҳагони Шокировҳо афсӯс мехӯранд, ки ин оила ҳамагӣ бо пули ночизи деҳқонӣ рӯз мебурданд як не ду бор  тундбоди марг бархоста онҳоро руфта бурдааст. 

Сайида дар синни 5-солагӣ, ки  ташнаи  меҳру навозиши падар буд аз сабаби ҷудо шудани волидонаш аз қиблагоҳаш маҳрум монд. Аммо баъди  4- соли  зиндагӣ дар хонаи бобо бибии модарӣ  ҳам аз модар маҳрум монду ҳам аз ҳаёт.

Некрӯз РАҲМАТОВ

Акс аз интернет