- Иҷтимоъ

ДАР БАЛҶУВОН БИНОҲОИ ОБОД ГАШТАНД ХАРОБ

Дар ноҳияи дурдасти кӯҳистони Балҷувон ҳам бо талаби Президент Эмомалӣ Раҳмон 10-ҳо корхонаҳои хурду миёна ва иншооти варзишӣ сохтаанду дар сафари кории Президент дар моҳи августи соли пор, якчанд аз ин иншоот «мавриди истифода қарор гирифт».  Яке аз ин иншоотҳо, ки бо дабдабаю ҳаёҳуйи зиёд ва бо равияи рамзӣ, лентабурию ба истифода додан аз ҷониби Президент роҳандозӣ гашт, ин Маҷмааи варзишӣ буд. Мусаллам аст, ки Раисиҷумҳур аз сохтмони ингуна варзишгоҳ дар як кӯҳистон хеле хушнуд гардида буд ва роҳбарияти Мақомоти ичроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Балҷувон ҳам бо сардории раисаш Шералӣ Ҷалилзода ва ҳам соҳибкори боирода Шермуҳаммади Шоҳиён аз ифтитоҳи чунин маҷмаа ифтихор доштанд. Аммо, мутаассифона бо анҷоми сафари кории Сарвари мамлакат, дари Маҷмааи варзишӣ ҳам ба якборагӣ қулф зада шуд ва дигар то ба имрӯз, тақрибан 1-солу 5-моҳ, онро ба рӯйи на варзишгарон ва на сокинони ноҳия накушодаанд. Вақте мо аз ин Маҷмааи варзишӣ дидан намудем, дарҳои он маҳкам буду на даруни он, на саҳни ҳавлӣ нафаре набуд. Балки мотамсароеро мемонд, ки аз бом то ба зери бино (албатта, беруни бино) пур аз чангу лойу гил буду  сурати бузурги тахминан 20-метраи Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон, ки бегумон ҳамон моҳи августи соли 2019 гузошта будаанд, бо рамкаҳои (чорчӯбаи сурат) шикаставу сурати аз тобиши офтобу шиддати барфу борон зарду нохуб гашта, бо хорӣ ва каҷу килеб дар шафати даромад, бари девор ростгузошта,меистод. Мо ин манзараро акс гирифтем, вале ба хотири эҳтиром аз Пешвои муаззами миллат наметавон онро дар саҳифаи газета нашр кард. Ин дар ҳолест, ки Маҷмааи мазкур ҳамагӣ камтар аз 150-метр дуртар аз бинои Мақомоти ҳукумати ноҳия қарор дорад ва ҷаноби Ҷалилзода, раиси ноҳия, бо ҳама масъулиятҳои зиёдаш, метавонад рӯзе 1-бор бемалол ва ташвиши зиёдатӣ онро бубинад. Дар ҳоле, ки 1-бинои бузурги варзишӣ бо масрафи маблағи зиёд дар партави сиёсати созандагиву бунёдкории Пешвои миллат сохта шудаву «ба истифода дода шуд», чаро Ҳукумати маҳаллӣ онро ба истифода додан намехоҳад?

 Матлабро ба пуррагӣ ҳафтаи оянда дар ҳафтавори «Пайк» мутолиа кунед

Аслиддин Достиев