- Иҷтимоъ

«САХОВАТ» БО ДИРЕКТОРИ НАВИ КУҲНА ОБОД НАМЕШАВАД

Хонанда воқиф аст, ки аз боби бетартибиҳои бозори «Саховат»-и шаҳри Кӯлоб дар шумораҳои гузашта чанд мақолаи танқидӣ нашр гардида буд, ки баъди нашри матлаб баъзеашон роҳи ҳалли худро ёфт. Маврид ба зикр аст, ки дар гирду атрофи бозори «Матлуботи шаҳр» камаш 10 бозори хусусӣ фаъолият доранд, ки умуман ба талаботи санитарию эпидемиологӣ ҷавобгӯ нестанд. Чанд моҳи пеш Корхонаи «Хоҷагии коммуналӣ» дар шаҳри Кӯлоб баҳри тоза нигоҳ доштани бозор ва дар ҷуйбор напартофтани партовҳо дар назди бозор 100 метр пас қуттии партовпартоӣ гузоштанд. Лек ҳамоно вазъ таъғийр наёфтааст.

Меҳринисо Раҳимова, директори бозор мегӯяд, ки гӯё партовҳо аз Бозори «Абдухолиқ» ва «Деҳқонбозор» дохили оби ҷӯйбор ҷорӣ мешаванд. Партовгоҳи бозори «Саховат» ҳоли ҳузнагез дорад. Аз бемасъулиятӣ ва бепарвогии масъулини бозори фавқ партовҳо ҳатто ба роҳи мошингузар баромада истодаанд. Дар ҳоле, ки Меҳринисо Раҳимова мегӯяд, ки дар ду рӯз як маротиба партовгоҳро тоза мекунанд. Вале ин гуфтаҳои раисаи бозор ба ҳақиқат наздикӣ надорад.

                   Маълумотнома дигару нарх дигар

Чанд сол мешавад, ки бозори «Тоҷикматлубот»-и шаҳр дар анбор усулан маводи ѓизоӣ захира надоранд. Ба суоли «Чӣ қадар дар анбор захира доред?» хонума Раҳимова посух дод, ки захира доранд вале дар худи анборҳои «Тоҷикматлубот» ва илова кард, ки ҳар вақте лозим шавад, дархост мекунем. Баъдан ба мо мефиристанд». Бояд қайд намуд, ки захираи бозорҳо танҳо тариқи соҳибкорон аст. Яъне моли савдогаронро ҳамчун захираи бозор муаррифӣ мекунанд. Гоҳо молро бозор ба ҳайси захира маълумот медиҳаду соҳибкор онро дар як соат ба савдо мезанад, захира нест мешавад. Дар маълумотнома нархи маҳсулот дар бозори мазкур арзон дарҷ гардидааст. Масалан, гушти гов ба ҳолати 25.12.2020 1 кг аз 49 то 50 сомонӣ навишта шудааст. Вале мушоҳида кардем, ки дар нуқтаҳои гуштфурӯшӣ 1 кг гушт аз 52 то 53 сомонӣ нарх дорад, гусфанд то 56 сомонӣ. Як килограмм картошка аз 3,20 дирам то 3,50 дирам, аммо аз 3,50 то 4 сомонӣ фурӯхта истодаанд. Дар маълумотномаи пешниҳоднамудаи Меҳриниссо Раҳимова, раисаи бозор нархи 1 кг себ аз 5 то 8 сомонӣ навишта шудааст, дар асл аз 8 то 13 сомонӣ аст. Хуллас, маълумотномаи нарх бо нархҳои бозори мазкур рост намеояд, балки фиреби назар аст. То ба кай ба чашми масъулин бо чунин бемасъулиятӣ хок мепошида бошанд?

Одатан дар мо як анъанае ҳаст, ки пеш аз ҷашни солинавӣ ва ё дар дигар идҳо нархи маҳсулотро савдогарон то ба ҳадди мехостаи худ боло мебардоранд. Фикр намекунанд, ки аз сарватмандҳо дида оилаҳои камбизоат зиёд. Онҳо низ ҳавас мекунанд, ки бо аҳли оила як дастрахони фақиронае ороянду соли навро ҷашн гиранд. Аммо 1 кг гушт 53 сомонӣ  аст, ки на ҳама бо чунин нарх қудрати харидорӣ кардан доранд. Ё ин ки 1 кг себ 13 сомонӣ. Нархи маҳсулотро дар бозор назорат бояд кард.

Директори собиқ масъулият шинос шуда баргашт

Меҳринисо Раҳимова, зимни мусоҳиба гуфт, ки аз барқ қарздор нестанд. Дар ҳоле, ки Ҳамидулло Ғафуров, муовини директори ҶСК «Шабакаҳои барқи шаҳри Кӯлоб» иттилоъ дод, ки зиёда аз 250 ҳазор сомонӣ бозори «Саховат» аз барқ қарздор аст.

Чанд соли пеш ҳам Меҳринисо Раҳимова дар ҳамин бозор директор шуда кор мекард. Дар ҳамон шабу рӯз бар асари бетартибию бемасъулиятӣ бозор оташ гирифта батамом сухт. Натиҷа ҳамин шуд, ки Раҳимоваро аз кор пеш карданд. Баъди чанд сол ҳамин директор шояд масъултиятшинос шуд, ки дигарбора раиси бозор таъин гашт, гӯё дар сартосари минтақаи Кӯлоб кадри дигар ёфт нашавад. Ҳоло масъулини бозор аз рӯйи мақоли «моргазида аз банди ало метарсад» амал карда як мошини сухторхомушкуниро дар назди бозор гузоштаанд. Вале роҳрвҳои бозор ончунон бетартиб ва пуранд, ки аробаҳо базур мегуранд, куҷо расад ба мошини оташхомушкунӣ. Барои роҳ кушодан дар сурати сар задани хатар, камаш ду соат лозим мешавад, ки роҳи мошини оташхомушкуниро кушоянд.

«ПАЙК» мавзӯъро пайгир аст.

                                                         Суннати Содиқ «ПАЙК»