- Иҷтимоъ

Се зан ва сӣ мард дар фейсбук чӣ кор мекунанд?

-“Дар фейсбук нафаре тасодуфӣ ё барқасдона аксро гузошта  гуфтааст, ки “3 коргару якчанд корфармо”, ки бо ин кор воҳима  барангехтааст. Аммо дар асл ин хел нест. Фақат ҳамон се нафар зан барои  иштирокчиёни семинари таҷрибавии кишоварзони вилоят шинонидани  картошкаро нишон доданд. Ин занҳо нишон доданд, ки ҳамчун таҷриба бояд  ҳангоми кишти картошка ин хел кор бояд кард.(Во аҷабо! Зан ба мард кишту корро ёд медодааст) Аммо дар шарҳ ба ҳамин акс  нодуруст фикрронӣ карда истодаанд. Мо бо масъулини худомон суҳбат карда  гуфтем, ки ба мардум шарҳ диҳед, ин сурат нодуруст баҳс мешавад”.

Ба гуфти раҳматии бобоям инсони   комил пеш аз айби касонро гуфтан айби худро дарк мекунад. Ин кормандони нокомили ҳукумати шаҳри Конибодом бар замми он ки дар пеши як туда мард се занро “умма-нимхам” карда машғули картошкашинонӣ  кунониданд, боз  гуфтаанд,  ки  “сурат нодуруст баҳс мешавад”.

Маҳмудов мегӯяд, ки мо акнун ба мардум тариқи шабакаи фейсбук  фаҳмонида истодаем, ки мабодо раҳгум назанеду инҷо бародаро як семинари  омӯзишӣ буд, ин занҳо танҳо тарзи шинонидани картошкаро нишон доданд.

-Ҳаҳаҳаҳа- ин шарҳи Маҳмудовро фаҳмидан аз шиддати ханда ду дандони ҷунбонакам афтид. Охир аз одаму олам пайдо шудааст, ки зан барои кори хона буду мард барои кори саҳро. Шинонидани картошка ҳам кори саҳроӣ аст ва бешак вазифаи асосии мардҳост. 

Матлабро ба пуррагӣ ҳафтаи оянда дар ҳафтаномаи “Пайк” мутолиа фармоед.

                                                      Фарзона Муродӣ